Зиндагӣ Зиндагӣ хост маро гирёнад, Ман вале ханда задам бар рӯяш. Бо ғамаш хост маро нест кунад, Ман вале ҳаст шудам дар кӯяш. Хост чун мум маро об кунад, Бишканад азми маро бо сахтӣ, Мӯмиёвор чу дармон гаштам, Вораҳондам ҳама аз бадбахтӣ. Зиндагӣ хост маро сӯзонад, Даргирифтам, бишудам машъали раҳ. Оташаш чун ба […]