Андалеби боғи маънӣ

 Андалеби боғи маънӣ

Ҳунарманди воқеан ҳам мардумӣ, овозхони маъниса­ро, Маъруфхоҷа Баҳодуровро бо овози қавию марғуладор ва таронаҳои пурҳикматаш ман аз овони хурдсолӣ дӯст медо­штам. Бобои модариям Мулло Шоҳӣ ба сурудҳои Маъруф­хоҷа Баҳодуров муҳабба­ту алоқамандии беандоза доштанд. Азобу машаққати зиёд он қадар дили бобоямро ранҷуру нозук карда буд, ки бо мутолиаи ғазалҳои Ҳофизу Бедил ва шунидани сурудҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров, Бой­муҳаммад Ниёзов, Ҳусейн Насриддинов ва дигар ҳо­физони маънисаро беихтиёр мегиристанд. Дар таъсири ин алоқамандиву муҳаббати бобоям ман низ шайдову мафтуни чакомаҳои диланге­зу руҳнавоз ва сабку услуби сарояндагии Маъруфхоҷа Баҳодуров будам.

Ман бо ин овозхон борҳо дидор дидаву аз файзи суҳ­баташ бархурдор шудаам. Бо дилу сиришти кӯдакона бисёр марди хоксору дидадаро, ин­сони ҳалиму меҳрубоне буд.

Дар рӯзи ифтитоҳи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон (соли 1987), ки бунёдгузори он шои­ри маҳбуби мо Гулрухсор буд, дар радифи меҳмонони басо муътабар аз кишварҳои Эро­ну Фаронса, Чехословакияву Олмон, Амрикою Ҳоланд ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ (Ричард Фрай, Манфред Ло­уренс, Иржа Бечка, Тураҷи Атобакӣ, Масъуди Миршоҳӣ, Неъмат Мирзозодаи Озар) Маъруфхоҷа Баҳодуров низ ширкат варзида ба Бунёд якчанд дастхати нодир туҳфа кард.

Ман чун ровии он маҳфи­ли басо пуршукӯҳу нуронӣ аз суҳбату суханрониҳои адибон ва донишмандони саршиноси забону адаби форсӣ баҳраҳо мебардоштам. Нек дар хо­тир дорам, ки ҳунарнамоии Маъруфхоҷа Баҳодуров бо як сози мусиқӣ (танбӯр) ва оҳан­гҳои басо ҷолиби классикӣ бо матни ғазалҳои пурҳикмати ниёкон ва садои гирои ӯ ҳамаи меҳмонони маҳфилро ба ваҷд овард.

Дар фурсати муносиб ман ба Маъруфхоҷа Баҳодуров аз бобои раҳматиям ва рағбату алоқамандияшон ба таро­наҳои марғуби ӯ ёдовар шу­дам. Маъруфхоҷа Баҳодуров бо як меҳру хоксории ба худ зебанда, бо эҳсос қиссаи маро роҷеъ ба тақдири бобоям гӯш карда, бо дард иброз дошт, ки замоне ӯро ҳам бадарға кар­да буданд. Дар тули ин солҳо Маъруфхоҷа Баҳодуров дар шаҳри Тошканд дар гурӯҳҳои ҳунарии Кумитаи садову си­мои назди Ҳукумати Ҷумҳу­рии Ӯзбекистон фаъолият карда, ба дарёфти унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбеки­стон низ шарафёб гардидааст. Ҳамчунин, бо лутфу даст­гирии ректори Донишкадаи тиббии шаҳри Тошканд, ки мухлиси ашадии ҳунару овози Маъруфхоҷа Баҳодуров буда­аст, ӯ факултаи фарматсевтии Донишкадаро бо ихтисоси дорусоз хатм кардааст.

