Акси замон дар “Ойина”
Театри намунавии минётураи «Ойина» аз замони таъсисаш то имрӯз миёни мардум маъруфияти хоса дорад. Ин театр ба номи устодони ҳунар Убайдулло Раҷабов, Саидмурод Мардонов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Асланшоҳ Раҳматуллоев, Тоҷинисо Саидова, Абуалӣ Муродов ва дигарон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро дар бунёду рушди он саҳми эшон бузург мебошад.
“Ойина” замоне ба фаъолият оғоз кард, ки вазъи сиёсии кишвар ноором буд ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ рӯз то рӯз аланга мегирифт. Ба ин нигоҳ накарда, ҳунарпешагони театр ҳамарӯза пайи эҷод буданд ва барои руҳбаланд сохтани мардум ҷаҳд менамуданд. Намоишҳои “Ҷазираи беодам”, “Тафтиш”, “Вохӯрӣ”, “Ватан – модар”, “Забоншинос”, “Дар таваллудхона” ва “Оворагардҳо” аз офаридаҳои он солҳоанд.
Дар гуногунрангии барномаи театр саҳми асосгузори он, ҳунарманди маҳбуби кишвар Убайдулло Раҷабов бузург аст. Асарҳои ӯ – “Дузд”, “Нома”, “Кворум” ва “Рӯзи таваллуд” ба барномаи доимии театр шомил буданд. Дар баробари ин, дар таҳияи намоишҳо аз осори нависандагоне чун Владимир Поляков, Михаил Задорнов, Леон Измайло ва Аркадий Инин истифода мешуд.
Мутаассифона, асосгузори театри намунавии минётураи “Ойина” устод Убайдулло Раҷабов ва чанд тан аз ҳунарпешагони фаъоли он имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, аммо фаъолияти театр чун қабл бо маром пеш меравад ва кори рафтагонро насли ҷавон идома дода истодаанд.
Ҳоло дар қатори ҳунарпешагони шинохта ва маҳбуб Асланшоҳ Раҳматуллоев, Тоҷинисо Саидова, Абуалӣ Муродов ҳунарпешагони ҷавону умедбахше мисли Фирӯза Раҷабова, Шаҳбоз Раҷабов, Зафар Маликов,Тоҳир Мирзоаминов, Манучеҳр Раҳимов, Манзура Саидова, Амриддини Садриддин ва Шералӣ Қурбонов дар театр фаъолият доранд ва ҳам ба навиштани намоишномаҳо ва ҳам ба иҷрои нақшҳову кори коргардонӣ машғуланд.
Намоишҳое, ки театри мазкур пешниҳоди тамошобинон мегардонад, аксаран ҳаҷвиянд. Тавре маълум аст, жанри ҳаҷв аз дигар анвои адабию ҳунарӣ бештар ба дили мардум асар мекунад. Аммо эҷоди асарҳои ҳаҷвӣ аз эҷодкор истеъдоди хос ва мушоҳидаву таҷрибаи ғаниро талаб менамояд. Ба ханда водор кардани мардум кори саҳл нест ва мақсад аз ҳаҷв низ танҳо хандонидан набуда, балки ба ин восита ошкор намудани мушкилоту камбудҳои ҷомеа ва шахсони алоҳида мебошад.
– Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзеҳо гӯё ба эҷоди намоишҳои ҳаҷвӣ машғуланд. Ҳунарнамоии баъзе аз онҳо хуб аст, аммо қисми дигарашон бо муҳтавои орӣ аз касбият ин навъи санъатро хор кардан доранд. Санъати ҳаҷв мазоҳу масхараи беасос нест, балки мақсади он нозукона ва дилчасп ошкор кардани камбуду нуқсонҳои ҷомеа мебошад. Агар ҳаҷву шӯхӣ барои кӯдакону наврасон нигаронида шудааст, бояд ҷанбаи тарбиявиро доро бошад, – мегӯяд директори театр Абуалӣ Муродзода.
Шоистаи зикр аст, ки театри “Ойина” дар назди Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Ин аст, ки яке аз вазифаҳои асосии он дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ мебошад. Дар аксар намоишҳои театрикунонидашуда саҳми ҳунарпешагони ин театр бараъло мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо, ки арафаи соли нави мелодист, эҷодкорони театр лаҳзае ором надоранд. Рӯзе, ки меҳмони театр шудем, тарроҳони либос Александра Генина, Тоҷинисо Каримова ва Наргис Розиқоваро машғули омода намудани либосҳои саҳнавӣ дарёфтем. Ҳунарпешагон банди таҳияи намоиши идона буданд, ки қарор аст дар Сирки давлатӣ баргузор шавад. Тавре роҳбари театр, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Абуалӣ Муродзода иброз дошт, ҳунарпешагони театр пайваста бо тамошобинони хеш дар иртиботанд.
– Аҳли эҷоди театри мо ҳамеша дар байни мардуманд. Бинои хусусии худро надошта бошем ҳам, намоишҳои мо пайваста пешниҳоди бинандагон мегарданд. Имсол ҳайати эҷодии театр дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак барномаи ҳунарӣ пешниҳод карданд. Аз тамошои барномаи мо маҳбусон ниҳоят шод шуданд.
Тибқи супоришҳои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе рӯзҳои ҷашн аксаран намоишҳои мо дар мактаб – интернатҳо, хонаҳои пиронсолон, маъюбон ва қисмҳои ҳарбӣ пешкаш карда мешаванд. Мо на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои дигари кишвар низ бо тамошобинон вомехӯрем.
Имрӯз ҳунарпешагони собиқадори театр Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Ҳалим Сангинов ба сабту танзими намоиши телевизионӣ, ки ба соли нави мелодӣ бахшида шудааст, машғуланд. Ба муносибати Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев филми тозаеро рӯи навор овардааст, ки рӯзҳои ҷашн пешниҳоди бинанда хоҳад гашт.
Мо ба кормандони ин муассисаи фарҳангӣ барору комёбиҳо таманно дорем.
М. Халилзода, «АС»