АФСАРИ НАЗМУ СУХАН. Ба муносибати 100-солагии Муҳиддин Фарҳат.
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар мактуби кушодаи худ аз 12 декабри соли 1948 ба Пӯлод Толис чунин навишта буд: «Рафиқ Толис! Ман аз ин пеш ҳам дар забони «адабӣ»-и баъзе ҳаваскорони нависандагӣ ингуна ҳолатҳоро (истифодаи нодурусти лаҳҷаҳо. – С.М.) дидаам. Аммо азбаски муаллифони онгуна порчаҳо кирои гап заданро намекарданд, ман дар бораи онҳо чизе нагуфта будам. Аммо Шумо, Фарҳат ва Шукӯҳӣ чизи дигаред. Забони адабии тоҷик аз шумо, ҷавонон, сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор аст».
Пешгӯиҳои устоди сухан исбот шуданд. Суханони гарму падаронаи ӯ ба ҳар се адиби ҷавон болу пар бахшид, мурғи илҳоми онҳо дар осмони кушоди насру назм озодона парвоз кард ва ниҳоят, тавассути эҷоди эшон адабиёти ғании тоҷик ғанитар гардид.
Муҳиддин Фарҳат аз ҷумлаи хушбахтоне буд, ки устод Айнӣ бо навиштаҳои ӯ шиносоӣ ва ба онҳо назари нек дошт. Вагарна дар қатори Толису Шукӯҳӣ ном намегирифт.
Ман устод Садриддин Айнӣ ва Пӯлод Толисро бевосита аз наздик надидаам. Аммо бо Аминҷон Шукӯҳӣ аз соли 1959 ва бо Муҳиддин Фарҳат аз соли 1961 то нафасҳои вопасинашон шиносоӣ доштам. Агар А. Шукӯҳиро аз нахустин устодони худ хонда бошам, М. Фарҳат ҳар шеъри чопшудаамро аз рӯзномаву маҷаллаҳо мехонд ва ҳангоми вохӯрӣ аз ҳусну қубҳи онҳо сухан мекард, аз пешравиам шод ва аз хатоҳои дар вазну қофия роҳдодаам ғамгин мешуд. Ҳарчанд бевосита дастнависамро нахонда буд, вале кумакашро аз ман дареғ намедошт. «Аз ман ҳам» гуфтанам беҳуда нест. Ӯ дастгиру мададгори бисёриҳо буд. Ба ибораи дигар, ҳар кас сухан мепарварид, ӯ қадр мекард ва аз эшон мадади худро дареғ намедошт. Қисме аз шогирдони М. Фарҳат баъдтар худ ба дараҷаи устодӣ расиданд, соҳиби унвонҳои олӣ шуданд. Ҳоло низ чанд тан аз дастпарваронаш дар хидмати адабиётанд ва бори сухан ба дӯш доранд.
М. Фарҳат, ки солҳои зиёд дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси сармуҳаррир кор мекард, нахустин маҷмуаи ашъорам «Заврақи умед» соли 1967 бо таҳрири ӯ рӯи чопро дид. Ба ин васила банда ҳам дастгирию меҳрубонии шоирро дида будам. Чанд рӯз пеш ба умеди таҳияи китоби нави М. Фарҳат маҷмуаҳои ӯ, аз ҷумла мунтахаботи «Рӯди кӯҳӣ»-ро, ки соли 1967 ба табъ расидааст, ба даст гирифтам. Дар китоб сатрҳои зер чун соядаст омадаанд:
Ниҳоле гар шавад сарсабзу шодоб,
Нишоти боғбон дар дил нагунҷад.
Барад ҳар мевааш то аз шафақ тоб,
Ҳазорон роҳи парвардан бисанҷад.
Ёдам омад, ки соли 1967 ман дар радиои тоҷик кор мекардам. М. Фарҳат рӯзе ба идораи мо омад ва баробари китоби «Рӯди кӯҳӣ»-яшро бо соядаст тақдим кардан, боз дастнависи ҳуруфчинишудаи ғазалиёти Нодираро ба дастам дода хоҳиш кард, ки чун муҳаррир хонам, хатоҳои аз тасҳеҳгар гузаштаро ислоҳ намоям ва дар як вақт бо эҷодиёти ин шоираи хушкалом шинос гардам, чизе омӯзам.
Дар ҳақиқат, М. Фарҳат дар боғи адабиёт боғбоне буд, ки худ ҳам дарахти шеър месабзонду ҳам ниҳолони дигарро нигоҳубину пайвандӣ мекард, то беҳтару бештар самар оранд.
М. Фарҳат соҳиби табъи равону шоири равшанбаён буд. Аз ӯ шеърҳо ва тарҷумаҳои зиёде ба ёдгор мондаанд. Ӯ муаллифи чанд маҷмуаи ашъор, аз ҷумла «Гулҳои шодӣ», «Дӯст медорам», «Назми озодӣ», «Таронаҳои муҳаббат», «Рӯди кӯҳӣ», «Чашмаи баҳор», «Китоби дӯстӣ» ва ғайраҳо мебошад. Барои бачагон низ китобҳои алоҳида нашр кунондааст.
Тарҷума дар эҷодиёти М. Фарҳат мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ӯ асарҳои А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, адибони собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз қабили П. Тычина, Ғ. Ғулом, Т. Жароков, Я. Райнис ва ғайраро ба тоҷикӣ гардонидааст. Тарҷумаи романи манзуми А. С. Пушкин «Евгений Онегин» низ ба ӯ тааллуқ дорад. Аз осори безаволи Шекспир низ намунаҳо тарҷума кардааст.
Шеърҳои ҷудогонаи М. Фарҳат ба забонҳои русӣ, украинӣ, беларусӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, туркманӣ ва молдавӣ гардонда шудаанд. Маҷмуаи шеърҳои ба русӣ тарҷумашудаи ӯ «Ҳаёт, ишқ ва орзу» ном дорад.
Муҳиддин Фарҳат иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дар муҳорибаҳои шадиди Витебск, Пинск, Шяуляй ва Кёнигсберг иштирок кардааст. Бо нишонҳои ҷангӣ, нишони «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Ӯ, ки дар саҳни ҷанг сарбози шуҷоъ буд, дар майдони адабиёт низ бо садоқат хидмат кард. Хидматҳои ӯ пеш аз ҳама асарҳои баёдгормондааш мебошанд, ки боз солҳои зиёд наслҳои ояндаро тарбия мекунанд, номи шоирро зинда медоранд.
Сайидалӣ МАЪМУР,
Шоири халқии Тоҷикистон