Аз шеърҳои солҳои охири устод Боқӣ Раҳимзода
Ба муносибати 115-солагии устод Боқӣ Раҳимзода
Пойтахти ман
Дар ҷӯши ҳаёти нав
Оғози туро дидам,
Бо азму суботи нав
Пардози туро дидам,
Бо хатти бароти нав
Парвози туро дидам.
Пойтахти ман
Шаҳри Душанбе,
Авҷи бахти ман
Шаҳри Душанбе.
Дар кашмакаши айём
Мо бо ту калон гаштем,
Бо кори зафаранҷом
Машҳури ҷаҳон гаштем,
Бо мардуми некӯном
Манзури замон гашгем.
Пойтахти ман
Шаҳри Душанбе,
Авҷи бахти ман
Шаҳри Душанбе.
Монанди арӯс, имрӯз,
Дар Шарқи куҳан ҳастӣ,
Ҷонпарвару дилафрӯз,
Гулбоғи чаман ҳастӣ.
Дар оилаи фирӯз,
Маҳбуби Ватан ҳастӣ.
Пойтахти ман
Шаҳри Душанбе,
Авҷи бахти ман
Шаҳри Душанбе.
Дар тӯю тамошоят
Мо хушдилу хурсандем,
Аз меҳри дилороят
Оини вафо бандем.
Дар субҳи таманноят
Чун ғунчаи гул хандем.
Пойтахти ман
Шаҳри Душанбе,
Авҷи бахти ман
Шаҳри Душанбе.
Модарон
Сарчашмаи ҳаёти ҷаҳонанд модарон,
Зиннатфизои давру замонанд модарон,
Сидқу сафои оламиёнанд модарон,
Бахту саодати дилу ҷонанд модарон,
Бар боли умр тобу тавонанд модарон.
Рӯзе, ки ишқ чун шарар аз қалбашон дамид,
Эҳсосу шӯру валвала ҳам шуд яке падид,
Бар ҳар диле ҳарорати меҳру вафо расид,
Бар ҳар саре насими баҳори ҷунун вазид,
Маҳбуби ҷумла пиру ҷавонанд модарон.
Пайвастааст нашъаи ҳастӣ ба номашон,
Ранҷу сахои ганҷ бувад дар низомашон,
Дар умри наслҳост муҷассам давомашон,
Бартар бувад зи шамси муҷалло мақомашон,
Ободии макину маконанд модарон.
То достони даври накӯфол гаштаанд,
Ноил ба васли шоҳиди иқбол гаштаанд,
Эҷодкору омили омол гаштаанд,
Дар зиндагӣ муборизи фаъол гаштаанд,
Маснаднишини шуҳрату шонанд модарон.
Фасли баҳору мавсими шодӣ расидааст,
Бар пешвоз сабзаву райҳон дамидааст,
Боди саҳар зи домани гулҳо кашидааст,
Ҳар кас гуле ба хотири дилдор чидааст,
Шаъну шукӯҳи иди занонанд модарон.
ДИЛО
Дило, то кай парешонӣ ба фикри мӯшикофиҳо,
Чаро ошуфтаю дармондаӣ аз ихтилофиҳо?
Бигӯ шеъре, ки афзояд ба ҷон сӯзе, ба дил дарде,
Аз ӯ ёбад самои сина чун оина софиҳо.
Миёни одамон ҳаргиз нашояд худсито будан,
Зи баҳри сайди маънӣ ин қадар ин лофу қофиҳо.
Вафои халқ агар хоҳӣ, қабули хотири ӯ шав,
Пайи тасвири авсофаш гузар аз ҳарзабофиҳо.
Тараҳҳуме бинамо
Ба нозу ҷилва адо кун ғамини ғамзадаро,
Тараҳҳуме бинамо ошиқи аламзадаро.
Кушода рӯ, ба нигоҳе бикун сарафрозам,
Ҷавон намо ҳама пирони пуштхамзадаро.
Хуш он даме ки ба ғулбоғи ҳарду рухсорат
Кушоям, эй гули ман, дидаи баҳамзадаро.
