Акбар Абдулло: «Маро ишқи ту шоир кард, эй ёр»

 Акбар Абдулло: «Маро ишқи ту шоир кард, эй ёр»

 

Пажмурдаам, баҳор қабулам намекунад,

Оғӯши сабзи ёр қабулам намекунад.

 

Овораам ба дашту биёбони ташналаб,

Гулгашти обшор қабулам намекунад.

 

Девонавор сайри ҷаҳони ҷунун кунам,

Қонуни ин диёр қабулам намекунад.

 

Худро фиреб дода, басо шеър гуфтаам,

Девони рӯзгор қабулам намекунад.

 

Модар бирафт, монда маро бекасу ғариб,

Дигар ба чашми чор қабулам намекунад.

 

Дар чорсӯи зиндагӣ танҳо бимондаам,

Ҳамхуну ҳамтабор қабулам намекунад.

 

Дилхастаам, ба марг ризо гаштаам, вале

Қотил ба зери дор қабулам намекунад.

 

***

Зиндагӣ дар сар хаёли хом буд,

Субҳи мо дар чашми равшан шом буд.

 

Гар гурӯҳе ранҷ баҳри ганҷ бурд,

Заҳмати мо дар талоши ном буд.

 

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ

Пешвози мо ҳазорон дом буд.

 

То ба доми ҷоҳилон н-афтем мо,

Номаи иршоди ӯ пайғом буд.

 

Медамид аз сина гулбоғи сухан,

Бо сухан Акбар чу ширинком буд.

 

Ифтихорам ин ки тоҷикзодаам,

Аз азал дунёи мо гулфом буд.

***

Диле дорам, дили маҳзун, даме беғам намегардад,

Чунон бошад ғамаш афзун, ки ҳаргиз кам намегардад.

 

Намедонам чи асроре бувад гардуни гардонро,

Ки мегардад, вале бар коми ман як дам намегардад.

 

Гадои ишқ дорад давлате, к-он нест султонро,

Ки дасти поки ошиқ хам ба ҷоми Ҷам намегардад.

 

Ба ёд орам шабе, эй моҳ, дар оғӯши ман будӣ,

Шабе паймонаи дидори мо Зам-зам намегардад.

 

Туӣ он ҷо, манам ин ҷову ин тақдири талхи мост,

Ду тақдири ҷудо аз ҳам ба даври ҳам намегардад.

 

Хазон созад ҷудоиҳо гули сарсабзи ишқамро,

Дареғо, донаҳои ашки ман шабнам намегардад.

 

Манам Мансури роҳи ишқи покат, эй ҳабиби дил,

Ба зери дор ҳатто гардани ман хам намегардад.

 

***

Дур бош аз он, ки бошад ғофил аз дунёи ишқ,

Бехабар аз ғуссаву дарду ғаму савдои ишқ.

 

Зиндагӣ бунёд шуд бо рози ишқу ошиқӣ,

Мову манро мекашад бар коми худ дарёи ишқ.

 

Дилбарӣ дигар бувад, дилдодагӣ кори дигар,

Бар сари ҳар кас биафтад ногаҳон ғавғои ишқ.

 

Ошиқони зор аз ҷабру ҷафо дар шикваанд,

Рӯи оламро гирифта шӯришу балвои ишқ.

 

Ҳарфи дилозор баҳри ёри ғамхорат магӯ,

То нарезад бар сарат бори маломатҳои ишқ.

 

Ишқу покӣ ҳадяи Парвардигори олам аст,

То абад бояд суҷуд орем андар пои ишқ.

 

***

Зиндагӣ, дар раҳат аз кандани ҷон хаста шудам,

Аз азобу алами давру замон хаста шудам.

 

Орзу буд, ки бо ту накунам ҷангу ҷидол,

Лек аз шӯру шару доду фиғон хаста шудам.

 

Умри худ сарф намудам ба раҳи рост, вале

Аз ҷафову ситами каҷнигарон хаста шудам.

 

Дар муҳити сияҳу бесарусомонии даҳр

Зи хабарҳои бади рӯи ҷаҳон хаста шудам.

 

Кош рӯзе бирасад фасли баҳорон аз нав,

Ки аз ин фасли дайу боди хазон хаста шудам.

 

***

Ин мурғи озоди дилам ранҷи қафас санҷидааст,

То бар мақоми худ расад, боди ҳавас санҷидааст.

 

Чандест ин шӯридадил дар сина ғавғо мекунад,

Ин ҷони бар лаб омада танги нафас санҷидааст.