Маъруфхоҷа Баҳодуров бо маҳорату истеъдоди табииву худодод, сабку услуб ва мак­таби эҷодии ҳунармандони гузаштаи мо, хоса Содирхони Ҳофизро идома бахшида, мактаби эҷодии худро бунёд гузошт. Дар баробари басо ҳунармандона иҷро кардани таронаҳои классикиву суру­дҳои “Шашмақом”, ҳамчунин дар сабки мусиқии суннатии мо худ оҳангҳои зиёде бар ашъори шоирони бузурги тоҷик офаридааст, ки онҳо чун ганҷи бебаҳое хазинаи тиллоии мусиқии миллии моро ғанӣ мегардонанд. Ӯ аз зум­раи овозхонони камназири мо буд, ки ба баҳри маъниву ҳикмати ашъори Саъдиву Ҳофиз, Аттору Мавлоно, Шайх Камолу Ҷомӣ, Сойибу Бедил ва дигар бузургони фазлу адаб ба хубӣ ғӯтавар гашта, дурдонаҳои панду андарзи ононро тавассути чакомаҳои руҳнавозу дилнишин ба гӯши қалбҳо мерасонд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷи­кистон Ҷамшед Исмоилов қис­са карда буд, ки боре замони муовини вазири фарҳанг бу­данаш ба Кӯлоб саросемавор равона будааст. Ин ҳангом дар даромадгоҳи вазорат бо Маъруфхоҷа Баҳодуров вомехӯрад, ки барои коре ба ҳузури ӯ омадааст. Ҷамшед бо таассуф аҷала доштана­шро баён карда, ӯро барои ширкат дар маъракаи шодии дӯсташ даъват менамояд. Маъруфхоҷа Баҳодуров бе ягон дудилагӣ ин даъватро мепазирад ва танбӯри худро гирифта, ҳамроҳ бо Ҷамшед ба Кӯлоб меравад. Дар Муъ­минобод ҳунармандро хеле хуш истиқбол гирифта, дар маҳфили шодӣ такрор ба такрор сурудхонии ӯро талаб мекунанд. Ҷамшед бо ҳаяҷону эҳсоси ифтихор нақл мекард, ки чунин истиқболу алоқаман­диро ба ҳунару сабки сароян­дагии Маъруфхоҷа Баҳодуров дар минтақаи Кӯлоб чашмдор набуд.

Бале, ҳунару истеъдоди асил, суруду таронаҳо бо ашъори ноб, бо ҳикмату маъ­ниҳои баланд дар ҳама ҷо писанди хосу ом аст. Устоди бузурги мақомсаро Маъруф­хоҷа Баҳодуров бо дарки маъниву фалсафаи шеър ҳар як калимаву ибораи ғазалро, ҳикмату андарзи шоирро аз таҳти дил ба гӯши шунаванда мерасонид.

Устоди зиндаёди мо Маҳрам Файзов дар Дониш­кадаи санъат зимни тадриси фанни нутқи саҳнавӣ ба мо, шогирдон, талқин мекард, ки тарзи дурусти истифодаи нафас, усули фаннии овоз (техникаи овоз) ё қавӣ гардо­нидани “кунда”-и овозро бояд аз Маъруфхоҷа Баҳодуров омӯхт. Овози ӯ на аз гулӯ, балки аз умқи вуҷудаш, пар­даи ҳоҷиз (диафрагма) сар­чашма гирифта, авҷи суруду таронаро бо ҳама нозукиҳои санъати сарояндагӣ мукаммал мегардонад.

Сурудаҳои ӯ ба мисли “Баёт”, “Шаҳноз”, “Шаҳнози Содирхон”, “Чапандози Со­дирхон”, “Гулёри Содирхон, “Гулёр”, “Чоргоҳ”, “Ушшоқ”, “Нимчӯпонӣ”, “Ироқ”, “Дугоҳ” ва оҳангҳои эҷодкардааш “Фидои ту” (ғазали Бедил), “Дилбари ҷонони ман” (ғазали Ҳофиз), “Тасаддуқ” (ғазали Машраб), “Эй дил, хамӯш шав” (шеъри Лоҳутӣ) ва ғайра ганҷи бебаҳои хазинаи тил­лоии мусиқии суннатии тоҷик маҳсуб мешаванд.

Коргардони маъруфи теа­три тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убай­дуллозода, ки ошиқи таро­наҳои Маъруфхоҷа Баҳодуров аст, ҳамеша ба шогирдонаш талқин мекунад, ки завқу са­лиқаи худро бо сурудаҳои ин устоди беназири мусиқии классикӣ сайқал дода, мукам­мал намоянд. Ӯ ҳатто машқу тамрини худро бо шунидани таронае аз осори Маъруф­хоҷа Баҳодуров ҳусни оғоз мебахшад.

Умедворам, ки дар коллеҷу мактабҳои мусиқӣ, дар Дониш­кадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консер­ваторияи миллии Тоҷикистон аз шумори наврасону ҷавоно­ни соҳибистеъдод пайравону шогирдони мактаби эҷодии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров ба камол мерасанд ва ин мактаби бузурги ҳунариро идома ва такомул бахшида, руҳи бу­зургони ҳунари асилро шоду гиромӣ медоранд.

Ортиқ Қодир,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо