Аз ашъори адибони эронӣ
Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ маҳфили адабие бо иштироки шоирони ду кишвар баргузор гардид. Дар ҳайати меҳмонон шоирони номошнои эронӣ – Ғуломризо Тариқӣ ва Саиди Биёбонакӣ низ ҳузур доштанд. Чанд ғазал аз ин шоирони ғазалсаро пешкаши хонандагон мегардад.
***
Вақте замин ба тарзи нигоҳат дучор шуд,
Хуршед пеши чашми ту беэътибор шуд.
Аз осмон расидию борон шуруъ шуд,
По бар замин ниҳодию фасли баҳор шуд.
Борон ба амри чашми ту бориду баъд аз он
Чашмони абр соҳиби ин ифтихор шуд.
Вақте сухан ба муъҷизаи чашми ту расид,
Теъдоди пайравони ғазал бешумор шуд.
Эзид туро илоҳаи «май» карду баъд аз он
Ҳар кас, ки аз канори ту рад шуд, хумор шуд.
Шайтон ба ҷилди чашми ту рафту ба ҳиллае
Риндона аз мақоми худаш барканор шуд.
То пай ба ҳусни худ бибарӣ, боғи ойина
Якбора дар баробари ту ошкор шуд.
Вақте ки ту ба акси худат мубтало шудӣ,
Ойинаи зулоли дилат пурғубор шуд.
Дар ҳафтхон ниҳон шудию дар масири он
Мабнои истиқомати мо интизор шуд.
Канори ман бинишин
Маро зи даст мадеҳ, ман ғуруби хуршедам,
Ки баъди чанд дақиқа намешавад дидам.
Ман офтоби умедам, ки бо тамоми вуҷуд
Ба соқаҳои дарахтони хушк тобидам.
Бадили Коваи оҳангарам, ки бо муштам
Ба рӯйи ин ҳама сандони сахт кӯбидам.
Канори ман бинишин, то бигӯям аз айём,
Чи ранҷҳо, ки надидам, чиҳо, ки нашнидам!
Ба ҷурми дам задан аз ишқ чанд соле ҳаст,
Ки дар диёр ғарибам, асири табъидам.
Чунон кабӯтари ҷалде, ки соҳибаш мурда,
Миёни мондану рафтан дучори тардидам.
На тоби рафтанам аз хона ҳасту на мондан,
Мане, ки дар қафаси рӯзгор пӯсидам.
Нафрин ба ин замона…
Дигар ҷунун ба ҳеҷ касе сар намезанад,
Наздики хона мераваду дар намезанад.
Азбаски боғҳо ба хазон тан супурдаанд,
Гунҷишк дар ҳаволияшон пар намезанад.
Дар давраи ҳисобгариҳо бародаре
Дасте ба захмҳои бародар намезанад.
Аз тарси ин ки шир бар ӯ шавкарон шавад,
Навзод лаб ба синаи модар намезанад.
Нафрин ба ин замона, ки дар рӯзҳои он
Хуршед ҳам бидуни ғараз сар намезанад.
Нафрин ба ҳар чи ақл, ки «най»-ро ба ҳукми ҷабр
Аз ишқ меситонаду беҳтар намезанад.
Нафрин ба мо, ки ҳатто дар хобҳоямон
Парвонае бидуни қафас пар намезанад.
Қисмати охир
Қисмат ин буд, ки ман бо ту муосир бошам,
То дар ин қиссаи пурҳодиса ҳозир бошам.
Ҳукми пешониям ин буд, ки ту гум шавию…
Ман ба дунболи ту як умр мусофир бошам.
Ту парӣ бошию то он суи дарё биравӣ,
Ман ба савдои ту як мурғи муҳоҷир бошам.
Қисмат ин буд, чаро аз ту шикоят бикунам,
Ё дар ин қисса ба дунболи муқассир бошам?
Шояд ин гуна Худо хост маро заҷр диҳад,
То барозандаи исми хуши шоир бошам.
