Аз ашъори Сайидамин Ҷило
Адиби шинохта Сайидамин Ҷило 80-сола шуд.
Кӯҳи ғафлат
Шод кун, шаҳбону, рӯзе ин гадои хешро,
Бо закоти ҳусни худ бахшо атои хешро.
Ганҷи истиғнои ту ҳаргиз нагардад кам аз ин,
Бештар бинмо ба мо нозу адои хешро!
Аз ситезу қаҳру дашномат наранҷам, балки боз
Ман намедорам дареғ аз ту дуои хешро.
Дардманду мустаманд, овораву бечораам,
Ҷӯямаш аз ҳар даре акнун давои хешро.
Мезанам бар санги ҳасрат бо надомат ҳар нафас
Ин сари афсурдаҳолу бенавои хешро.
Сар кашад аз хок то афлоки мағрурӣ мудом,
Кард ҳар кас гар фаромӯш ибтидои хешро.
Мерасад бе ҳеҷ ангоре ба қадри ҳамдигар,
Гар ба ёд овард мардум интиҳои хешро
Даври пирӣ омад, он сарви равонам муттакост,
Оқибат бигрифтаам бар даст асои хешро!
Лолу ҳайрон, безабону гунгаму набвад илоҷ,
То ки гӯям ошкоро муддаои хешро.
Борҳо кардам садо бар кӯҳи ғафлатсанглох,
Лек бишнидам фақат з-он сӯ нидои хешро!
Одами танҳои танҳоям, ғарибам, бекасам,
Баски гум кардам, Ҷило, Момоҳавои хешро!
Ватан
Ватан хоку оби муқаддас бувад,
Мақомаш самодастнорас бувад.
Чи донои узмо, чи доро, чи шоҳ,
Чу қадраш надонист, нокас бувад.
На сарват бихоҳам, на мансаб, на ҷоҳ,
Дар оғӯши он зистан бас бувад.
Ҳама санги кӯҳаш пари қу барин,
Алафзори дашташ чу атлас бувад.
Хасаш ҳам бароям чу симу зар аст,
Вале беватан ин ҳама хас бувад.
Ҳавояш ба шаш сӯ бувад ҷонфизо,
Заминаш адабгоҳи дилрас бувад.
Гули навбаҳораш бишуд тоҷи сар,
Хазонаш ба танҳо банорас бувад.
Магас дар фазояш ба мисли уқоб,
Уқоби бурунрафта каргас бувад.
На тахту на бахте бигӯям, Ҷило,
Ватандор бошам, ҳамин бас бувад!
Зан
Зан бувад сарчашмаи нерӯи мард,
Қуввати дил, қудрати бозуи мард.
Нӯш ҳам дорад замираш, неш ҳам,
Зан ба шаҳди зиндагӣ оруи мард.
Марҳами дарду шифои беҳтарин,
Кас наёбад ғайри зан доруи мард.
Чораву тадбири зан дар банду баст,
Дошт ҳифзаш рӯзу шаб боруи мард.
Манзили ободу равшан аз зан аст,
Офтоби арсаи минуи мард.
Санг гардад об аз нармии ӯ,
Мушкил осон мекунад бонуи мард.
Шаш ҷиҳат аз ӯ муаттар мешавад,
Зан абири анбари хушбӯи мард.
Рашк орад ҳар малак андар фалак
Аз парии гулруху хушрӯи мард.
Хоби санҷобӣ
Гарчи фардо аз замину аз замон кобӣ маро,
Меҳрубонтар бош, ки дигар намеёбӣ маро.
Офтоби зиндагиям хиратоб андар ғуруб,
Мебарад боди адам чун хоки маҳтобӣ маро.
Чеҳраи коҳида, дасти хушку чашмони пурашк,
Ин замини лалмию ин мазраи обӣ маро!
Миннати дунону найранги ҳасудони палид
Сӯхт афзунтар аз ин озори бетобӣ маро.
Фарқи неку бад надид ин дидаи бикшодаам,
Мерабояд ақлу ҳуш ин хоби санҷобӣ маро.
Кимиёгар аз танам санги тағофул сохтаст,
З-он ба худ н-овард ҳатто бумби партобӣ маро.
Нав ба нав гирам сабақ аз панду фанди рӯзгор,
Ҳеҷ гаҳ поён наёбад даври туллобӣ маро.
Бо хаёли рӯзи хуш гардидаам бедорхоб,
Мефизояд орзу шабҳои бехобӣ маро.
Кардааст он дилбари шӯхи замона беқарор
Бо рухи хуршедгун, бо чашми нилобӣ маро!
Дур шуд оромӣ, охир, аз дили шоди Ҷило,
Мекунад наздик васлаш ҷони симобӣ маро!
Санги адо
Ангушти шафиқонаву нармаш дари мо зад,
Мавҷи ҳаяҷон боз ба ин пайкари мо зад.
Нашнохт агар ҷилваи ӯ дидаи тира,
Бо савту наво бонг ба гӯши кари мо зад.
Бинвишт гуноҳи нигаҳам бо қалами рамз,
Нақши аламаш бар варақи дафтари мо зад.
Ин синаи доғам ҳадафи тири сухан шуд,
Сад зарбаи ҷонкоҳ ба дил ханҷари мо зад.
Ҳар офати дунё бувад аз кӯҳи тағофул,
Вулқони бало бар ҷасади музтари мо зад.
Изҳори тараҳҳум чу намудем, барошуфт,
Наҷвои тавалло ба дили дилбари мо зад.
Тороҷу парешон шудам аз лашкари ишқаш,
Ногоҳ шабехун ба ҳама кишвари мо зад.
Чун хостам аз ғунчагуле накҳати нозаш,
Хандида, Ҷило, санги адо бар сари мо зад.
Хабар
Ёрам маро ба маҳфили хубон хабар накард,
Ангушти худ газида ба дандон, хабар накард.
Бар халқ ӯ зи маъракаи худ паём дод,
Танҳо маро ба базми азизон хабар накард.
Аз дасти худ раёнаву тилфон намегузошт,
Ҳатто ба ин тариқаи осон хабар накард.
Ҳар бор гуфт тоҷи сару нури дидаам,
Аз қавли хеш гашта пушаймон, хабар накард.
Пойи малах бимонд ба каф, мӯри мунфаил
Ҳайҳот, рӯзи ҷашн Сулаймон хабар накард.
Ёрам, Ҷило, зи бекасию фақрам ор дошт,
Боре маро ба базми бузургон хабар накард.