АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ
АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ 28 октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омада, баъди хатми мактаби миёна (1967) донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст ва соли 1972 ба итмом расондааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1972, дар шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносии АИ ҶТ ба ҳайси лаборанти калон ба кор пардохта, то мудири шуъбаи мазкур (солҳои 2000-2012) ба камол расидааст. Ҳоло ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ мебошад. Соли 1987 дар Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар мавзӯи «Асадии Тӯсӣ ва «Гаршоспнома»-и ӯ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Доманаи фаъолияти илмию эҷодии ӯ васеъ буда, дар бахши таҳқиқу адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва эҷоди осори манзум қувваозмоӣ дорад. Тадқиқоти ӯ «Муносибатҳои дӯстона ва равобити эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ» (1990), «Асади Туси и его эпическая поэма «Гершасп-наме» (1994), «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (Теҳрон, бидуни соли нашр; дар ҳамқаламии Ҷ.Назрӣ)», «Таърихи адабиёти форсӣ» (Кобул; 2009, дар ҳамқаламии Р. Ҳодизода) ва «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (2014, дар ҳамқаламии Ҷ.Назрӣ) ба баррасии паҳлӯҳои камомӯхта ё омӯхтанашудаи адабиёти форсии тоҷикӣ бахшида шудаанд.
Барои бори аввалин чеҳраҳои номаълуми адабиёти форсии тоҷикӣ, монанди Мазмуни Зарободӣ, Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Нозеҳи Пасрӯдӣ ва Мирзолатиф Раҳимзодаро кашф намуда, намунаҳоеро аз осори эшон, монанди китоби «Соати саъд»-и Мирзолатиф Раҳимзода (1997), «Гузидаи ғазалиёт»-и Мазмуни Зарободӣ (2002), «Муфиз-ул-анвор ва девони ашъор»-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ (Маскав, 2003; дар ҳамкории Бӯрии Бачабеки Карим) ва «Насими Пасрӯд»-и Нозеҳи Пасрӯдӣ (2013) ва ғ. аз нусхаи қаламӣ ба ҳуруфи кириллӣ баргардон кардаву дар ихтиёри ҳамзабонон гузоштааст.
Илова бар матнҳое, ки зикрашон гузашт, дар таҳияву омода сохтан ва дастраси аҳли таҳқиқ ва дӯстдорони адабиётамон гардонидани мероси ниёгон, монанди ҷилди панҷуми «Гулшани адаб» (1980), «Девони форсӣ»-и Фонӣ (ба ҳуруфи форсӣ, 1987), «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол (Исломобод, 1997), «Илоҳинома»-и Шайх Аттор (2000), «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ (бо ҳамкории Б.Ализода; Теҳрон, 2001), «Шоирони Мовароуннаҳр», (2006), «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор (2007), «Ҳазору як андарз»-и Низомии Ганҷавӣ (2007), «Ҳикоят ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ (2007), «Панднома. Футувватнома. Ҳикоёт аз маснавиҳо»-и Шайх Аттор (2008), «Маснавии маънавӣ»-и Мавлонои Рум (Қуния, 2008), матни илмии «Муфиз-ул-анвор» ва «Девони ашъор»-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ (2010, ба ҳуруфи ниёгон), «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ (2011), «Девон»-и Аттор (2012), «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (2012, бо ҳамкории М.Акбарзод), «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол (2013, бо ҳамкории Ш.Пӯлодова) ва ғ. ҳиссагузор будааст.
Таҳияву тадвини чаҳор ҷилди «Девони Кабир»-и Ҷалолуддини Румӣ (2007-2009, бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳот) ба муносибати таҷлили 800-умин солгарди бузургдошти зодрӯзи Мавлоно, китоби «Ашъор»-и Одамушуаро Рӯдакӣ (2007) ва дар ин замина таҳия намудани матни илмии-интиқодии «Девони ашъор»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ҳамроҳи профессор Расул Ҳодизода, 2008) аз дастовардаҳои шоистаи матншиносии ӯстанд.
Дар баробари заҳамоти илмӣ-тадқиқотӣ, пайваста шеър мегӯяд, ки дар маҷмӯаҳои «Чашмаи нӯш» (1997), «Майи гулгун» (2000), «Насими тавҳид» (2004), «Вусъати ишқ» (Хуҷанд, 2009), «Шукуфаҳои сабзи баҳор» (2010), «Номбардори падар» (2011), «Майи гулгун» (2010, ба ҳуруфи форсӣ) ва матбуоти даврии Афғонистону Эрон, Ӯзбекистону Русия чоп шудаанд. Ба чанде аз шеърҳояш овозхонони шинохтаи кишвар оҳанг бастаанд.
Барои фаъолияти босамари илмиву эҷодӣ бо Ифтихорномаҳои Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1983), Вазорати нафту гази Иттиҳоди Шӯравӣ (1984), Созмони фарҳангу иртибототи Ҷумҳурии Исломии Эрон (2001) ва АИ ҶТ (2009) сарфароз гардонида шудааст. Барандаи «Ҷоизаи фахрии президентӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон (2014).
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.