АКБАРЗОД МУБАШШИР

МУБАШШИР АКБАРЗОД 25 июли соли 1969 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, соли 1986, вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1992 хатм кардааст.

Солҳои 1992-1994 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои 1994-1999 муаллими мактаби миёна, 1999-2002 ходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, 2002-2006 муаллими ДМТ будааст.

Аз соли 2005 мудири шуъбаи адабиёти классикии нашриёти «Адиб», ҳамзамон, ходими илмии шуъбаи таҳқиқ ва нашри осори адабии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ мебошад.

Маҷмӯаи мақолаҳояш «Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст» соли 2008 ба табъ расид, ки паҳлӯҳои гуногуни адабиёти тоҷикро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд.

Дар таҳия ва таҳрири силсилаи «Ахтарони адаб» (2007-2013), матни комили «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (2012) ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (2013) ширкат варзидааст.

«Намунаи адабиёти тоҷик»-и Устод Айниро ба хатти кириллӣ (2010) мунташир сохтааст.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Барандаи Ҷоизаи олимони ҷавони АИ ҶТ (2004).

Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо