Аз ғори хурофот бурун бояд рафт

Санги роҳи худ шуморад Каъбаву бутхонаро,
Ҳар кӣ чун Бедил тавофи гӯшаи дилҳо кунад.
Мирзо Абдулқодири Бедил

Тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, тассуби динӣ ва мазҳабӣ реша дар умқи чандин аср дошта, ҳамин дирӯз ё имрӯз пайдо нагаштааст. Ва маҳз ҳамин гуна таассуб сабаби аз пешрафт бозмондани миллату халқиятҳо шуда, онҳоро аз тамоми муқаддасот дур сохтааст. Дар ҳама давру замон аҳли адаб, фарҳанг, сиёсат… бар зидди ин вабо муборизаҳое бурда, андешаҳои зиёде иброз доштаанд. Дар адабиёти ҳазорсолаи мо низ ин мавзуъ яке аз мавзуъҳои меҳварии адибонамон будааст, ки ба ин порчаҳои зиёди шеърӣ мисол шуда метавонанд.

Рафтем дар таассуби худ то гулӯ фурӯ,
Рафтанд ҳеҷбудагон аз мо фаро чаро?!
Лоиқ Шералӣ

Имрӯзҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кам кардани таассуб ва хурофотпарастии диниву мазҳабӣ талоши рӯзафзун дорад, бояд ҳеҷ касро бетараф нагузорад. Пеш аз ҳама вазифаи аҳли зиёст, ки чӣ будани хурофотро ба мардум дақиқтар фаҳмонанд ва аз хатарҳои он огоҳ намоянд.

Сиёсати фарҳангии давлати миллиямон бар он равона гардидааст, ки худшинос будану ифтихор кардан аз арзишҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳаммеҳанон беш аз пеш бошад. Хурофотпарастӣ, ин зуҳуроти манфӣ натанҳо дар байни миллати мо, балки дар байни дигар миллатҳо ва намояндагони динҳои дигар низ будааст. Ва мудом рӯй овардан ба маорифу фарҳанг садди роҳаш шудааст. Давлати мо низ пас аз соҳибистиқлолӣ диққати томи худро ба пешбурди кор дар ин соҳаҳо равона намудааст. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва ҳоказо ҳамасола шахсони синну соли гуногунро аз тамоми қишри ҷомеа ҷалб карда истодааст, ки рӯ ба мутолиаи зиёди китоб, эҷоди назму наср, суруду оҳанг, ихтироъкорӣ ва ғайра овардаанд. Ин ҳама барои эмин мондан аз тассуби диниву мазҳабӣ саҳм гузошта метавонад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо андешаеро аз адиби шуравӣ Леонид Сухоруков ҳамчун мисол меорем: «Ҳеҷ чизи дигар ба пешрафт ба мисли тассуби эҷодӣ мусоидат намекунад! Таассуби эҷодӣ беҳтарин садди роҳи тассуби харобиовар аст».

Мутаффаккирони гӯшаву канорҳои гуногуни дунё дар давраҳои мухталиф оид ба мавзуи хурофот андешаҳои худро баён намудаанд. Нависандаи рус Алексей Пехов чунин фикр дорад: «Агар одамро бо пораҳои фарҳанге, ки ӯ намефаҳмад, пур кунанд, як мутаассиби ҳайратангез ва силоҳи дасти нодуруст мегардад».

Ин назар сода намояд ҳам, вақте мехонем, ҷавонони зиёдро пеши рӯ меорем, ки чи гуна тавассути сомонаҳои интернетӣ ва дигар роҳҳо силоҳи зиндаи дастҳои бегонагон шуданд ва ояндаи худро маҳв карданд. «Мутаассибро бовар кунондан хеле душвор аст, ки ӯ хато мекунад», — мегӯяд дар ҷойи дигар Алексей Пехов. Воқеан, хатои мутаассибро дар чашмонаш нишон додан саҳл нест, вале имкон дорад.

Нависандаи англис Грегори Дэвид Робертс бар он аст, ки хурофот муқобили ишқ аст. Агар ин гуфтаи Григорийро шарҳ диҳему ишқро ба маънои томаш истифода кунем, пас хурофот маҳвкунандаи ҳама гуна ишқ аст, ишқ ба Ватан, модар, арзишҳои миллӣ… ва башарӣ.

Адиби амрикоӣ Ҳенри Менкен иброз доштааст, ки хурофотпараст ақидаи худро тағйир дода наметавонад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки чунин хурофотпарастон ҳам ҳанӯз кам нестанд, вале кори аввалиндараҷае, ки бояд карда шавад, пеши роҳашонро гирифта тавонистан ва ҷомеаро аз амалҳои зараровари онҳо эмин доштан аст. — Идеал барои одам зарур аст ва одами бе идеал ҳамеша хавфи гирифтор шудан ба таассубро дорад, — овардааст нависандаи англис Кит Честертон. Миллати тоҷик аз гузаштаву имрӯзаи худ нафарони бешуморро метавонад барои хеш ҳамчун идеал қарор диҳад, ки меҳандӯстӣ, миллатпарварӣ, ҳифзи хоки поки Ватан аз ҷониби онон бармало зоҳир гардидааст. Ва дар замони мо худи Пешвои миллат бо тамоми кору пайкор барои ҳар нафаре, ки Тоҷикистони азизро мепарастад, беҳтарин идеал мебошанд.

