АРЗИ СИПОС

Ба Муовини якуми Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам

Раҷаббой АҲМАДЗОДА

Давлату Ҳукумати мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумўи адабиёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва ин дар корҳои амалии мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ равшан инъикос меёбад.

Дар ин замина ҳамкориҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Иттифоқи нависандагон дар сатҳи баланд қарор дорад ва барои ин мо бахусус аз Шумо миннатдорем. Нашри осори нави адибон, дастгирии нашрияҳои адабӣ, мулоқотҳои доимии шоирону нависандагон бо қишрҳои

гуногуни ҷомеа, таҷлили ҷашнҳои аҳли адаб, тарҳрезии бинои нави шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз корҳои мушаххасеанд, ки дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат бо таваҷҷуҳи пайвастаи Шумо сурат мегиранд.

Баргузории мукаррари Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон ва таҷлили 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ таҷассуми равшани ин ҳамкориҳост, ки бо иштироки Шумо дар сатҳи бисёр баланд доир гардиданд. Агар машварат майдони зуҳури истеъдодҳои нав шуда бошад, ҷашни шоири маҳбуби халқ ба адибони ҷавон аз хизмату садоқат ба халқу Ватан ва қадрдонии ҳунар аз ҷониби миллату давлат сабақи фаромўшнопазир дод.

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Бори дигар аз Шумо, Раиси муҳтарам ва дар шахси Шумо аз ҳамаи онҳое, ки дар чорабиниҳои мазкур саҳм гузоштанд, ташаккур мекунем, дар фаъолияти созандагиву ободкориатон ба нафъи халқу давлат муваффақиятҳои нав ба нав мехоҳем ва изҳор медорем, ки Иттифоқи нависандагон ба ҳамкориҳои барои рушди адабиёт ва тарбияи завқи баланди ҷомеа судманд ҳамеша омода аст.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо