Аз ашъори Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 75-сола шуд

 Душанбеи ҷавони ман

Туро ман дӯст медорам, Душанбеи ҷавони ман,
Бурун аз дида нагзорам, Душанбеи ҷавони ман.

Куҳаншаҳре, ки имрӯзат беҳ аз боғи Ирам бошад,
Ба ҳуснат ҳусни нав корам, Душанбеи ҷавони ман.

Ба ҳар маҳфил, ба ҳар маҷлис, ба ҳар базму ба ҳар назме
Сароғозӣ ба гуфторам, Душанбеи ҷавони ман.

Чу Варзобе, ки ҷовидон ба пойи остони туст,
Ба поят саҷдаҳо дорам, Душанбеи ҷавони ман.

Туро Сарвар, туро Ҳоким ҷавонии дигар доданд,
Зи хокат сурма бардорам, Душанбеи ҷавони ман.

Тамоми фаслҳои ҳастият гулбез буду ҳаст,
Аё гулбозу гулборам, Душанбеи ҷавони ман.

Сарат то ин ки болотар равад бар ҷониби гардун,
Ба хиштат хишт бигзорам, Душанбеи ҷавони ман.

Агар имрӯз бо аҳду вафо дар хидматат ҳастам,
Туӣ фардои осорам, Душанбеи ҷавони ман!

 

Дигар мабод

Дигар мабод дар баҳор
Зи дасти сарсари замон
Газанд бар ниҳоли орзуи мо расад,
Ба муғчаҳои боровари рабеъ
Аз осмони ҳодиса бало расад.

Дигар мабод, к-аз гулӯи бодҳо
Садои марговари гулӯлаи туфангҳо
Ба гӯшҳо расад,
Ба шохаҳои сояпарвари тамуз
Зи оҳи оташин алангаҳо расад!

Дигар мабод оби чашми модарони хастаҷон
Ба марги бегуноҳрафтагон дили замин дарад,
Дигар мабод деви ҷанг
Умеди субҳи зиндагониро ба банд оварад!

Дигар мабод қасри шуҳрати Ватан
Зи пойбӯси сели фитна уфтад зи по
Ва дар гузаргаҳи фиреби зиндагӣ
Нишаста сардҳолу хастадил гадо!

Дигар мабод дасти кам
Ба шаҳру деҳу пуштаҳову киштаҳо алам занад,
Дигар мабод пойи ғам
Ба сарзамини камзамини мо қадам занад!…

Дигар мабод, ки зи мо равад хато,
Дигар мабод ин ҳама, Худо!

Захми сухан

Агар захме ба дил пайдо бигардад,
Табибон мекунанд онро табобат.
Бимонад гар паяш ҳам, лек дардаш
Шифо ёбад,
Ҳамегардам бароҳат.

Валекин дӯст гӯяд носазое,
Расад он бар дилам чун теғ, чун тир.
Табибон кай намояндаш табобат,
Куҷо ёбанд бар ин дард тадбир!

 

Ватан

Дур аз ту, эй Ватан,
Як мурғи захмхӯрдаи дур аз таронаам,
Як мурғи паршикастаи беобу донаам,
Як мурғи пойбастаи беобу лонаам.

Дур аз ту, эй Ватан,
Дар дида меҳру ишқу сафо нест, нур нест,
Дар сина шеъру созу наво нест, шӯр нест,
Бо зиндагӣ суруди дилам низ ҷӯр нест.

Дур аз ту, эй Ватан,
Боғи биҳишти дидаи ман дашти бекамол,
Шаҳри азими дидаам афсурда, поймол,
Толору қасри он ҳама афсонаи хаёл.

Дур аз ту, эй Ватан,
Аз ҳар диле гузаштаву ҳар дар кушудаам,
Ҳар дафъа бори ҳаҷри ту бо ҷон кашидаам,
Дарде гарон зи дарди ҷудоӣ надидаам!

Оре, Ватан, Ватан,
Дур аз ту зистан
Сахт аст баҳри ман,
Зеро зи обу хоки ту дорам равону тан!

* * *

Боғро базми гулистон дорам,
Бодро домани бустон дорам.
Сели беҳуда наям, як панҷа
Дар кафам шабнаму борон дорам.
Ҷониби дашту даман шому саҳар
Чашмаи нӯши куҳистон дорам.
Ишқро, то ки бимонад дунё,
Ҳар нафас дар бағали ҷон дорам.
Эй Зулайхои зи ман ранҷида,
Ҳиммати Юсуфи Канъон дорам.
Боварат бод Хуросонӣ, ки ман
Мулки шоиста – Хуросон дорам!

* * *

Аз бари саҳро ҳама пайдо гузашт,
Боди сарсар аз бари саҳро гузашт.
Дуди мӯрӣ такя бар гардун бизад,
Гӯйӣ, дуди ҷунбуҷӯши мо гузашт.
Рӯзҳо кӯтоҳу шабҳои дароз
Моҳ хира-хира аз паҳно гузашт.
Рӯдро ҳам пойи рафтан суст шуд,
Ҳайфи он умре, ки дар савдо гузашт.
Боғҳо холӣ зи ҷӯши гулшукуфт,
Аз чаман зебу фару оро гузашт.
Ошиқонро хониши булбул намонд,
Дилбаронро ҳусни беҳамто гузашт.
Бар Хуросонӣ чу бар дӣ мангаред,
Ин на он дарёст, он дарё гузашт!

* * *

Оям ба бозори шумо, бозоратон гардон кунам,
Бозоратон гардон кунам, фавҷи харидорон кунам.

То осмони ҳафттӯ, то Зуҳра хонам қиссаам,
Молу маноли хешро дониставу дастон кунам.

На, на, на чун савдогаре, к-ӯ рӯйи раҳ биншастааст,
Баҳри шумо амволи худ шоистатар шоён кунам.

Овои бехобӣ занам шабхуфтагони даҳрро,
Ҳайфи гаронхобон кунам, бозоратон тафсон кунам.

Бишнидагони ҳимматам, нашнидагонро гӯшмол,
Бидҳед, ман ҳам чорае бар он сабукборон кунам.

Донам, ки дар бозоратон гуфти Хуросонӣ хуш аст,
Ман ҳар куҷо ҳарфи варо бар гӯшатон марҷон кунам!

Дигар хабарҳо