Аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар

***

Биё, шеърат бихонам  – бехгӯшӣ,
Чу наҷвои насими субҳгоҳӣ.
Басо бигзашт аз ман рӯзу шабҳо,
Ки бо ёре нахондам шеъри худро.

Нишин наздиктар, то лаҳзае чанд
Ба ҳам печад нафасҳои таболуд,
Бигирад рангу бӯи бомдодон
Маро ҳарфу ҳиҷоҳои шаболуд.

Чу бар рӯям расад як тора мӯят,
Маро сад мӯяраг афтад дар оташ.
Биҳил, то гулхане бошам канорат
Пур аз нуру ҳарорат, поку беғаш.

Нишин наздиктар, то чашмҳоям
Зи абрӯят бихонад байти гулчин.
Ба дил гӯям: «Бикун, боиста мекун
Ғазалҳои нигоҳашро ту тазмин!»

Дилат гӯё тапад дар синаи ман,
Дилам гӯё тапад дар синаи ту.
Биёбӣ ҷазбаи деринаи ман,
Шиносам хоҳиши деринаи ту.

Нишин дар рӯбарӯи ман ту хомӯш,
Нишинам рӯбарӯи ту хамуштар.
Худоят офарида шеъри олӣ
Зи нози субҳу аз бӯи гули тар.

Туро хоҳам, ки ҳарфоҳарф хонам,
Нишинӣ дар дилу дар хотири ман.
Агар хоҳӣ, ки бошам шоири ту,
Ту ҳам бош аз муҳаббат шоири ман.

* * *

Туро аз навбаҳорон хостгорӣ карда будам ман,
Ки поизам кунад аз худ фаромӯш,
Ки гулгашти хазонафсурдаи ман
Занад гулҳои рангин дар баногӯш.

Туро аз навбаҳорон хостгорӣ карда будам ман,
Ки дӯзанд аз паранди лолазорон ҳаҷлаи моро,
Кунад моро никоҳ овози булбул,
Ба табрик ояд оҳанги тари рӯд,

Дами боди сабо бошад дуогӯ,
Ниҳад дасти навозиш бӯи ҳулбӯ.
Туро аз навбаҳорон хостгорӣ карда будам ман,
Кадомин навбаҳорон буд?

Баҳори интизорон буд?
Баҳори дилфигорон буд?
Маро аз дар хазон омад —
Хазонамро хазонтар кард,
Пару боли гаронамро гаронтар кард.

Магар фарсангҳо буд аз баҳорон то хазони ман?
Магар раҳгум задӣ то ошёни ман?
Ва ё қисмат хато дода ба дасти ту нишони ман?
Туро аз навбаҳорон хостгорӣ карда будам ман,
Аҷаб фасле дурӯғин буд,
Ки мисли тирамоҳаш расму ойин буд.

* * *

Шом асту моҳ нест, дилам дард мекунад,
Пое ба роҳ нест, дилам дард мекунад.
З-он ахтаре, ки «Чашми ту» номаш ниҳодаам,
Бар ман нигоҳ нест, дилам дард мекунад
Гуфтам, ки дар қадамгаҳи ту сар кашам зи нав,
Умрам гиёҳ нест… Дилам дард мекунад.
Дар ин муҳити гунг ба гунгӣ расидаам,
Дар лаб, ки «Оҳ!» нест, дилам дард мекунад.
Чун кулбае, ки дар раҳи селоб метапад,
Дилро паноҳ нест, дилам дард мекунад.
Ғам кушту боз мекушад, аммо ба рӯзи дод
Ӯро гуноҳ нест, дилам дард мекунад.
Ин қавмро, ки тоҷи каёнаш насиб буд,
Дар сар кулоҳ нест, дилам дард мекунад.
Эй лофи хирмани тиҳӣ! Хомуш,ки дар кафат
Як барги коҳ нест, дилам дард мекунад.
Хоҳам, ки лаб бубандаму осуда дам занам,
Дармони оҳ нест…
Дилам дард мекунад…

* * *

Қасам  ба номи Офаридгор,
Ки дар китобу дар баёзҳо
Мисоли чашми масти ту
Ду ҳарфи майгусор нест,
Ба дафтаре, рисолае
Ба гунаи лаби ту байти шаҳдбор нест.
Чӣ нуктаҳо, қасидаҳо,
Сурудаҳо, нашидаҳо
Ки бенафас фитодаанд.
Ту он нафас, ки мекашӣ чу навбаҳор,
Ба қудрати каломи ҳеҷ сеҳркор нест.
Бигӯ, ки, эй ту аз ҳама бадеътар,
Чӣ гуна дард мекашӣ?
Қалам ба рӯи сафҳаҳои сард мекашӣ?
Чӣ гуна хешро зи нав
Ту шеър мекунӣ?
Ки чун ту шеър дар ҷаҳони ҳолу пор нест!
Ту муждаи хуҷастаи манӣ,
Ту шеъри дилнишастаи манӣ,
Барои ҷони хастаи манӣ.
Биё, ки хонамат тамоми умр,
Ки баҳри шоирии ман
Китоби дигаре ба кор нест!

* * *

Печад гули печак ба шох,
Ҷӯе биомезад ба ҷӯ,
Дар ҷилва бошад то хазон
Барге ба барге рӯбарӯ,
Хоҳам, ки бошад, ҷони ман,
Дасти ту дар дастони ман.

Ҳарфе ба ҳарфе гап занад,
То мисрае пайдо шавад,
Мавҷе ба мавҷе дил диҳад,
То ҷӯшаду дарё шавад,
Хоҳам, ки бошад, ҷони ман,
Дасти ту дар дастони ман.

Пайроҳаро бинам, ки даст
Бар гардани куҳ бурдааст,
Бинам, ки дашти тафтаро
Борон намоз овардааст,
Хоҳам, ки бошад, ҷони ман,
Дасти ту дар дастони ман.

Дар хилват афрӯзад ду лаб
Сад шамъи бӯса ошкор,
Ду дил сабурӣ бишканад,
То зиндагӣ ёбад қарор,
Хоҳам, ки бошад, ҷони ман,
Дасти ту дар дастони ман.

Рӯзе, ки аз Яздони ман
Ояд ба ман фармони ман,
Хоҳам, ки чун Қуръони ман,
Ё чун Нишони шони ман
Бошад муқаррар, ҷони ман,
Дасти ту дар дастони ман!

* * *

Ман дар ин шаҳр аз нидои «Дӯст медорам!»
Тарҳҳо афкандаам бар кӯчаҳои «Дӯст медорам!»
Гӯши худро ту фаро овар ба наҷвои дарахтон,
Бин, чи мегӯяд забони сабзи барги
мубталои «Дӯст медорам!»
Мешиносӣ лафзи ҷӯбори равонро?
Мавҷ мешӯрад паёпай ҳамнавои «Дӯст медорам!»
Рӯи роҳат киштаам ман чашмҳои интизорамро,
Бохабар! Дар зери пойи ту фитода
нақши пойи «Дӯст медорам!»
Ман дареғогӯйи хешам,
То намедонам даруни ғунчаи гӯшат
чи шабнам раҳ кушуда,
То намедонам ба ҷоми гӯшҳоят
бодаи ҳарфи кӣ меҷӯшад,
Баски ҳаргиз нашнавӣ аз ман садои
«Дӯст медорам!»
Кош, бошад заргаре қудсӣ,
К-аз барои ту бисозад гӯшворе
аз тилои«Дӯст медорам!»

Кош, бошад чевари қудсӣ,
К-аз бароят хилъати шоҳӣ бидӯзад
аз матои «Дӯст медорам!»

Аз ҳаво гар хонаи гетӣ бувад холӣ,
Кош, бошад хонаат пур аз ҳавои «Дӯст медорам!»
Шояд он дам бишнавӣ дар худ нидои
«Дӯст медорам!»
Шояд он дам бо таҳайюр бар лаб орӣ:
«Ин садои кист?»
Эй дилу ҷонам фидоят!
Ин ман астам, ман, худои «Дӯст медорам!»

 

Аз рубоиёт

Дардо, ки раҳи ману ту оғоз нашуд,
Ишқи ману ту шаҳпари парвоз нашуд.
Ангушти булӯрӣ зад умедам шабу рӯз,
Аммо дари оҳанини ту боз нашуд.

Сад доғи парешон гузарад аз дили ман,
Сад боғи гулафшон гузарад аз дили ман.
Мешӯраду месарояду менолад —
Дарёи Зарафшон гузарад аз дили ман.

Чун натвонам зи ту иноят бубарам,
Дар сина зи ҷабри ту ҳикоят бубарам.
Аз умри ҷавон шиква ба пирӣ бурдам,
Аз пирии худ куҷо шикоят бубарам?!

Донам, ки ҷаҳон намекунад ёди маро,
Дорад ҳама дам хароб ободи маро.
Бигзор рабоӣ ҳаваси шоди маро,
Аммо нарабо зи сина фарёди маро.

Дар фасли хазон дилам ҳазин аст, ҳазин,
Фарҷоми сари сабз ҳамин аст, ҳамин.
Аз шоха чу барги сарнагун бар ману ту
Меъроҷ ба зулмати замин аст, замин.

Эй мурғаки кӯчӣ, аз сарам мегузарӣ,
Оҳи маниву аз ҷигарам мегузарӣ,
Оё бирасем то ба Наврӯзи дигар?
Чун ашк зи чашмони тарам мегузарӣ.

Кӯрем, ки роҳи мо чунин дур шуда,
Дурем, ки роҳи мо чунин кӯр шуда.
Ҳуше накунад майли ҳамоҳангии мо,
Ноҷӯрии мо рубоби ноҷӯр шуда.

 

Дигар хабарҳо