Албатта, агар адабиёти классикиамонро варақгардон намоем, байтҳое, шоҳбайтҳое ба ин мазмун дарёфт хоҳем кард. Вале овардани суханҳои мутафаккирони хориҷӣ бо ин мақсад аст, ки хурофотпарастии диниву мазҳабӣ мушкилоти натанҳо як миллат ё давлат буда, дар дарозои таърих дарду доғи сайёраи Замин ба ҳисоб рафтааст. Ва ин суханон бардоштест аз ин вабои ҳама аср, ки андешамандонро бетараф нагузоштааст.

Адиб ва донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо меорад: «Дар масири таъриху тамаддуни дурахшони худ тоҷикон дар рушду ташаккули арзишҳои фикрию маънавӣ ва илмҳои инсонию ҷамъиятӣ ба ҳадде талош намудаанд, ки ниме аз башар дар ин самт худро вомдору шогирдони ин миллат мешуморанд. Миллате, ки дар рушди фалсафа, мантиқ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърихнигорӣ, забоншиносӣ, илми ахлоқ, адабиёт, илоҳиёт, ирфон, тафсир ва илмҳои дигари башарӣ таҳаввули бузург ба вуҷуд оварда, пояҳои ҷаҳонбинии маънавию иҷтимоии башарро устувор намуд. Миллате, ки ҳазорон панднома, ахлоқнома, таърихнома, тӯтинома, синдбоднома, саёҳатнома, шоҳнома, сиёсатнома, марзнома, рӯзнома ва барнома офарид, то маърифати башарӣ шаклу низоми инсонӣ бигирад».

Агар ба таърихи башар нигарем, миллату халқиятҳои дигар дар ҳар давра хостаанд, ки фарҳанги моро соҳиб гарданд ва чун фарҳанги худ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Зеро фарҳанги мо аз ҳар нигоҳ асил буда, ба як вожа инсонсоз аст. Вале ҷойи афсус аст, ки аз ниҳояти носипосӣ чунин фарҳанги пурғановатро канор бигзорему дунболи фарҳанги бегонагон гардем. «Бо хурофотпарастӣ ба ҷое намерасем» гуфтанд дар як вохӯриашон бо мардум Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Чандин сол пеш аз ҷониби Ҳукумати мамлакат китоби Қуръон бо тафсираш чоп шуд. Вале ҳастанд ҳанӯз шахсони мутаассибе, ки мутолиаи тафсири онро кори беҳуда мешуморанд ва бар ин ақидаанд, ки ҳеҷ манфиат ва таъсире надорад. Дарозтарин сураро бо забони арабӣ азёд донанд ҳам, кӯтоҳтарин сураро маънидод карда наметавонанд, ки камоли хурофотпарастӣ ва пойбанд мондан ба андешаҳои таассубомези якунимҳазорсола аст. Чӣ гуна метавон пайрави дине буд, ки надонӣ дар китобаш чӣ гуфта шудааст?! Маълум аст, ки ин раванд дар вақташ барои паҳн кардани забони арабӣ дар кишварҳои дигар ва аз байн бурдани забонҳои қудратманде чун забони мо сурат ёфта буд. Аммо миллати тоҷик баръакси чандин миллати зери итоати арабмонда мудом забони худро ҳимоя кардааст.

Одитарин мисоли хурофотзадагии баъзе аз ҷавононамон яке бархӯрди ахири муҳоҷире дар Русия бо варзишгардухтарони дучархарон аст. Ӯ онҳоро барои либоси варзишияшон таҳқир карда, гуфтааст, ки дар кишвари мо (Тоҷикистон) духтарон чунин либос намепӯшанд. Сабти видеоии ин ҳодиса дар интернет баҳсҳоеро дар пай дошт. Дар худи Тоҷикистон низ чунин воқеаҳо ба амал омадаанду хатокорон ҷазои сазовор дидаанд.

Иқдоми нашри «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бо сифати баланд ва ҳадяи он ба ҳар хонаводаи тоҷик аз иқдомҳои навбатии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати пешгирии таассуби диниву мазҳабӣ ва пайравӣ ба фарҳанги бегона мебошад. Бо мутолиаи амиқи «Шоҳнома», агар сода бигӯем, хонанда кӣ будани гузаштагони худро беҳтар мефаҳмад, дар ватандӯстӣ ва ҳимояи Ватан пайрави онҳо мешавад, барои фарзанди худ аз он номи зебои ориёӣ интихоб менамояд, орзу мекунад, ки Рустаму Таҳмина, Суҳробу Гурдофарид, Сиёвушу Фарангис, Бежану Манижа ва садҳо қаҳрамони дигар дар замони худ дошта бошад. Агар як-ду насл ҳамин гуна бо силсилаиқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия ёбад, қувваи бузурге мешавад, ки монеаи роҳи ҷаҳолат гашта, ба коҳиш ёфтани хурофотпарастӣ боис мегардад. Б

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Дигар хабарҳо