Аз ашъори Аъзами Хуҷаста

Шоири шинохта Аъзами Хуҷаста 70-сола шуд

ГУМ НАШАВАД

Эй кош, таровати чаман гум нашавад,
Шодобии рӯи настаран гум нашавад.
Рӯҳи ҳама сабзу рӯзгори ҳама хуш,
Манзур, ки шӯри зистан гум нашавад.
Дар кашмакаши замонаи пучасос
Ангуштари ишқи марду зан гум нашавад.
Имрӯз забони гуфтугӯҳо ин аст:
Эй кош, ки гавҳари сухан гум нашавад,
То меҳр, ки ояти аҳуроии мост,
Аз хашму ғурури Аҳриман гум нашавад.
Аз сояи печакон-мулоимхунукон
Андоми базеби норван гум нашавад.
Танҳо бари хонавода кас хушбахт аст,
Пас, кас зи масири хештан гум нашавад.
Ширинрӯён, ҳамеша ошиқ бошед,
То суннати поки Кӯҳкан гум нашавад.
Эй ишқи хуҷаста, то абад бо ман бош,
То нур даруни чашми ман гум нашавад.

ДАР КАНОРИ СИРДАРЁ

Аз худам раҳо будам,
Аз ғамон ҷудо будам,
Ҳамраҳи Худо будам
Дар канори Сирдарё.

Рақси мавҷи дам бо ман,
Шӯри муҳташам бо ман,
Завқи ноб ҳам бо ман
Дар канори Сирдарё.

Базми зиндагӣ дар ҷӯш,
Боғи лаҳзаҳо гулпӯш,
Шамъи ҳоюҳӯ хомӯш
Дар канори Сирдарё.

На дурӯғу худбинӣ,
На ҳавои чиркинӣ,
Рӯи ғам намебинӣ
Дар канори Сирдарё.

Сина аз фараҳ лабрез,
Лаҳзаҳо чи шӯрангез!
Соқиё, биё, май рез
Дар канори Сирдарё.

Эй нигори бепарво,
Дер мекунӣ фардо,
Диданам биё ҳоло
Дар канори Сирдарё.

ЗАНБӮРҲО

Аз сиёсат рӯйгардонанд ин занбӯрҳо,
Атри гулро мешаманд аз дурҳо, аз дурҳо.

Ёди гулзори шукуфон кардаанд, аммо дареғ,
Дар чаманҳо ҳокиманд ин досҳо, ин зӯрҳо.

Сорҳо ҳамдарди занбӯрон шуданду оқибат
Лошае гашта ба коми каргасону мӯрҳо.

Наррашерон аз найистонҳо фирорӣ гаштаанд,
Най кунун рӯйида рӯи хонақоҳи гӯрҳо.

Бозҳои қуллаҳо минқори худ бишкастаанд,
Чашмҳошон пардадору холианд аз нурҳо.

Рӯдҳоро бингар, аз авҷу талотум мондаанд,
Моҳиён рӯ-рӯи обу хуш ба ҳоли тӯрҳо!

Чашмаҳо аз ҷӯш монда, чашмаҳои орзу,
Интизори обашон дар пуштаҳо кофурҳо.

Гургҳо бо подабонон аҳду паймон бастаанд,
Оҳ аз он реву риёву вой аз ин муздурҳо!

Шоха-шоха ҳар куҷо Мансур мерӯяд, бубин,
Печакон занҷир баста бар тани ангурҳо.

Саҳна машкук аст, пар зан, эй кабӯтар, баҳри ту
Дом бошад донаи дастони ин маъмурҳо.

Ғарбро бингар, чӣ найрангу ситамҳо мекунад,
Сарнавишти олам андар ихтиёри кӯрҳо.

Бодҳо пайғоми хуш овардаанд, эй дӯстон;
Бишканад досу табарҳо, арраҳо, анбӯрҳо!

***

Моҳиён ҳам гиря мекунанд.
Шак дорӣ?
Оби баҳрро бинӯш.

***

Парандаҳои ишқат омаданд,
Шохаҳои хушки дилам
Ҷои муносибе
Барои лона надоранд.

ХАБАР ДОРӢ?

Сӯи мани дилхаста хандида назар дорӣ,
Бо он нигаҳи мастат сад шӯр ба сар дорӣ.

Ширинлабу ширинрӯ, ширинсуханӣ, бону,
Дар зери забони худ, ангор, шакар дорӣ.

Гесӯи баланди ту гесӯи шаби ялдост,
Оре, паси гесӯят шомеву саҳар дорӣ.

Аз ҳалқаи гесӯят сад Маснавӣ овардам,
Нобӣ, ба Худо, нобӣ, сад шеъраки тар дорӣ.

Бе партави рӯи ту сард аст чаҳони ман,
Дар хонаи чашмонат хуршед магар дорӣ?

Гуфтанд шароб астӣ, он бодаи ноб астӣ,
Дар соғари чашмонат ту чизи дигар дорӣ?!

Як шаҳр ба номи ту дар кишвари дил дорам,
Аз кӯчаи зеҳни ман умрест гузар дорӣ.

Дур аз ту, азизи ман, аз хеш бадам ояд,
Чандест, ки бехобам, оё ту хабар дорӣ?

***

Рӯзе барои ту як оҳ мешавам,
Афсӯси хастаи бегоҳ мешавам.

Дур аз ту мешавам чун сояи ғуруб,
Маскуни олами ашбоҳ мешавам.

Аз хотироти ту гум мешавам чу ранг,
Бо рафтаҳои ту ҳамроҳ мешавам.

Ҳарчанд ҳолиё мерониям зи худ,
Рӯзе барои ту дилхоҳ мешавам.

Дар умқи ёдҳо меҷӯиям, вале
Чун дасти нолаҳо кӯтоҳ мешавам.

Аз хирмани дилат оҳиста меравам,
Дар дасти бодҳо чун коҳ мешавам.

Дар домани ҳаво афтад чу хоки ман,
Дар дасти бодҳо гумроҳ мешавам.

Поёни зиндагӣ роҳе нарафта аст,
Рӯзе мусофири ин роҳ мешавам.

Ҳоло ғанимат аст, ёди Хуҷаста кун,
Рӯзе барои ту як оҳ мешавам.

ШЕЪРИ САБЗ

Як даме зи худ пинҳон буданам намемонӣ,
Мебарӣ маро аз ман бо тилисми пинҳонӣ.

Ҳар нигоҳи ту дилро кушта мекунад зинда,
Ин фусуни чашматро худ вале намедонӣ.

Дидаам басе маҳфил, сузу сози рӯҳу дил,
Чашми ту вале гӯяд: Эй Хуҷаста, нодонӣ!

Як чаман таманноӣ, як бағал пур аз хоҳиш,
Сабз мешавам бо ту, баски сабздомонӣ.

Ошиқона мерезад сад тарона аз чашмат,
Чашми дилфиреби ту мисли шеъри Хоқонӣ.

Мекунӣ ба ман телфун, медиҳӣ умед, эй шӯх,
Вақти диданат аз чӣ хешро гурезонӣ?

Мекунӣ парешонам бо ду зулфи печонат,
Метавонӣ гесӯро ин қадар наҷунбонӣ?

Аз саҳифаи чашмат шеъри сабз мехонам,
Аз саҳифаи чашмам шеъри ишқ мехонӣ.

 

Дигар хабарҳо