АЗ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз номи ҳамаи адибони ҷумҳурӣ бино бар ҳодисаи заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, ки боиси талафоти ҷониву молӣ шуд, ба пайвандону наздикони қурбониён ва зарардидагони ҳодиса ибрози ҳамдардии амиқ ва орзуи сабру субот менамояд.
Эътимоди комил дорем, ки тибқи дастурҳои Пешвои миллат, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти марбута, ҳукуматҳои ноҳияҳо, дастгирии ҳамватанони хайрандешу эҳсонкор зарарҳои моддии воқеъшуда дар камтарин муҳлати имконпазир бартараф мегарданд.
Ба мардуми шарифу сарбаланди минтақаҳои осебдида рўҳияи қавӣ ва азму суботи комил дар беҳбуди вазъ ва рўзгори босаодат таманно менамоем.
Ҳар хонаи афтода ба по бархезад,
Бо қомати кўҳ кадхудо бархезад.
Аз хандаи кўдакони мактаб ҳар субҳ
Як села кабўтар ба ҳаво бархезад.