Аз ашъори шодравон Абдулқодири Раҳим

Фарёд

Шукронае ба дасти ғуборам намедиҳӣ,
Як лола ҳам ба хоки мазорам намедиҳӣ.
Осоиши нигоҳи маро бурдаӣ зи ёд,
Дар гиря лутфу меҳри баҳорам намедиҳӣ.
Ин хонаро ба хишти умедам насохтам,
Фарёди бекасии саворам намедиҳӣ.

Тирамоҳи ашк

Тирамоҳи ашки ман афсона нест,
Хона дорад дар сари роҳи нигоҳ.
Офтобаш бо хаёли шуълаест,
Моҳтобаш аз шабам ҷӯяд паноҳ.

Афсун

Мо рӯи ту нодида, мафтуни туро дидем,
Лайлии ту нодида, Маҷнуни туро дидем.
Аз бод хаёли хок, аз об ҳавои нор
Хондему нафаҳмидем, афсуни туро дидем.
Мастӣ пайи маст омад, ҳастӣ пайи ҳаст омад,
Шодӣ бинамудему маҳзуни туро дидем.
Гуфтем: «Худомон дод, аз қарз шудем озод»,
Дар хиҷлати як танга Қоруни туро дидем.

Аз пушти як нигоҳ

Эй масти хеш, ойинаро пушти рӯ мабин,
Ҷавҳар на рӯи туст, на он дудаи хаёл.
Сад муддао зи як нафасат об мешавад,
Канъон зи Нӯҳ дид ҷавоби пур аз савол
Дар як нигоҳи мо.

Ҷудоӣ

Яке мурдоби дур аз дасту поям,
Яке мурдоби дур аз чашму гӯшам.
Худо мехонадам аз рӯи барге,
Ба бебаргии худ бояд хурӯшам.

Даркушоӣ

Аз ман нигоҳи гумшуда ҳам беасар намонд,
Оҳе ба шохи бед як афсона карду рафт.
Барфе, ки дар вуҷуди ту хуфтаст пуштавор,
З-он бин, ки мурғаке зи чӣ ин лона карду рафт.

Ашк

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ки тавонам ба нафас ҳам гӯям.
Дасти ман кӯтаҳ нест,
Ихтиёрам ба замонбозии шаҳ нест.
Аз гадоӣ сари сӯзан дурам,
Меҳрпечидаи сад фағфурам.
Ошное, ки маро фаҳм кунад,
Дар шабистони нукотам хуфтаст.

Ҳисоб

Имшаб баҳор ҳам
Он сон, ки ман шинохтаам, гул намекунад,
Маҳтоб мурдаасту кафан дар сиёҳие
Гардидааст тар.
Аз рӯшанӣ хабар
Марде намедиҳад.

Роҳ

Он тараф нолаи най мешунавам,
Ин тараф гиряи пиронаи даҳр.
Ман замонро ба вузӯ чун шиканам?
Хушклаб омада аз худ лаби баҳр.

Дуо

Ман рӯи як ниҳоли анор омадам ба боғ,
Бо гард ҳамнафас шуданам сад баҳор зод.
Аз пушти ранг хонасуроғе ба хок рафт,
Масте зи бӯи ишқ ба дунёи ток рафт.
Хуршед аз нигаҳ ба дили лола гашт доғ,
Маҳ хирмани умеди ҷаҳонро ба бод дод.

Огоҳӣ

Шири мурғам доданд,
Шишаро бар сари бозори шумо мешиканам.
Дониш аз ҳасрати як гул нашукуфтаст имшаб,
Бӯи беҳбуд дар афсонаи мо дорад таб,
Модарам аз нафаси обилаҳо дӯхта лаб,
Ки маро аз чӣ нигоҳе зоданд?
То замонро зи ду пиндори шумо мешиканам.

Афсона

Номе аз хеш дар андӯҳи дарахтон дорам,
Ҳарфе аз ишқ ба печидагии барги хазон.
Хоҳаре дар нафаси боди баҳор,
Духтаре дар шафақи ашки диёр.
Зиндагие паси афсонаи оби лаби ҷӯй,
Модаре дар нигаҳи абри сари кӯҳ равон.

Ваҷд

Чи чанорест бузург
Пушти ин хотираҳои дуҷаҳонӣ,
Шохаҳояш навбар,
Баргакаш аз гули тар.
Лоларо аз раҳи афсона намебинаду лек
Доғро дар асари ранг нуҳуфтаст ба худ,
Ки замон бо нигаҳи маст зи ҳамсоя набуд.

Нақш

Акси як себ дар оина чӣ ранге дорад?
Бингаред
Ва як оина аз андешаи худ ҳам оред,
Пушти бехона шудан аз раҳи девор биҷӯед
Ва саломе зи шабистони нукотам гӯед,
Шарҳа – шарҳа зи фараҳ об шавед
Шарҳи бедории як хоб шавед.

 

Дигар хабарҳо