Аз Вахши тоҷикон то ба паҳнои ҷаҳон
Чун ишқ зебо омадӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Оташ ба ҷону дил задӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Замоне водии Вахши тоҷикон чун имрӯз макони сарсабзу хурраме буд ва ҷузъе аз шимоли вилояти Балхи музофоти Хуросони Бузург ба ҳисоб мерафт. Мардуми он бо кишоварзӣ, боғкориву чорводорӣ ва, албатта, бо шуғлҳои дилпарвари маънавӣ зиндагӣ мекарданд ва, марбути маркази ободу бошукӯҳи маъмуриву фарҳангӣ, худро «балхӣ» мегуфтанд (чунонки аҳли шаҳру навоҳии Самарқанд, бахусус шахсиятҳои бузурги он, аз ҷумла устод Рӯдакиро «самарқандӣ» медонистанд).
Дар ҳамин сарзамин, дар шаҳраки Вахши он, ду хонадони маъруфе мезистанд, ки ҳафт пушташон фақеҳони покдину сӯфиёни софдил, пайравони мазҳаби меҳру сафо ва сабру мадорои ҳанафӣ буданд. Бо амри тақдир ин ду хонадон риштаҳои умри фарзандонашон – Баҳоваддин Валади некмаҳзар ва Муъмина-хотуни покгавҳарро (баъзе муҳаққиқон духтари амири Балх Рукнуддинаш медонанд!) ба ҳам пайвастанд. 30 сентябри соли 1207 аз ин имтизоҷу иттисоли наку тифле ба дунё омад, ки аз шарофати ҷавҳари зотӣ ва заҳмату омӯзиши пайваста шоиру олим ва башардӯсту инсонпарвари беназири ҷаҳон гардид.
Ҷалолуддин Муҳаммад, маъруф ба Ҷалолуддини Балхӣ ва марбути ватани дуюмаш Ҷалолуддини Румиву вобастаи мақому манзалати маънавиаш Мавлоно ё Мавлавӣ, дар муҳити нуру сафо ва меҳру вафои хонадон бузург шуду илму дониш омӯхт. Ӯ ҳанӯз дар ватани аҷдодӣ «Қуръон»-ро азхуд кардаву асоси донишҳои замонашро фаро гирифта буд. Аз ин рӯ, бешак, дар ватани гузаштагони хеш низ шахсияти барҷастаи замон ва, ҳамчунон ки ҳаст, ифтихори ҷовидонаи вахшиёну балхиён шуданаш аниқ буд, аммо роқими тақдир тарҳи дигар кашид.
Сарчашмаҳову муҳаққиқон се сабаби ҳиҷрати хонадони Баҳоваддин Валадро зикр намудаанд. Яке, ки маншуртару машҳуртар аст, хавфи ҳардамафзои истилои лашкари муғул буд, ки ҳамсоясарзаминҳоро ба хоку хун кашидаву қасди қаламравҳои нав ба нав дошт. Дуюм, тавре ки зикр мекунанд, Муҳаммад Хоразмшоҳ фақеҳу сӯфии эътирофгаштаи замонаш – Баҳоваддин Валадро дар дарбор, яъне ходиму фармонбари хеш дидан мехост, вале ин ҷониб, ки дониши амиқу фаросати баланд ва худшиносиву худогоҳии афзуне дошт, ба ҳеҷ ваҷҳ чунон нақшро, ки ҳатман шахсияташро маҳдуд менамуд, пазируфтан намехост. Сеюм, тавре ки зикр шуд, Баҳоваддин Валад баробари фақеҳи бузургу султонулҳукамои замон буданаш, сӯфии озодманишу озодандеше буд ва ин ҷиҳати пиндору афкору гуфтораш ба руҳониёни хушку қолабии давр ҳеҷ хуш намеомад. Аз ҷумла, дар ин замина борҳо бо адибу олими машҳур Фахруддини Розӣ, ки фақеҳи расмии дарбор ва душмани ашаддии сӯфия ҳам буд, баҳсу мунозираҳои тезутунд доштааст ва ин фосила торафт бештар мешудааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки ҳар се сабаб ҳам вуҷуд доштаанд ва оқибат мазкурро водор намудаанд, ки рахти сафар омода бикунад. Ҷалолуддин Муҳаммад ҳаштсола буд, ки падараш бо гурӯҳи бузурге аз ҳамандешону пайравон, бо баҳонаи зиёрати хонаи Худо, ки даҳани дӯсту душманро мебаст, роҳи Мағрибро пеш гирифт. Роҳи ин корвони виқору ғурур ва илму маърифат аз бисёр маконҳо мегузашт ва дар ҳама ҷо аҳли он бо иззату икром қабулу гусел мешуд. Баландмақомтарин ашхоси дарборҳову бузургтарин шахсиятҳои илму ирфон ба суҳбаташон мешитофтанд. Ба ҳамин тариқ, дар шаҳри Нишопур Баҳоваддин Валаду ҳамроҳонашро Фаридуддини Аттор меҳмон гирифт. Мегӯянд, ки шоири машҳур, падару писари пайиҳам сӯяш равонро дида, хитоб намуд: «Инак, баҳру аз паяш – уқёнус!»
