Амонбой Ҷуманов. МЕҲРИ МОДАР

(Лавҳаҳои хурд)

Ними шаб. Ҳама дар хоби ширин. Шуҳратҷони панҷсола аз хоби ширин бедор шуда «Модарҷон! Об — об»- гӯён фарёд зад.

Модар дарҳол аз тоқча чойникро гирифта ба фарзандаш чой дод. Писарбача онро қулт-қулт нӯшида боз ба хоб рафт.

Ба хаёл рафтам. Аз бетобии як пиронсол – ҳамдеҳаамон бохабар шуда, ба аёдати вай рафтем. Ҳарорати бемор бениҳоят баланд буду ҳеҷ касро намешинохт, лекин «Модар, модарҷон» гуфта нолиш мекард.

Эҳ! Модар! Модарҷон! Аз кӯдакӣ то пиронсолӣ ҳамеша туро ба хотир меоранд. Ба меҳри ту дар дунё чизе баробар шуда наметавонистааст. Илоҳо, ба бахти фарзандонат доимо сиҳат ва саломат бошӣ, модарҷон!

СУРУДИ ДИЛБАР

Ҳозиракак аз автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ” ҳамсарамро фуроварда, ба дасти ҳамшираи шафқат супоридам. Барои сигоркашӣ ба берун баромадам. Субҳи зебои ҳаловатбахше буд. Ба таровати субҳ шилдироси об ва дар шохи дарахт бозии ду мусича файзи бештар мебахшид. Аз ҳавлии ҳамсоя мусиқии дилошӯб шунида мешуд. Фаррош аз ҷӯй об гирифта, ба роҳрав об мепошид. Ман ба харак нишаста, ба фарзанди нав ба дунё меомадаамон номи мувофиқ мекофтам.

Ҳамин дам аз қабати болои бино овози гиряи тифл ба гӯш расид. Ин гиря зеботарин гиря буд, ки ба кас ҳаловати бениҳоят мебахшид.

Ҳа, дар дунё зеботарин гиря, гиряи кӯдаки навзод мебошад! Ҳа, ҳамин хел!

САБАҚ

Аз Бешкаппа бармегаштем. Ба Уртақайнар рафтанӣ шуда, дар сари роҳ истодем. Намози аср наздик мешуд. Лекин аз дуру наздик ягон мошин дида намешуд ва ҳатто овози он ба гӯш намерасид. Дар лаби кӯча пӯчоқҳои тарбузи суп-сурх, ки шояд аз бағали касе ғалтида бошад, чор тараф парешон буданд. Соҳиби тарбуз шояд аламдор бошад, ки ҷамъ кардани онро фаромӯш кардааст.

Ба гӯшам як нидо омад:

— Рав, ҳамин пӯчоқҳоро барои савоб гиру ҷамъ куну як сӯ мон.

Ман ҳамин тавр ҳам кардам. Эҳтиёткорона пӯчоқҳои майдашудаи тарбузро аз кӯчаи калон берун бурда истода будам, ки нафаре овоз дод:

— Ҳой нодон! Ин корро накун, ба ту чӣ даркор. Беҳтараш аз роҳат намон.

Ман дар ҳайрат мондам. Ба садои дилам ё ба гапи ин одами нодон гӯш кунам. Ҳайрон, намедонистам чӣ кор кунам.

Ғарқ дар баҳри андешаҳо будам, ки аз тарафи қишлоқ як ҷавони дучархасавор пайдо шуд. Вай дучархаашро ба замин хобонда, пӯчоқҳои тарбузро бо ҳавсала якто-якто чида ба таги дарахт бурда монд. Сипас савори дучарха шуду дар як дам аз назар ғоиб гашт.

Кори ин ҷавонмарди рустоӣ якумр барои ман сабақ шуд.

МАСЛИҲАТ

«Хар аз харгала монад, ёлу думаш мерезад» – гуфтагӣ барин Шермат-бобо ҳарчанд, ки ба харидорӣ кардани манзили нав эҳтиёҷ надошт, вале аз тарафи дарё, аз хонаҳои баландошёна, аз қабати ҳаштум хонаи сеҳуҷрагӣ харид.

Дар чойхона ба дӯстҳояш то монда шудани даҳонашон ин корашро таъриф мекард.

— Эҳ, ба шахси ин хонаҳора сохта раҳмат. Обро бин. Ба тарафи рост бардорӣ, оби хунук, ба чап бардорӣ, оби гарм. Дар бораи гармӣ бошад, ҳоҷати гап задан ҳам нест, на ҳезум даркор, на ангишт, на чангу ғубор. То ҳамин вақт ба даҳон об гирифта гашта будем-да. Ба ванна оби гармро пур карда пойҳоятро дароварда шинӣ, куҳнатарин касалиҳои дарди пой нест мешаванд. Илоҷашро ёфта, шумо низ харидорӣ кунед, – гӯён ба ҳама маслиҳат медод.

Дар таърифи худ бобои Шермат устухон надошт. Лекин имсол тафташ суст, ким-чи хел шудагӣ барин. Наздиктарин дӯсташ Холмат-ако аз рафтори бобои Шермат, аз паст шудани шасташ, хавотир. Дар чой­хона танҳо буданд. Аз ин истифода бурда, он кас ба дили Шермат чанг андохтанд.

— Дӯстам, ман бо кампирам камтар маблағ ҷамъ кардем. Чӣ мегӯӣ, ки мо ҳам як хонаи нав харидорӣ намоем?

— Ҳай, ҳай дӯстам. Ҳеҷ вақт ин корро накун, – гуфта ба атроф хавотиромез нигоҳ кард. Гӯё ки ким-кӣ ин сирро шунида истода бошад.

— Сексия мол набудааст. Дар гармӣ гарм, дар хунукӣ хунук, – оҳиста гапро cap кард Шермат. Ҳамин зимистон мо қариб мурда будем. На оби гарм ҳаст, на хунук. Ба болои ин барқро гоҳ мекушанд, гоҳ дармегиронанд. Яхдони таппа-тайёр. Рӯзе ба хона меҳмон омад. Зирбаки ошро омода накарда, газро куштанд. Ба куҷо бурдани дегро надонистем. Бар замми ин лифт кор намекунад. Масъалаи ҳезумро худат медонӣ. Дар назди меҳмон шарманда шудам, аҳ напурс. Хайрият, ки дар термос чой будааст, меҳмонро як илоҷ карда бо чойи нимгарм гусел намудем.

Ҳа, дӯстам, ана ҳамин хел гапҳо. Ақлат бошад, асло ин корро накун. Ба сари худат ғавғо нахар.

Тарҷумаҳои А. Ҳамдам  ва Ф. Нозим

Дигар хабарҳо