Аз дафтари рубоиёти Саид Абдулло

Дӯст медорам замину осмонро,
Талху ширини ҷаҳони ҷовидонро,
Дӯст медорам валекин аз ҳама беш
Ҳамдамии дӯстони меҳрубонро.

***

Гоҳ пир аст ин ҷаҳон, гоҳе ҷавон,
Гӯӣ бо мо сокиту бо мо равон,
Инчунин бояд бимонад дилпазир
Баъди мо чун ёди мо бо дигарон.

***

Кай бубинам боз кабкони дарӣ?
Сайд гашта ҷумла балки сар-сарӣ…
Кабкаки хушболупар, то зиндаам,
Дар хаёлу дар дили ман мепарӣ!

***

Найнавози кӯҳсори кишварам,
Аз навои дилрасат чашми тарам.
Ҳар гаҳе боло шавад савту навот,
Дар назар меояд он зебо ҳаёт.
Аз Худо мехоҳамат умри дароз,
Эй пурафсун, меҳрафзун найнавоз.

***

Шеъре, ки маро аз дилу ҷон меояд,
Чун оби диёри меҳрубон меояд.
Он гоҳ ба рӯи дафтарам меояд,
Он гоҳ зи чашмони тарам меояд.

***

Табиат мекашад касро ба оғӯш,
Гаҳе дорад туро чун бор бар дӯш.
Худатро хоҳӣ инсони табиӣ,
Макун ҳаргиз табиатро фаромӯш.

***

Гарчи мегӯянд пирони хирад:
Дар ҷавонӣ айб набвад орзу,
Бар худу бар асли худ дар ин ҷаҳон
Мерасӣ бо роҳи дури ҷустуҷӯ.

***

Сармастии ман гузашт, сардард шудам,
Гармии дилам намонд, дилсард шудам.
Бо фасли баҳор рафт сарсабзии ман,
Дар фасли хазони хештан зард шудам.

***

Зиндагӣ бе бешу кам ҳаргиз набуд,
Зиндагӣ бе дарду ғам ҳаргиз набуд.
Зиндагиро нек зинда доштан –
Ҷуз тақозои дилам ҳаргиз набуд.

***

Орзу дорам, ки як бори дигар
Хоки покатро бубинам, эй Ватан,
Ҳамчу дар тифлӣ ба рӯи хоки ту
Лаҳзае беғам бишинам, эй Ватан,
Хору хасҳои туро аз хоки ту
Чун гули қисмат бичинам, эй Ватан.

***

Аз раҳи гӯш садо мегузарад,
Аз раҳи чашм зиё мегузарад,
Мебарад бори садо, бори зиё –
Корвонқисмати мо мегузарад.

***

Бемисл бувад дар Ватан ин боду ҳаво,
Ин боду ҳаво ба ҷумла дард аст даво.
Оби Ватан аст оби ҳаёте, ки бувад,
Боди Ватан аст ҷаннатӣ савту наво.

***

Рӯзу шаб мегузарад аз сари мо,
Тобу таб мегузарад аз сари мо.
Мекунад ҷабр ба мо ин олам,
Мекунад ҷабр басо ин олам,
Мо варо лек ба ҷон хоҳонем,
Боз дилбастаи он мемонем.

***

Субҳ бархоставу сӯи само менигарам,
Ҷониби беғашиву сӯи сафо менигарам.
Беғашу соф само мекунадам беғаштар,
Зиндагӣ мешавад аз дилкашиаш дилкаштар.

***

Ту будӣ меҳру моҳи рӯзгорам,
Мадорам будиву сабру қарорам,
Дар ин дунёи холӣ аз ту, эй ҷон,
Ҳама дорам, вале чизе надорам!

***

Абри ғам мегузарад аз сари ман,
Абри ғам ёди туро меорад.
Дида аҳволи диламро бе ту,
Абри ғам бар сари ман меборад.

***

Як замон будем ёри ҳамдигар,
Дилқарину дар канори ҳамдигар.
Ман намедонам, чи ношукрӣ гузашт,
Аз қазо гаштем зори ҳамдигар.

***

Зиндагӣ бигзашт аз сар ҳамчу дуд,
Тирагиро пеши чашми ман фузуд.
Нест, мегӯянд, бе дуд оташе,
Оташаш ҷуз ёди ширине набуд!

***

Ҷуз марг ҳама дард давое дорад,
Ҳар тира ба ҷуз гӯр зиёе дорад.
Азбаски азизу бебаҳо мебошад,
Ин зиндагии куҳна баҳое дорад!

Дигар хабарҳо