Агар мутолиа созам китоби авсофат,
Назар куҷой кунам сафҳаи рақамзадаро.
Баёзи ишқи туро ҳар гаҳе ки бархонам,
Ғалат шуморам аз он ҳар хати қаламзадаро.
Агар як бӯса пурсам?
Агар як бӯса пурсам, аз сарат гардам, чӣ мегӯӣ?
Даво шояд шавад як лаҳза бар дардам, чӣ мегӯӣ?
Хамӯш ою чу сими барқ оташ деҳ ба аҷзоям,
Ҳарорат бардамад то бар лаби сардам, чӣ мегӯӣ?
Куҷо донанд қадри бӯсаро дилҳои беоташ,
Зи меҳрат ман саропо оташин мардам, чӣ мегӯӣ?
Барои бӯса дар чоҳи занахдон сарфурӯ рафтам,
Ки то шаҳде ба лаб ояд, чиҳо кардам, чӣ мегӯӣ?
Илоҷаш гар набошад, бӯсае якрӯза қарзам деҳ,
Ки шояд сурх гардад чеҳраи зардам, чӣ мегӯӣ?
Барои бӯса мардон он қадар ҷонбозиҳо доранд,
Миёни ошиқонат Боқии фардам, чӣ мегӯӣ?
* * *
Эй дӯст, кайфи аҳвол аз беҳунар наёбӣ,
Зеро зи бед ҳаргиз файзи самар наёбӣ.
Дар боғҳо дарахтон доранд мева ҳар хел,
Аммо ту меваи хуб аз ҳар шаҷар наёбӣ.
Дар роҳи ишқ рафтан коре на саҳл бошад,
Танҳо марав дар ин раҳ, то ҳамсафар наёбӣ.
Пайдо бикун рафиқи раҳдида, пас сафар кун,
Варна зи роҳи манзил асло асар наёбӣ.
Аз ман-манӣ ҳазар кун, роҳе агар надонӣ,
Беҳуда ҷон мафарсо то роҳбар наёбӣ.
Гудози хотира
Ту омадиву ба дил ошёна мондиву рафтӣ,
Ба мо зи партави дониш нишона мондиву рафтӣ.
Туро ба авҷи камолот буд неруи парвоз,
Ба қуллаи адабу фазл лона мондиву рафтӣ.
Гирифта оташи меҳрат тамоми ҳастии моро,
Ба ҷон чу барқи баҳорон забона мондиву рафтӣ.
Зи сӯзи синаи аҳбоб дуди яъс баромад,
Зи тоби ахтари ҳиҷрон фағона мондиву рафтӣ.
Ба меҳрубониву ишқу вафо набуд назират,
Нишони шаъну шараф дар замона мондиву рафтӣ.
Ба ҳусни савт чу булбул ту будӣ анҷуманоро,
Ба ёди аҳли муҳаббат тарона мондиву рафтӣ.
Дилат хазинаи ганҷи шарорабори ҳунар буд,
Ба толибони бадоеъ хазона мондиву рафтӣ.
Бисӯхт пайкари Боқӣ даруни кӯраи ҳаҷрат,
Гудози хотираи ҷовидона мондиву рафтӣ.
Гулистони ишқ
Дилбари ошиқ бувад ҳусни гулистони ишқ,
Булбули гулзори дил гашта ғазалхони ишқ.
Дар чамани лолазор буда ба фасли баҳор,
Ошиқи дидор ё волаву ҳайрони ишқ.
Ишқ бувад роҳбар ҷониби кӯи висол,
Кист набошад варо шавқ ба даврони ишқ?
Нест муяссар туро дидани дидори дӯст,
То накушояд дараш баҳри ту дарбони ишқ.
Эй ки ба қавси дуто тир ба ҷонам задӣ,
Нест ба ҷуз васли ту доруву дармони ишқ.
Боқии дилдодаро як назаре туҳфа кун,
Эй хами зулфи каҷат силсилаҷунбони ишқ.