Шояд иблис туро шайтанат омӯхт, ки ман
Дар паси пардаи имон ба ту кофир бошам.
Дардам ин аст, ки бояд пас аз ин қисматҳо
Солҳо мунтазири қисмати охир бошам!
Ғами нон
Дарё аз ин лиҳоз ба инсон намехурад,
Дарё гурусна нест, ғами нон намехурад.
Дарё дилаш ҳамеша пур аз суфрамоҳӣ аст,
Ғусса барои суфраи бенон намехурад.
Дарё дилаш барои худаш шӯр мезанад,
Монанди бирка ғуссаи борон намехурад.
Ӯ мисли мо барои ду-се сиккаи сиёҳ
Савганди беирода ба Қуръон намехурад.
Пешаш нишастаам, ки ба ӯ гӯшзад кунам,
Озода ғайри ғусса аз ин хон намехурад.
Фасли баҳор гум шудаву ҳеҷ шоире
Нон дар қиболи шеъри зимистон намехурад.
Ғуломризо ТАРИҚӢ
***
Хаёл мекунам, ин буғзи ногаҳон шеър аст,
Ҳамин яқини фурӯхуфта дар гумон шеър аст.
Ҳамин ки ашки марову туро даровардаст,
Ҳамин, ҳамин ду-се то тиккаустухон шеър аст.
Ҳамин ки меравад аз дасти шаҳр даст ба даст,
Ҳамин шақоиқи беному бенишон шеър аст.
Чи ҳикматест дар ин васфи ҷамъношуданӣ,
Ки ҳамзамон ғами нон шеъру бӯйи нон шеър аст.
Ту бедалел ба дунболи шеъри тоза магард,
Ҳамин ки мечакад аз чашми осмон, шеър аст.
Аз ин ки дафтари шеъраш ҳазор барг шудаст,
Баҳор на, ба назар мерасад хазон, шеър аст.
Ба гӯша-гӯшаи шаҳрам навиштаам байте,
Ту рафтаиву саропои Исфаҳон шеър аст.
Хулоса ин ки ба фатвои шоиронаи ман
Забони муштараки мардуми ҷаҳон шеър аст.
***
Худо кунад, ки баҳори расиданаш бирасад,
Шаби таваллуди чашмони равшанаш бирасад.
Чу гард бар сари роҳаш нишастаам шабу рӯз,
Ба ин умед, ки дастам ба доманаш бирасад.
Ҳазор даст пур аз хоҳишанду гӯш ба занг,
Ки он анортарин рӯзи чиданаш бирасад.
Чи солҳо, ки дар ин дашт мунтазир мондам,
Ки дасти холии шавқам ба хирманаш бирасад.
Бар ин машому бар ин ҷон чӣ мешавад, ё Раб,
Насиме аз чаманаш, бӯйе аз танаш бирасад.
Худои ман, дили чашминтизори ман то чанд
Ба дурдасти фалак бонги шеванаш бирасад?
Чи қадр бар лаби ин ҷода мунтазир мондан,
Худо кунад, ки аз он дур тавсанаш бирасад.
***
Ба номи ишқ, ки зеботарин сароғоз аст,
Ҳанӯз шишаи атри ғазал дараш боз аст.
Ҷаҳон тамом шуду моҳпораҳои замин
Ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз аст, корашон ноз аст.
Ҳазор панд ба гӯшам падар фишурду нагуфт,
Ки ишқ ҳодисаи хонумонбарандоз аст.
Падар нагуфт чи розест ин ки танҳо ишқ
Калиди ин дили нокӯки нохушовоз аст.
Ба боми шоҳу гадо мисли абр меборад,
Чи қадр ишқ шариф асту дастудилбоз аст.
Бигӯ ҳар он чи дилат хостро ба ҳазрати Ишқ,
Чароки санги сабур асту маҳрами роз аст.
Вале бидон, ки шикори уқоб хоҳад шуд
Кабӯтаре, ки зиёдӣ баландпарвоз аст.
Саиди БИЁБОНАКӢ