Шоиру орифи бузург ба Ҷалолуддин Муҳаммади хурдсол таваҷҷуҳи зиёд карда, «Асрорнома»-и машҳурашро ҳадяаш намудаву ҳангоми гусел ба падари хуҷастафол гуфтааст: «Он рӯз дур нест, ки ин тифл оташ ба ҷаҳон бизанад!» Шодмон аз ин пешгӯии паёмбарона корвони Баҳоваддин Валад роҳашро идома дод. Дар ҳама ҷо китоби эҳдоӣ ҳамроҳи Ҷалолуддин Муҳаммад буд ва натанҳо ҷаҳони бузургтари асрорро барояш мекушуд, балки ба дарёфти рамзу розҳои бештари одаму олам омодааш менамуд. Шоири бузург, бо вуҷуди мақоми беҳад баланду манзалати басо арҷмандаш, ҳамеша аз ин пешвои тариқат ва устоди маънавиаш, ҳамчунин аз намояндаи барҷастаи адабиёти тасаввуф Саноии Ғазнавӣ ёд мекард ва сатрҳои машҳураш гувоҳи ин самимияту ҳарорат аст:
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Ё:
Аттор руҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,
Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.
Чунон ки ишора шуд, аз мулку маконҳои зиёде гузашт роҳи тулонии сафари аҳли хонадони Ҷалолуддин Муҳаммад ва, аз ҷумла онҳо ба Макка рафта, маросими ҳаҷро ба ҷо оварданд. Дар роҳи бозгашт чанде дар Караман (маркази вилоят дар ҷануби Туркия) истиқомат ихтиёр карданд ва ин шаҳраки тинҷу ором дар дилашон ду доғ гузошт – модару додари шоири бузурги оянда он ҷо даргузаштанд. Вале, чунон ки мегӯянд, зиндагӣ ду рӯ дорад ва рӯи сафедашро ҳам ба онҳо намуд. Ҷалолуддин Муҳаммад соли 1225, замоне ки хеле ҷавон, ҳамагӣ 18-сола буд, дар ҳамин шаҳр ба Гавҳар-хотун ном духтаре хонадор ва аз ӯ соҳиби ду фарзанд шуд – Султон Валад, вафоташ – соли 1312 ва Алоуддини Чалабӣ (ин калима дар Осиёи Сағир ба маънои «хоҷа» истифода мешуд), вафоташ – соли 1248. Мутаассифона, ҳамсари бовафои Мавлоно зуд даргузашт ва ӯ боз издивоҷ намуда, ба як писар – Амиролим Чалабӣ ва як духтар – Малика-хотун умри инҷаҳонӣ бахшид.
