Аз ашъори Салимшо Ҳалимшо
Навои Борбад
Хабар зи ишқ саҳарро навои барбат кард,
Ки дида во гули саҳро зи хоби ғафлат кард.
Даме, ки мурғи чаман рафта буд аз чаманаш,
Ба бонги тирадилон гӯши ғунча одат кард.
Танӯри сина насӯзад чу гарм аз сари сидқ
Танӯри сина чи сон тобиши садоқат кард?
Чу Борбад зи хиёнат бурид решаи хеш,
Забон чи гуна раҳо аз гуноҳи ғайбат кард?
Забон зи синаи миллат яқин ки об хурад,
Ки зинда меҳри куҳанро ба сӯзи миллат кард.
Зи раҳбаре, ки надонад забони раҳрави хеш,
Чи эътимод бар ӯ дар раҳи ҳақиқат кард?
Ҷилои лаъли Бадахшон чу бар нигини ту нест,
Чи гуна хона ҷилояш ба тоҷи давлат кард?
Ба гӯши пунбабагӯшон сухан асар накунад,
Ки зери пунбаи пурзаҳр гум шарофат кард.
Қалам бисӯхт зи ғам дар қаламрави Зардушт,
Ба оби дида каломаш магар рисолат кард.
Масӯз аз он ки дар оташ китоби ҷадди ту сӯхт,
Ки дарди ҷадди туро оташе табобат кард.
Зи хоки поки шаҳидон маҷӯй меҳргиёҳ,
Ки меҳр саҷда дар ин хок аз муҳаббат кард.
Умри булбул
Донед, ки умри гул ба олам
Афзун на зи як баҳор бошад,
Дар боғи ҳаёт лек доим
Сарсабзии рӯзгор бошад.
Гулҳо ҳама халқ дӯст дорад
Монандаи рӯйи дилбари хеш,
Гулро накунанд дур асло
Монандаи бахт аз бари хеш.
Гул ҳолшиноси ошиқон аст,
Гул пардакушои роз бошад,
З-он аст, ки умри гул ба олам
Гӯё зи ҳама дароз бошад.
Чашмони зан
Як ҷаҳон ишқ аст дар чашмони зан,
Умр ҷовид аст дар армони зан.
Хостам бар чашми бахтам бингарам,
Чашми ман афтод бар чашмони зан.
Зан агар хандад, замин гул мекунад,
Синаи ишқофарин гул мекунад,
Чун гули хушбӯ зи нури офтоб
Орзуи одамин гул мекунад.
Зан агар хандад шавад кас бениёз,
Дар ҷаҳони ишқ монад сарфароз.
Хандаи ҷонпарвараш гӯяд ба ман,
Бехабар умрат зи ман гардад дароз.
Як ҷаҳон ишқ аст дар паймони зан,
Умри ҷовид аст дар армони зан.
Хостам бар чашми бахтам бингарам,
Чашми ман афтод бар чашмони зан.
Азизтарин инсон
Диёри ман бизанад бӯса бар рухи хуршед,
Ки нури меҳр бирезад ҳамеша бар сари он.
Ниҳода хону бувад боз хонаи мардум,
Ба рақс хона биёяд ба дидани меҳмон.
Касе, ки нон хурад аз хони мо, азиз бувад,
Азизи мост касе гарм кард суҳбати мо,
Бувад азизтарин меҳмони мо шоир,
Ки ӯ барад ба ҷаҳон қиссаи муҳаббати мо.
Мушкил аст
Ростӣ, бе меҳри ҷонон зиндагонӣ мушкил аст,
Бӯстонро бе насими гулфишонӣ мушкил аст.
Рӯзи аввал хушзабонӣ пеши ёр осон бувад
Ҷонфишонӣ гирди номи ёр сонӣ мушкил аст.
Саҳл бошад мева хӯрдан аз сари шохи баланд,
Паст гаштан чун замину боғбонӣ мушкил аст.
Рӯйи хушро рӯзи хуш аз лутф бӯсад ҳар касе,
Бар гирифторони олам меҳрубонӣ мушкил аст.
Бекитобонро китоби бахт бахшидем мо,
Бекитобонро ба олам ҳамзабонӣ мушкил аст.
Дар ҷавонӣ ҳикмати пирӣ басе омӯхтем,
Вақти пирӣ кордонии ҷавонӣ мушкил аст.
Оташе аз кина дар олам задан осон бувад,
Бе навои ҳамдилӣ оташнишонӣ мушкил аст.
Ин ҷаҳон меҳмонсарои мо бувад, эй ошиқон,
Бар сари хони муҳаббат мизбонӣ мушкил аст.
Бе суруди ҳамсафарҳо ҳамназарҳо кам буванд,
Дар диёри хубчашмон дидабонӣ мушкил аст.
Гарчи дар як хонаем, аммо ба ҳам бегонаем,
Бе забони ишқ охир ҳаммаконӣ мушкил аст.
Метавонӣ оқибат бе тӯша бар манзил расӣ,
Бе навои қаҳрамонон қаҳрамонӣ мушкил аст.
Раҳ гирифтан дар замин бар офтоби нурбор,
Ростӣ бе қуллаҳои осмонӣ мушкил аст.
Ошён бигзоштан дар қуллаҳо осон бувад,
Ошёнро чун уқобон посбонӣ мушкил аст.
***
Ман ошиқаму роҳ ба уммед барам,
Дар синаи худ давлати ҷовид барам.
Эй ташнаи раҳ, аз пайи ман о, ки туро
Охир ба сари чашмаи хуршед барам.
***
Шамсе, ки чунин ҳарорату фар дорад,
Аз партави он нахли ҷаҳон бар дорад.
Он қувваи бебадал надорад ҳаргиз
Меҳре, ки ба тифли хеш модар дорад.
***
Дар маънии сад китоб моро шустанд,
Дар партави инқилоб моро шустанд.
Покиза зийем то мисоли анвор,
Дар чашмаи офтоб моро шустанд.
***
Ҳар тахтаи санг бар сари куҳсоре
Шуд сафҳаи пора-пораи ашъоре.
Сӯзи ҷигари Носири Хусрав ояд
Бо ҳар шеъре аз даҳани ҳар ғоре.
***
Гар дастагулӣ ту, дар чаман бояд буд,
Гар марди раҳӣ ту, дар Ватан бояд буд.
Фарзанди падар будан ба олам саҳл аст,
Фарзанди замони хештан бояд буд.
***
Озодии минбар аст ҳушёрии халқ,
Ободии кишвар аст хушкории халқ.
Бар гӯши шабон чароғи шоир мегуфт
Бедории шоир аст бедории халқ.
***
Тоҷик ба фарқ тоҷи давлат дорад,
Аз давлати худ чу кӯҳ қудрат дорад.
Гардун ба сараш, ки тоҷи хуршед гузошт,
Бар даҳр чу хуршед муҳаббат дорад.



