Аз ашъори шоири зиндаёд Искандари Хатлонӣ
Ба муносибати 70-солагии шоир
ВАТАНФУРӮШ
… Аз гузашта мегурезӣ,
Сахт мебандӣ дари имрӯзро,
Мешавӣ пинҳон ту аз фардо.
Сахт метарсӣ ту аз шабҳои тор!
Гӯиё дар ҳуҷраи торики ренген
Тарҳи захми бедавоят
Тарҳи рӯи дигаратро
Як шуои ногаҳонӣ мекунад пайдо.
Мезанӣ нохун ба сина,
Мехарошӣ,
Лек овози дарунӣ
Мехарошад, мехурад ҷони туро.
Инчунин то субҳдам
Мекушӣ худро,
Вале мурдан намехоҳӣ,
Марг ҳам рӯи туро дидан намехоҳад.
БАРОЯМ ГИРЯ КУН…
Бароям гиря кун имшаб,
Ки танҳо имшабам бе ту.
Бароям гиря кун умре,
Ки ҷони бар лабам бе ту.
Дар ин шабҳои танҳоӣ
Дарамро бод мекӯбад.
Уфуқ маҳтобро хӯрдаст…
Диламро
Мушти як фарёд мекӯбад.
Дар ин шабҳои танҳоӣ
Ман аз танҳоӣ дилгирам,
Агар пайдо шавӣ ин дам,
Дар оғӯши ту мемирам…
Бароям гиря кун имшаб,
Ки танҳо имшабам бе ту.
Бароям гиря кун ҳар шаб,
Ки бе хоби шабам бе ту.
БОДЕ ДАР ШАҲР
Боди беному нишон, саргардон
Боз дар шаҳри калон яккаву танҳо монад.
Ҳама дилҳову ҳама панҷараҳо пӯшида,
Ҳар кӣ ӯро зи дари хонаи худ меронад.
Мисли шабгард, ки бар манзили худ дер ояд,
Мушт кӯбад ба дари баста мудом,
Ба раҳи хеш диҳад боз давом…
…Саҳар аз хона бадар меоем,
Ҳама лабрези ғурур,
Гӯиё аз ҳама асрори ҷаҳон бохабарем.
Бод танҳост, вале
Ба диле раҳ ҷӯяд,
Ки дар он нола кунад зори ба зор…
Мо аз ин бехабарем.
АФСОНА
Он рӯзҳои беғаму даврони пурфараҳ,
Афсонаҳои гуфтаи момои мехрубон
Кайҳост рафтаанд, валекин ба ёди ман
Чун ёдгори кӯдакӣ монанд човидон.
…Субҳи баҳор буду ба болои бомҳо
Аз лола машъалони фурӯзанда менамуд.
Бар кӯҳҳои пир, ки дарҳам хазидаанд,
Хуршед чун даричаи оянда менамуд.
Будем ҳар кадом гули лолаи баҳор,
Аммо набуд дар дили мо сӯзи доғҳо.
Пурифтихор синаву хуршед дар канор,
Нури умед буд ба чашми сиёҳи мо.
Чун абри навбаҳор гузар кард кӯдакӣ,
Борони хеш рехт ба дашти вуҷуди мо.
Акнун ба кӯю боми падарҳои мо бимонд
Афсонаҳову машъали ҷовиди лолаҳо…
ҲАВАСҲО
Кош ҳар шеъраки ман як кафи гандум бошад,
Пошад онро ба заминҳо деҳқон.
Майсаҳо сар занад аз тухми сухан,
Ҳама ҷо сабз шавад дашту даман.
Кош ҳар шеъраки ман як бағали пахта шавад,
Резад аз домани гулдухтараки рустоӣ,
Хирмане пур шавад аз пунбаи шеър.
Кош ҳар шеъраки ман
Ламъаи нур шавад, партави маҳтоб шавад
Ба сари он ки шаби тираву тор
Ҳама шаб дар сафар аст
Якка аз пайраҳаи кӯҳистон.
Кош ҳар шеъраки ман ҷӯй шавад,
Равад аз боғ ба роғ,
Равад аз роғ ба боғ.
Кош ҳар мисраи ман об шавад,
Кош ҳар мисраи ман партави маҳтоб шавад…
ПУРСИШИ КӮДАК АЗ МОДАР
Модар
Оё ман
Фардо
Ба дидани шукуфтани гулҳо
Хоҳам рафт,
Ё на?
Модар,
Оё ман
Фардо
Бо баччаҳои ҳамсоя
Бозӣ хоҳам кард,
Ё на?
Модар,
Ту мегӯӣ:
Он сӯи кӯҳҳо
Шаҳрест,
К-он ҷост офтобро хона…
Бигӯ,
Ба шаҳри офтоб
Маро мебарӣ
Ё на?
АЗ ФАРОСӮЙИ РАСИДАН МЕОӢ…
Ҳарфе
ба содагии хок
Ва нигоҳе
Ба рӯшании об,
Аз ту ниёзи ман ин аст.
Дар рӯзи марги зимистонҳо
Аз фаросӯи расидан меоӣ:
Сапедае дар садо
Ва садое дар сапедасор.
Эй бартар аз нубуғ,
Зулоли ростӣ, ноби ноб,
Хушкистони рӯҳамро
Абри раҳмат бош,
Гоҳе,
даме,
нафасе
бибор!
Ман дар сӯги мӯрчагон мемӯям,
Дар андӯҳам танҳо магзор!