 

Дар ҷодаи меҳру вафо, андар биёбони ҷафо

Сад ранҷу сад озорҳо аз хору хас санҷидааст.

 

Аз ҷабри ишқи ту дилам овораву сарсон шуда,

Подоши ин оворагӣ фарёдрас санҷидааст.

 

То корвони ишқи мо ҳамвора роҳе тай кунад,

Он сорбони роҳи дил бонги ҷарас санҷидааст.

 

***

Омадам бар диданат, то сар ба фармонат кунам,

Ин дили ғамкуштаро аз нав ба қурбонат кунам.

 

Лаззати талхи ҷудоиро чашидам эй басо,

Кош дар базми дил аз нав шоду хандонат кунам.

 

Ҳусни оламгири ту охир маро шоир намуд,

То нависам байти абрӯ, васфи чашмонат кунам.

 

Ин мабодо донаи ашкат сари мижгон фитад,

Ҳарду оламро фидои тори мижгонат кунам.

 

Бар танат пероҳани шарму ҳаё зебад, вале

Дил ҳамехоҳад шабе, эй ишқ, урёнат кунам.

 

Маҳфиле барпо бисозам баҳри дилҳои кабоб,

Ровиаш бошӣ, ба базми дил ғазалхонат кунам.

 

Дар миёни хилвати шаб аз шароби бӯсаҳо

Ончунон масти аласт аз бӯсаборонат кунам.

Зиндагӣ маънӣ надорад бе туву бе ишқи ту,

Ҷони дар лаб музтарамро садқаи ҷонат кунам.

 

***

Зи ҷабри ёри ноҳампо дигар имдод мехоҳам,

Зи ҳаҷри дури дуриҳо навиди шод мехоҳам.

 

Садои булбулону накҳати бӯйи гули савсан,

Канори ёрро дар сояи шамшод мехоҳам.

 

На ёқуту на гавҳар, на зару симу на марворид,

Зи ботин руфта нафсамро ба дасти бод мехоҳам.

 

Маро ин кулбаи тангу хароби бе назар кофист,

Барои ту вале гулбоғи ишқобод мехоҳам.

 

Чу умре мурғи дил побанди макру фандҳоят буд,

Варо ҳамболи мурғони ҳаво озод мехоҳам.

 

***

Маро ишқи ту шоир кард, эй ёр,

Сароям то ҳама дарду ғами дил,

Ба чашми шоирӣ бинам, шиносам

Туӣ андар барам шириншамоил.

 

Маро ишқи ту шоир кард, эй ёр,

Ки шабҳо шеър гӯям зери маҳтоб,

Ба кӯи ишқи ту гардида Маҷнун,

Шавам овора дар саҳрои беоб.

 

Маро ишқи ту шоир кард, эй ёр,

Ки то дар оташи ҳаҷри ту сӯзам,

Шудам хокистари кӯи висолат,

Мисоли тирашаб гардида рӯзам.

 

Маро ишқи ту шоир кард, эй ёр,

Сароям то ҳама дарду ғами дил,

Ягона орзуи дил ҳамин аст,

Ки бо ҳуснат кунӣ пурнур манзил.

 

***

Мо бар онем, сабо нусрати ҳар шом шавад,

Ошиқ аз васли лаби ёр шакарком шавад,

Он ҳама назму низоме, ки бирафт аз сари мо,

Бори дигар самари гардиши айём шавад.

 

Мо бар онем, ки дар кашмакаши олами дун

Дасти мардони вафодор зафарёб шавад.

Ин мабодо, ки адӯ тухми адоват корад,

Оқибат меҳру вафо яксара ноёб шавад.

 

Кош ҳар субҳи сафо мужда зи ёрон орад,

Накҳату бӯи хуши фасли баҳорон орад,

Бирасад савту навои фараҳу хурсандӣ,

Чаҳ-чаҳи мурғи чаман, савти ҳазорон орад.

 

Муждаи тоза зи анҷоми куруно бирасад,

Хабари нек ба ҳар гӯшаи дунё бирасад,

Мардумон тантанаву базм чунон ороянд,

Ки садояш зи замин то ба Сурайё бирасад.

 

Дарду ғамро начашад ҳеҷ гаҳе миллати мо,

Гулшукуфон бишавад рӯи ҷаҳон давлати мо.

Ваҳдати миллату давлат чу бувад ҳосили ранҷ,

То абад ганҷ диҳад ҳосили ин ваҳдати мо.

Дигар хабарҳо