Баъди сайру саргардониҳои зиёд, 1 майи соли 1228 аҳли сафар дар шаҳри Қуния – пойтахти сулолаи салҷуқиён иқомат ихтиёр карданд. Ин шаҳр натанҳо бо ободониву фаровонӣ, балки бо сокинони гуногунмиллату мухталифмазҳабаш ҳам шуҳрат дошт ва ҳар мусофиреро бо дилу дидаи кушод мепазируфт. Шояд яке аз сабабҳои маҳз ин шаҳрро барои истиқомати доимӣ баргузидани мусофирони солҳо шаҳр ба шаҳру муҳит ба муҳит саргашта ҳамин ҳам бошад. Аммо дар баъзе аз маъхазҳо сабаби ба ин шаҳри қисмати ғарбии давлати салҷуқиён омадани Баҳоваддин Валадро даъвати ҳокими Анатолия Алоуддини Кайқубод гуфтаанд, ки бо дарназардошти мақому мартабаи аввалӣ аз эҳтимол дур нест. Дар шаҳри Қуния Баҳоваддин Валад ва қавми ӯ зуд бо ҳамагон унс гирифтанд. Сарвари хонадон натанҳо муқарраби дарбор, балки мушаххасан садри мадрасаи шаҳр таъйин шуд ва Ҷалолуддин Муҳаммад зери боли қавии падар омӯзишашро ҳам дар риштаи шариату тариқат ва ҳам дар самти илмҳои замонӣ, аз ҷумла забонҳои арабиву туркиву юнонӣ, амиқтару дақиқтар кард, ки аз осораш ҳувайдост. Баъд аз сари падар, дар соли 1231, писари тамоман ҷавон кори ӯро идома медиҳад ва ҳамзамон бо сарварии мадраса воизии масҷидро ҳам бар дӯш мегирад. Дар як муддати кӯтоҳ овозаи дарсу ваъзҳои ҷолиби Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ҳазорон нафарро мухлису муршиду ҳаводораш месозад. Ӯ, ҷуз машғулиятҳои расмӣ, аллакай фақеҳи номӣ буд ва фатвоҳо медоду дар масҷидҳо мавъиза мекард. Дар ин давра, ки тақрибан сездаҳ сол давом кард, шоири дар оянда барҷастаи замону маконҳо омӯзиши амиқтари ҷараёни тасаввуфро, ки назди падар шуруъ карда буд, таҳти сарпарастии ҳамдиёри донишмандаш Бурҳониддин Муҳаққиқи Тирмизӣ идома дод. Обрӯву эътибораш ҳам батадриҷ меафзуду мақому манзалаташ ҳам ва акнун фақеҳи тамоми қаламрав буд, ҳамагон ба суханаш гӯши эҳтирому эътибор медоданд. Як чиз дар ӯ тағйир наёфт – ноқонеъӣ аз хеш, талоши бештар омӯхтан, ҷаҳди бештар дарк намудану ба сомеъон расондани сирру асрори ҷаҳон ва рамзу рози ҳастӣ.
Дар ин байн вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва маънавии қаламрав дигаргун мешуд. Нобаробариҳои шадиди иҷтимоӣ, фақру бенавоии миёншикан, ваҳму воҳимаи ҳардамафзои даррасидани чингизиёни хунхор руҳияи мардумро мешикаст, бисёриҳоро ба вартаҳои гуногун, аз ҷумла навмедиву дунёбезорӣ меафканд ва дар маҷмуъ ҷараёнҳои дарвешиву сӯфияро ривоҷ медод. Ягонагии табиату Офаридгор, ки ин гурӯҳи иҷтимоӣ таълиму талқин менамуд, зиддияти шадиду хунинашонро бо дини расмии суннатӣ торафт бештару бештар мекард ва ҳатто боиси пайдоиши руҳияи эътирозҳои иҷтимоӣ шуда, ҷомеаро метаконд.
Дар ҳамин аҳвол рӯзе, аниқтараш 15 ноябри соли 1244, дарвеше бо номи Шамси Табрезӣ ба суҳбати Ҷалолуддин Муҳаммад расид ва ҳамдамиву ҳамгапӣ бо ӯ батамом дигаргунаш кард. Гӯё биншаста буд, ки бархост, ҳушёр буд, ки маст шуд, бохуд буд, ки бехеш гашт. Таъсири дарвеши вораставу сарозод ва бетааллуқу бетамаллуқ чандон буд, ки натанҳо ҷаҳону ҷаҳонбинии Ҷалолуддин Муҳаммадро комилан тағйир дод, балки кору рӯзгорашро чаппаву роста карду барҳам зад. Дар симои Шамси Табрезӣ ӯ орзуи хешро дид, инсони ормониеро дарёфт, ки умре дар ҷустуҷӯяш буд. Фараҳу рифоҳи кору рӯзгори Ҷалолуддин Муҳаммад барҳам хӯрд, дигар саропо ошиқи шайдову муршиди бесарупои Шамси Табрезӣ шуда буд ва ҷуз суҳбати ҷонпарвару беохири Шамси Табрезӣ, ҷуз ёду хаёли ӯ, ҷуз вирду зикри ӯ ва васфи ишқи ҷонсӯзаш кори дигаре надошт. Мударрису фақеҳи номии қаламрав ба зоҳиди парҳезгору гӯшанишине табдил ёфта буд. Бо мақсади оромии руҳу тағйироти руҳияи Ҷалолуддин Муҳаммад муридонаш қасд намуданд, ки маҳбубашро аз ӯ дур бикунанд.
Мегӯянд, ки рӯзе, аниқтараш 5 декабри 1248, ҳангоми суҳбати пиру мурид пайравони Ҷалолуддин Муҳаммад Шамси Табрезиро берун мехонанду бо ҳамин ӯ беному нишон мегардад ва тахмине торафт яқинтар мешавад, ки варо нобуд кардаанд. Овоза ҳам мешавад, ки гӯё ин фоҷиа аз беэҳтиётии писари Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ – Алоуддин рух додааст. Мегӯянд, ки баъди чанде писари Мавлоно низ ба таври асрорангез кушта мешавад ва аксаран инро аксуламали доираҳои мутаассиб ба озодфикриву озодандешии шоир медонанд.
Ин амал натанҳо оташи меҳру муҳаббати муридро ба пираш хомӯш карда натавонист, балки онро садчанд аланга дод. Мегӯянд, ки ҳатто Мавлоно ба ҷустуҷӯи Шамс то Димишқ рафтаву навмед баргаштааст. Осори ин захми ҳаҷри ҷонсӯз, ки аз намаки ҳиҷрон тоқатнопазир гашта буд, дар шакли ашъори ноби дилрас аз лабони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷорӣ мешуд. Ҳамроҳиву ҳамдамӣ бо дарвеши пурасрор замини илҳому қудрати фавқулодаи бадеии шоирро рахна зада буд ва он фавворасон меҷӯшиду ба сафҳаҳо гавҳарҳои пурбаҳои назми ҷовидона мерехт. Шодии ногаҳонии дидори Дӯст ва заҳри ҷудоии ғайримунтазираи ӯ шоирро илҳоми саршор ва умри абадӣ бахшид. Ӯ дигар бе чунин рамзи Ваҳдату Ягонагӣ зиста наметавонист ва баъди Шамси Табрезӣ шогирдонаш – заргари зарриндил Салоҳиддини Заркӯб ва баъди марги ӯ Ҳисомуддин Ҳасанро ба сифати чунин рамзи маънавӣ баргузид. Махсусан, нақши нафари охирин дар сабту мондагории осори Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ бузург аст. Маҳз ӯ осори Мавлоноро, ки шифоҳӣ ё таронасон эҷод мешуданд, рӯи коғаз оварда, бо таҳриру тадвини пираш умри ҷовидона бахшидааст. Асари асосии Мавлоно – «Маснавӣ», ки имрӯз шоҳкори адабиёти ҷаҳон эътироф шудааст, дар шаш дафтар ва тули понздаҳ сол низ маҳз бо пешниҳоди Ҳисомуддин Ҳасан эҷоду китобат шудааст.
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ,
– хулоса кардаааст ин асари бузургро донишманди аҳди сафавиҳо Баҳоваддини Омулӣ ва, дар ҳақиқат, ин китоби ҳам ба зоҳиру (беш аз панҷоҳу як ҳазор мисраъ) ҳам ба ботин дар адабиёти ҷаҳон камназир тавассути тамсилҳои сершумору ишораҳои пурбор аз «Қуръон» ва ҳадисҳо, пораҳои пандомӯзу ғиноии бисёр бақуввату дилрасу фарогир моҳияти тариқати ҷолибу пурасрори сӯфияро бозгӯ кардааст ва то имрӯз диққати инсонияти муҳтоҷи худогоҳиву худшиносиро ба худ мекашад. Мазмуни воҳид надорад ин шоҳасари адабиёти ҷаҳон, лекин руҳияи ягонааш инро ҷуброн мекунад ва дар маҷмуъ хонандаро ба хулосаҳои бузурге дар боби оламу одам мерасонад. Таълимоти тавҳид, ки тариқи рамзу тамсилҳо баён мешавад, маънои бо Дӯст, яъне Худованд зистану дар ӯ фано шуданро дорад ва аҳли тавҳид инсонҳоеанд, ки умре аз ҳиҷрони Дӯст дар азобанд. Мавлоно шеъру мусиқиву рақсро, ки шуғлҳои писандидатаринаш буданд, василаи маънавии ба Дӯст-Худо расидан, дар ӯ фано гаштан ва баъдан эҳё шудан медонад. Чархидани дарвешон воситаест, ки онҳоро аз олами сифлӣ ба олами улвӣ мебараду восили Дӯст месозад (хусусиятҳои ҷолиб ва рамзу рози самоъро ба назар гирифта, соли 2005 комиссияи фарҳангии СММ – ЮНЕСКО онро шоҳкори мероси ғайримоддии фарҳангӣ эълон кард).
Аз Мавоно Ҷалолуддини Балхӣ асари бузурги манзуми дигар – «Девони кабир» ҳам боқӣ мондааст, ки аксари осораш бозгӯи ишқи беназир ба пири маънавиаш (аксари байтҳои тахаллус ба номи ӯст ва худи девон бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» ҳам машҳур аст), бозтобҳои ишқи илоҳӣ ва ваҳдати вуҷуд мебошад, лекин пораҳои содаву равони соф ғиноияш ҳам кам нестанд. «Девони кабир» офтобе буд ба ёду хотираи дурахшони Шамси шоир, ки новақт ғуруб карду ӯро гирифтори ҳиҷрони созандаи хеш намуд.
Ҳа мчунин, маҷмуаи ҳафтоду як суҳбати Мавлоно бо номи «Фиҳи мо фиҳӣ» («Он чи дар он аст» – ишора ба «Қуръон») машҳур аст, ки шогирдонаш сабту мураттаб кардаанд, «Маҷолиси сабъа» («Ҳафт маҷлис») ҳафт мавъизаи Мавлоно ва «Макотиб» («Мактубҳо») номаҳои ӯро ба пайвандону шогирдон ва ҳокимон дар бар мегирад ва ҳамон қадар ки ашъораш содаву дастрас аст, ин осор, бино бар тақозои услуб, печидаву мушкилфаҳманд.
Барои дунёи ҳамеша ноором ва инсонияти ба хархашаву моҷароҳои гуногун бадном бахусус андешаҳои бузургворонаи Мавлоно оид ба ваҳдати ҳамаи халқҳову мазҳабҳо гаронбаҳоянд. Имрӯз ҳам ин масъала басо ҳассос асту баёнаш хатарбор, пас тасаввур кунед, ки ҳашт қарн пеш иброзаш аз шоир чӣ маҳорати адабиву ҷасорати инсонӣ тақозо мекард.
Бузургии Мавлоно, чун санъаткори бузурги адабиёт, он буд, ки дарди ҳар инсонро дар ҷони хеш эҳсос менамуд ва чунон ҳикояту тасвир мекард, ки марҳами ҳар ҷони хаста ва панде ҷовидона барои андарзпазирон бошад. Дар ин хусус бозгӯи тамсиле бамаврид аст. Рӯзе ҳамсоязанаш ба хонаи Мавлоно меояд ва мегӯяд, ки «Писари ман аз ҳад зиёд ширинӣ мехӯрад ва, ҳарчанд мегӯемаш зарар дорад, гӯш намекунад. Шуморо бисёр дӯст медорад, бигӯедаш, ки ин корро накунад». Мавлоно, бодиққат ба чашмони писарак нигариста, мефармояд: «Баъди се ҳафта биёредаш». Зан ҳайрон мешавад, ки бузургвори ба ҳалли масъалаҳои сахттарин қодир чаро ин мушкили ночизро чунин ба таъхир меандозад, вале писарашро мебараду баъди се ҳафта меояд. Ин дафъа ва бори сеюм низ ҳамон ҳарфу ҳамон кор такрор мешавад ва ҳалли масъалаи ширинихӯрии писарак ба таъхир меафтад. Вақте ки бори чорум меоянд, Мавлоно фақат як ҷумла мегӯяд: «Ширинии бисёр нахӯр, писарам, зарарат дорад!» «Шумо, ки гуфтед, дигар намехӯрам!» – қатъӣ ваъда медиҳад писараки эътиқодманд. Зан, писарашро ба кӯча гуселонда, мепурсад, ки сир дар чист, чаро ҳамин гапи оддиро чанд моҳ ба таъхир гузошт?
Мавлоно иқрор мекунад, ки худ шириниро дӯст медошт ва, пеш аз он ки ба каси дигар маслиҳати қатъи ин амал бидиҳад, бояд худ аз он халос мешуд; гумон кард, ки муҳлатҳои додааш кофист, аммо кифоя набудааст; инак, дар ин муддат худ аз он одати нохуб раҳо шуд ва бо дилу виҷдони осуда ин корро ба писарак маслиҳат дод.
Яъне, сухани Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ пайвастаи амалу натиҷаи таҷриба аст, ӯ сухани бепояву ҳавоиро хуш надорад. Ҳамин аст, ки суханҳояш ба дардҳо мехӯранд ва чунин муштариву ихлосмандони фаровон доранд. Ин шеър ҳамеша сухани муҳаббату ҳамдардист ба Инсону мушкилоташ ва то Инсону мушкилоташ ҳастанд, пурасару коргар хоҳад буд.
Ҳамин гуна, бо дили бедор ва виҷдону имони орому комил зист шоир ва хеле новақт, 17 декабри соли 1273, дар синни ҳамагӣ 66-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Падруди вопасину абадиаш ҳам бедорона, огоҳона ва ором буд: марг эҳёи дигар, оғози пайвастанаш аст бо Дӯст ва руҳаш ҷовидона зиндаву фархунда хоҳад монд. Турбати поки ӯро дар қуббаи «ал-Хазро» (Мазори сабз), дар паҳлуи падараш ба хок супурданд ва байти волое бозгӯи зиндагии кӯтоҳи ҷисмониву ҳаёти ҷовидонаи руҳониаш гашт:
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.
Маликаи гурҷӣ Гурҷу-хотун, ки ихлосманди Мавлоно буд, бунёди марқадашро сарпарастӣ намуд ва дар он атроф натанҳо оромгоҳи ӯ, балки масҷид, толори рақси самоъ, ҳуҷраҳои дарвешон ва хокҷои пешвоёни тариқати мавлавияро бунёд кард, ки то ҳол зиёратгоҳи мардумони гуногуннажоди дунёст.
Кори Мавлоноро баъдан вориси маънавиаш Ҳисомуддин Ҳасан ва вориси воқеияш Султон Валад идома бахшида, осорашро ба ҳам оварданд ва тариқати мавлавияро асос гузоштанд, ки то имрӯз барҷост ва бар осори рӯҳбахши Мавлонову мусиқии дилнавоз асос ёфта, бо номи «дарвешони чархон» (дарвешоне, ки чарх мезананд, рақси самоъ мераванд) ёд мешавад.
Мавлоно таълим медод, ки Инсон ду бунёди зиндагӣ дорад – ҷисм, ки аз зӯри моддиаш ғизо мегираду муддати муайяне зинда мемонад ва Руҳ, ки аз дилу имон баҳравар асту умри абад дорад. Ин таълимот дар мисоли рӯзгору пайкори худи шоир комилан ба исбот расид. Љанозаи ӯро издиҳоме иборат аз намояндагони миллату мазҳабҳои гуногун то манзили охират гуселонд ва имрӯз муслиму масеҳӣ, габру бутпараст баробар ва бо муҳаббати яксон ба зиёрати руҳи покаш меоянд. Аз шуҳрати ҷаҳониаш чанд санад кофист, ки дар дунё китобҳояш бо теъдоди бузургтарин чоп мешаванд, дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Амрико, осораш серхаридортарин аст (бозгӯи англисии ашъори Мавлоно – тарҷумон Коулман Баркс бо теъдоди ним миллион харидорӣ шудааст), ашъори ошиқонаи Мавлоноро дар тарҷумаи Фаридуни Киё ҳунарпешаҳои машҳури ширкати филмофарии «Голливуд» Мадонна, Деми Мур, Голди Хоун, Филипп Гласс месароянд ва, ниҳоят, ҳамон баҳои Гётеи бузург, ки дар қиронгоҳи ҳафт ахтари тобонтарини самои назми тоҷику форс мақомаш додааст.
Исботи ҳамеша дар ёду хотири инсонияти муташаккир зинда будани шоир он ҳам ҳаст, ки ҳар сол 30 сентябр дар бисёр кишварҳои дунё Рӯзи Мавлоно бошукӯҳ ҷашн гирифта, ба ин муносибат маҳфилҳо баргузор мешаванд. Соли 2007 бо қарори ЮНЕСКО Соли байналмилалии Ҷалолуддини Балхӣ эълон гардид ва перомуни эҷодиёташ чорабиниҳои зиёди адабиву фарҳангӣ сурат гирифтанду китобҳои зиёдаш ба табъ расиданд. Вале, бояд гуфт, ки ҳамоно нусхаи муътамадтарини асари асосии Мавлоно – «Маснавӣ» нашри солҳои 1925-1940 (тарҷума, қайдҳои интиқодӣ ва шарҳу тавзеҳи Рейнолд Николсон) боқӣ мемонад, ки пайваста дар кишварҳои марбути шоир ба табъ мерасад ва кори зери дасти хонанда ҳам аз рӯи чанд нашри ҳамин нусха сурат гирифт.
Мавлонои Балх бунёдгузори як тариқати бисёр пурзӯру машҳури мазҳабӣ, соҳиби миллионҳо нафар муриду пайрав буд, вале номаш маҳз аз шарофати шеъри равону дилафшон зинда монд. Боз ҳам бо баёни орифонаи донишманди мазкур,
Ман чи гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест Пайғамбар, вале дорад китоб.
Оре, руҳи шоири бузург натанҳо дар вирду зикри миллионҳо эътиқодманди тариқатӣ, балки қаблан дар китобҳои ҷовидонаш, ки инак ҳашт аср боз батакрору бешумор табъу нашр ва дастрасу дилраси миллионҳо нафар дӯстдори каломи волои бадеӣ мешаванд, зиндаву поянда хоҳад монд. Дар баробари ҳар нашри осори Мавлоно метавон гуфт, ки ӯ аз Вахши тоҷикон бархост, рӯи ҷаҳонро гашт ва бо забону баёни ноби соф тоҷикӣ бозпас ба ватани аҷдодиаш омад.
МАВЛОИ БАЛХ
Чун ишқ зебо омадӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Оташ ба ҷону дил задӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Кардӣ маро бо ман қарин, дилофаринӣ, офарин,
Эй дилтарин, эй ҷонтарин, ё пир, ё Мавлои Балх!
Чашмам ба сӯят равзан аст, қалбам зи нурат равшан аст,
Ҷонам куҷо банди тан аст?! Ё пир, ё Мавлои Балх!
Масти майистони туям, барги найистони туям,
Як нолаи ҷони туям, ё пир, ё Мавлои Балх!
Бо нури ту рӯшан шудам, бо бӯи ту гулшан шудам,
Аз тан гузаштам, ман шудам, ё пир, ё Мавлои Балх!
То чун найистон рустаам, аз ин дайистон растаам,
Дил бар майистон бастаам, ё пир, ё Мавлои Балх!
Бо савти най бархостам, дидам, ки ҳар ҷо ҷостам,
Растам, ки кардӣ ростам, ё пир, ё Мавлои Балх!
Гар ғӯра ё салхи туям, ширин ва ё талхи туям,
Аз Рум ё Балхи туям, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй ишқи пок, эй ошиқӣ, эй рамзи сидқ, эй содиқӣ,
Шамсӣ ту бо ин бориқӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Шамси ҷаҳони дигарӣ, руҳи равони дигарӣ,
Бар ҷисм ҷони дигарӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй рӯд, эй амвоҷи ман, эй авҷ, эй меъроҷи ман,
Тоҷики соҳибтоҷи ман, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй Офтоби Шарқи ман, дар Ғарби Шуҳрат ғарқи ман,
Аз туст рӯшан фарқи ман, ё пир, ё Мавлои Балх!
Аз ту саробам об шуд, олуда ҷонам ноб шуд,
Партоби ман пуртоб шуд, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй базми дил, эй сури дил, Мансури дил, манзури дил,
Эй нури нури нури дил, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй зиндадори паҳлавӣ, ояндадори маънавӣ,
Шуд куҳна дунё, ту навӣ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй марзи ман, эй буми ман, мафҳуми ман, мавҳуми ман,
Эй Балхи ман, эй Руми ман, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй ишқ аз ту бехазон, эй сидқ аз ту ҷовидон,
Эй асли ин, эй асли он, ё пир, ё Мавлои Балх!
Эй фавҷи авлотар зи фавҷ, эй мавҷи дарётар зи мавҷ,
Эй авҷи болотар зи авҷ, ё пир, ё Мавлои Балх!
Низом Қосим