АТОБОЕВ АБДУСАЛОМ

АБДУСАЛОМ АТОБОЕВ 20 апрели соли 1934 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом чанде дар зодгоҳаш муаллимӣ кардааст.

Соли 1958 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро ба поён расондааст.

Муддате дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи «Машъал» кор кадааст, чанде сармуҳаррири бахши репертуари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон будааст.

Аз солҳои 60-ум ба кори эҷодӣ пардохтааст.

Аввал очерку ҳикоя менавиштааст, ки чанде аз онҳо дар моҳномаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Гулистон», «Машъал» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ нашр шудаанд.

Осори мансураш дар китобҳои «Вохӯрӣ бо падар» (1976) ва «Шиносоӣ» (1978) ба табъ расидаанд.

Муваффақияти ӯ бештар дар драматургия ба чашм мерасид, ки намоишномаҳои «Суруди нотамом» (1991); «Иллоанта» (1972), «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1975), «Телеграмма ба Ленин» (ҳамроҳи Ғанӣ Абдулло, 1976), «Имтиҳон» (1977), «Қиссаи аввалин» (1978) ва «Қиёми Лоҳутӣ» (1976) гувоҳи онанд.

Матни чанде аз намоишномаҳояш дар китоби «Вохӯрӣ бо падар» (1975), «Намоишномаҳо» (1977) ва моҳномаи «Садои Шарқ» ба табъ расидаанд.

Барои радио повести Садриддин Айнӣ «Ятим»-ро инсенировка кардааст.

Асарҳои алоҳидаи Ю.Бондарев, И.Вазов, О.Вайлд ва И.Қосумовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 апрели соли 1986 аз ҷаҳон даргузашт.

Дигар хабарҳо