Аз Боми Ҷаҳон — бо боли замон
Ғуломалиев Ғуломҳайдар – Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1946), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1955), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1957).
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба таърихи пуршарафи халқамон таваҷҷуҳ бештар гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён» менависанд: “Албатта, яке аз сарчашмаҳои аслии ҳувияти миллӣ муроҷиати доимӣ ба гузаштаи қаҳрамононаи халқи худ, ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ва гиромидошти ёду хотироти фарзандони фарзонаи миллат мебошад”.
Қонуни зиндагӣ ҳамин гуна аст, ки инсон як рӯз ба дунё меояд ва боз рӯзе онро тарк мекунад. Танҳо номи касе дар ёдҳо боқӣ мемонад, ки барои халқаш хидмат карда бошад. Одамони боистеъдод, болаёқат сарвати ҳар кишвар ҳастанд, онҳо бо меҳнат ва истеъдоди худододашон меҳру муҳаббат ва эҳтироми мардумро ба даст меоранд.
Ҳар шахсе, ки номаш дар қалби мардум лона гузоштааст, абадӣ хоҳад монд. Ғуломҳайдар Ғуломалиев фарзанди шоистаи халқи тоҷик, аз ҷумлаи афроди машҳур аст, ки бо хидмати худ дар қалби халқи азизаш абадӣ ҷо гирифтааст.
Аз ёддоштҳои собиқ раиси Шурои Вазирони Тоҷикистон Н. Додхудоев: «Баҳори соли 1936 дастаи ҳунарии «Помир» зери роҳбарии Ғуломалиев Ғ. ба аввалин Озмуни устодони санъат дар Маскав даъват шуд. Дар ҳайати он устодони санъати халқи тоҷик: Савсан Бандишоева, Сабзаҷон Шоисмоилова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Файз Ҷорубов ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Қирғизбегим Ғарибшоева ва Бекназар Муҳаммад Ализода шомил буданд. Дастаи ҳунарии тарона ва рақси «Помир» дар байни тамошобинони шаҳри Маскав таъсири зиёд гузошт ва аз муваффақияти чашмгир бархурдор шуд.
Соли 1939 дастаи ҳунарии этнографии “Помир” таъсис ёфт.
Дар як муддати кӯтоҳ дастаи ҳунарӣ маҳорати хорсароӣ ва навозандагии оркестрро бомуваффақият аз худ кард. Ин амр ба ин далел имконпазир шуд, ки як қатор устодони боистеъдоди суруд, мусиқӣ ва рақс ташнаи ҳар як чизи ҷадид буда, дар кор сахтгир мебошанд.
Дар ҳар касбу кор истеъдод лозим аст, аммо мисли алмос он бе суфта кардан намедурахшад. Меҳнати доимӣ умри истеъдодро дароз мегардонад.
Ҳамин тавр, Ғуломҳайдар Ғуломалиев — навозандаи фавқулода, бо таъбири маҷозии рафиқонаш, “халтаи пур” оҳангу наво ва матнҳоро ба армуғон овардааст. Худи ӯ ашъори шоирони шуравиро бо мусиқӣ ҷӯр намуда, оҳангу навоҳои нав эҷод мекунад.
Ғуломалиев мусиқии халқи худро бисёр хуб медонад, сеторро ба таври комил менавозад, ки аз он садҳо садоҳои мухталиф бо холисии шигифтангез берун мешавад».
Ходими давлатӣ ва ҷамъиятии тоҷик, профессор Меҳрубон Назаров дар асари худ «Санъати халқи тоҷик» дар бораи ин ҳунарпеша чунин навиштааст: «Дар айёми ҷавониам на як бору ду бор шунида будам, ки Ғуломҳайдар ном ҷавон гитара навохтанро аз сарҳадчиён ёд гирифтааст. Пайдошавии гитара ва мандолина диққати ҷавонони Помирро ба худ ҷалб намуд. Аввалин шахсе, ки дар байни ҷавонони маҳаллӣ навохтани гитараро омӯхтааст, Ғуломҳайдар Ғуломалиев буд. Оҳиста-оҳиста вай навохтани тамоми асбобҳои мусиқиро ёд гирифт. Ӯ дар маркази ноҳияи Рӯшон ҳалқаи ҳаваскорони бадеиро ташкил кард. Аз соли 1930 шахсан роҳбари ин ҳалқа буд.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1904 дар ноҳияи Рӯшон дар оилаи мутриб таваллуд шудааст. Падараш Ғуломҳайдарзода Ғуломалӣ дар истеҳкоми Қалъаи Вамар — ёздаҳумин маркази маъмурии аморати Бухоро дар Помири ғарбӣ мутриб буд. Писари калониаш Ғуломҳайдаров Давлатшо — мутриб, раққос, сарояндаи дастаи ҳунарии бачагонаи «Помир», иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) мебошад. Писари хурдиаш Ғуломҳайдаров Ганҷибой мутриб, бастакор, сароянда, иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1957) буд. Ҳамсари писари калонӣ, Барно Аҳмадова — Ҳунарпешаи хизматнишон- додаи ҶШС Тоҷикистон, иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав дар солҳои 1941-1957, наберааш Ғуломҳайдаров, то охири ҳаёти худ дар гурӯҳи “Шамс” мутриб шуда, кор кардааст.
Ғ. Ғуломалиев бо дӯсти ҳаммактабаш Марватшо Бандишоев (Ҳайдар- беков) аз ибтидои асри ХХ дар дастаи ҳунарии ҳаваскорони «Помир» кор кард. Номбурда тамоми ҳаёти эҷодии худро ба ин даста бахшида, роҳи душвореро аз мутриби одӣ то роҳбари бадеии он тай намуд.
Соли 1940 мавсуф дар назди Филармония аввалин дастаи ҳунарии касбии тарона ва рақси помириро ташкил кард. Ӯ беҳтарин намунаҳои эҷодиёти халқи тоҷикро омӯхта, дар ҳамин замина корномаи дастаи ҳунариро падид овард. Ин даста санъати мусиқӣ, сарояндагӣ ва рақсии ба худ хосси Бадахшонро барои мардум ба армуғон овард, ки аз эҷодиёти халқи дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафовут дорад. Дастаи ҳунариро боз он чи ғанӣ гардонид, ки қариб дар ҳар як ноҳияи Помир омилҳои бисёр фарқкунандаю ба худ хосро пайдо намуд. Дар ин ҷо рақс бо шамшер, чӯбдаста, ғиҷҷак, қошуқ, «Сегоҳ», «Гулғунча»-и машҳур ва ниҳоят сюитаҳои рақсӣ ва мусиқии муаллифони помирӣ иҷро гардиданд.
Ба дастаи ҳунарӣ низ лозим омад, ки иҷрои бисёровозиро азхуд намуда, дар Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав соли 1941 низ иштирок кунад».
Зикри чанд иқтибос аз матбуоти ИҶШС ҳангоми баромади дастаи ҳуна- рии Помир дар рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав, соли 1941, аз ҷумла аз рӯзномаи «Правда»:
«Халқи тоҷик дастаи ҳунарии бачагонаро ба Маскав фиристод. Инҳо ҳунарпешаҳои хурд аз Помир мебошанд, ки аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон гирд оварда шудаанд. Бачаҳо пиёда, савори аспу хар, шутур ва ҳавопаймо ба Хоруғ — маркази Помир омаданд. Акнун дар ин ҷо, рӯи саҳнаи Театри Калон ҳастанд. Онҳоро бо қарсакзанӣ истиқбол мегиранд, ин ифодаи эҳтиром ба синну сол аст. Аммо дере нагузашта ҳама ҷамъшудагон дар толори Театри Калон ба қобилиятҳои ҷолиби кӯдакон эҳтиром мегузоранд. Ана Зебо Искандарова рақси мазҳакавии «Бартанг»-ро иҷро мекунад, ки дар кӯҳистон бисёр машҳур аст. Ана Абдулваҳҳоб Мирзошоев, ки тамоми созҳои мусиқии помириро медонад, суруди халқии «Дӯстам»-ро бо созҳои танбур ва асбобҳои қадимӣ месарояд. Ба назар мерасад, ки мо овози дарёҳои пуртуғёни кӯҳӣ, ғулғулаи ҷараёнҳои тез, фарёди уқобҳои дар ҳоли парвозро мешунавем. Бачаҳо аз «Боми ҷаҳон» фуромада, ба қуллаи мусиқии ИҶШС — рӯи саҳнаи Театри Калон баромаданд, то ки бо рақсу таронаҳои шӯху диловез аз хушбахтии халқи озод ҳикоят кунанд.
- Раиси Президиуми Шурои Олии ИҶШС М. Калинин ба иштирокчии фаъоли дастаи ҳунарии бачагонаи этнографии Помир Абдулваҳҳоб Мирзошоев медали «Барои меҳнати шоён»- ро супорид (А. Мирзошоев падари сарояндаи тоҷик Муборакшо мебошад).
Дар рӯзномаи «Вечерняя Москва» чунин омадааст: « Азамати кӯҳҳо, дарёҳои ҳамеша пурсадо ва пурталотум, фарёди ғуруромези уқобони баландпарвоз, табиати шигифтангез — ҳамаи инро дар суруду мусиқӣ ва рақси помирӣ эҳсос мекунед.
Як қатор ноҳияҳои Помир, ки дар гузашта ба далели душвории мавзеъ ҷудо шуда буданд, то кунун натанҳо забони худ, балки вижагии хосси санъатро низ ҳифз кардаанд.
Дар миёни ширкаткунандагони ин даҳа тамошобинони Маскав ҳунарпешаҳои ҷавонеро хоҳанд дид, ки дастаи ҳунарии бачагонаи «Помир»-ро ташкил медиҳанд.
Ҳоло ба ин дастаи ҳунарӣ 12 духтар ва 20 писар шомил ҳастанд. Калонтарини онҳо 16-сола ва ҷавонтарини онҳо 9-сола аст.
Дастаи ҳунарӣ ғайр аз баромадҳои консерти хотимавии даҳа барои мактаббачагони Маскав низ консерти калон омода кардааст.
Хори писарон барномаи бузургеро фаро гирифта буд, ки дар он зери ҳамоҳангии асбобҳои қадимии танбур суруди помирии «Фалак» иҷро карда мешавад. Дар байни дигар сурудҳои хорӣ метавон ба «Суруд дар васфи Помир», «Гули лола», «Мамлакат», «Аз Помир ба Маскав» ишора кард.
Дар дастаи ҳунарӣ яккахонон бисёранд. Ҳамаи онҳо дар як вақт раққос, сароянда ва навозанда низ ҳастанд».
Шоири бузург Абулқосим Лоҳутӣ баромади дастаи ҳунарии бачагонаро тамошо кард. Табиист, ки аз ҳаяҷон шеъри машҳури худ «Лолаҳои Бадахшон»-ро эҷод намуд ва пас аз консерт онҳоро ба назди хонумаш даъват кард. Дар вақти хӯрокхӯрӣ ин шеъри машҳурро бори аввал дар ҳузури бачаҳои тоҷик қироат намуд:
Равшанӣ борад зи Рӯшон, насли рахшонро бубин,
Лолаҳои навраси Хоруғу Рӯшонро бубин.
Гар надидӣ гавҳари рақсону лаъли нағмахон,
Ганҷҳои санъати кӯҳи Бадахшонро бубин.
Бар дил ин лабҳои хандон шодмонӣ медиҳанд,
Пирӣ аз хотир баранд, ин навҷавононро бубин.
Кас надида рӯи ҷонро то кунун бо чашми сар,
Дар рухи ин бачаҳо, эй дил, биё, ҷонро бубин.
Ҳолашон пурҷилваву ояндашон тобанда аст,
Шодию фахру умеди Тоҷикистонро бубин.
Панҷсола кӯдакон ҳам номдорӣ мекунанд,
Пур зи осори сталинист, давронро бубин.
Баромади дастаи ҳунарии «Помир» ғановати қувваҳои эҷодиёти халқи боистеъдоди тоҷикро ба намоиш гузошт, ки мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор гирифт.
Дар охир ба иштирокчиён ҷоизаҳо доданд. Дар бораи мукофотонидани иштироккунандагон ва ташкилкунандагони Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав Шурои Комиссарони Халқии ИҶШС қарор қабул кард. Иштирокчиён ва ташкилкунандагон бо мукофотпулӣ ба андозаи музди меҳнати думоҳа сарфароз гардонида шуданд. Бачаҳое, ки дар даҳа иштирок карданд, ба хонаҳои истироҳат ва санаторияҳо роҳхат гирифтанд. (TACC).
Ва ҳамчунин иштироккунанда- гон бо ордену медалҳо мукофотонида, дастаи ҳунарӣ бо байрақи « Пешқадами санъат » — и И ҶШС тақдир карда шуд.
Пас аз барҳам хӯрдани дастаи ҳунарии тарона ва рақси «Помир» моҳи июни соли 1941 Ғуломҳайдар Ғуломалиев мудири клуби ноҳияи Рӯшон таъйин гардид.
Дар солҳои душвор (1941 то 1954) ба ӯ муяссар гардид, ки дастаи ҳунариро барои кишвару халқи худ нигоҳ дорад. Ӯ ҳунармандони ҷавону калонсолро интихоб намуда, дастаи ҳунарии нави этнографии «Помир»-ро таъсис дод. Дастаи ҳунарӣ ба тамоми ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, инчунин ба хориҷа бо консертҳо сафар карда, асолати санъати миллии тоҷикро ба намоиш гузошт.
Назаршо Додхудоев низ яке аз ташаббускорони таъсиси дастаи ҳунарии этнографии «Помир» буд. Ба хотираҳои собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров рӯ меорем: «Соли 1957 масъалаи таъсиси дастаи ҳунарии тарона ва рақси этнографии «Помир» ё дастаи ҳунарии этнографии помирӣ ба миён омад, вале ҳалли мушкилоти моддиаш гарон буд. Мо се ё чор маротиба ба Вазорати маданияти ИҶШС муроҷиат кардем, вале бефоида. Баъд Т. Улҷабоев бо Раиси Шурои Вазирон Додхудоев ба котиби КМ ҲКИШ М. Суслов муроҷиат намуданд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар таъсиси дастаи ҳунарии этнографии Помир мусоидат намояд.
— Чаро дастаи ҳунарӣ лозим аст, охир, дар Тоҷикистон театрҳо каманд? — гуфт М. Суслов.
— Халқи тоҷик Помирро зодгоҳи сурудҳои чаҳонӣ меномад. Агар дастаи ҳунарӣ набошад, ин беадолатист. Ба мардуми Бадахшон ман чӣ мегӯям, чӣ гуна ба онҳо рӯ ба рӯ мешавам?
— Ту маро бовар кунондӣ, Турсунҷон. Хуб, дастаи ҳунарии помириро ташкил медиҳем. Аммо барои ташкили он аз кучо маблағ пайдо кунем?
Турсун Улҷабоев ба раиси Шурои Вазирон Назаршо Додхудоев нигариста, фикри ӯро фаҳмиданӣ шуд. Маблағро бояд дар Маскав пайдо кард”, — гуфт ӯ. Баъд онҳо ба котиби дигари КМ ҲКИШ Кириченко муроҷиат карданд, ки вай ба корҳои молиявию хоҷагӣ роҳбарӣ мекард. Вақте ки ӯ асли гапро фаҳмид, барои ташкили дастаи ҳунарӣ мусоидат намуд. Дастаи ҳунарии этнографии помирӣ таъсис дода шуд. Худи Н. С. Хрушёв аз дидани ҳунарпешагони “Помир” дар консерти Маскав шод шуда, дар симои Улҷабоев ва Додхудоев мардуми Тоҷикистонро табрик кард.
Н. АБДОЛОВ,
доктори илмҳои филологӣ