Аз ашъори адибони озар
Ба муносибати Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон
Собир Мамадзода
БА ШОИРИ ТОҶИК
Биё, хуш омадӣ, шоир,
Азизи хонадони мо!
Биё аз домани Помир
Ба Озарбойҷони мо.
Туро чанде дар ин кишвар
Кунун манзил Қаробоғ аст.
Қаробоғи нишотовар
Бародар бо Қаротоғ аст.
Ту аз ҷон дӯст медорӣ
Суханпарвар Низомиро.
Ҷаҳони шеър бишморӣ
Чунин устоди номиро.
Хушо, бо ду забон хондӣ
Ту ашъори Фузулиро,
Фурӯғи тоза бахшидӣ
Ту гуфтори Фузулиро.
Чу хондӣ шеъри Хоқонӣ,
Ба гӯш овози ҷон омад,
Зи сози дӯсти ҷонӣ
Навои дилситон омад.
Ба тоҷикӣ сано гуфтӣ
Басе шоир Насимиро,
Сазои табъи мо гуфтӣ
Суханҳои самимиро.
Гаҳ аз Воқиф сухан рондӣ,
Гаҳ аз аҳди Видодӣ ҳам.
Гаҳе аз Нотавон хондӣ
Ба мо абёти дарду ғам.
Агарчи нестам тоҷик,
Агарчи озарӣ ҳастам,
Ба мислат ошиқи содиқ
Ба алфози дарӣ ҳастам.
Ба мислат дӯст медорам
Каломи Рӯдакиро ман,
Худои шеър пиндорам
Чунин марди закиро ман.
Камолу Саъдиву Ҳофиз,
Ки тоҷи назми тоҷиканд,
Барои озариҳо низ
Сабақомӯзу наздиканд.
Биё, хуш омадӣ, шоир,
Азизи хонадони мо!
Биё аз домани Помир
Ба Озарбойҷони мо.
Ту дар фасли хазон ин ҷо
Биёвардӣ баҳоре хуш.
Зи ҷон биспурда гулҳоро,
Кашемат гарм дар оғӯш.
Тарҷумаи Алӣ Бобоҷон
Сулаймон Рустам
ДАВЛАТИ МАН
Бар ту ман бо чашми дил дорам нигоҳ,
Беҳ зи гул бошад ба боғи ту хасам,
Ҳар чи мехоҳӣ, Ватан, аз ман бихоҳ,
Ҳар куҷо бошам, ба пешат мерасам.
Ҳарфҳо гуфтам бароят зери лаб,
Ҷӯр шуд зарби нафасҳомон ба ҳам,
Бо туям ман, эй Ватан, ҳамтобу таб,
Рӯзи шодӣ бо туям, ҳам рӯзи ғам.
Додаӣ бас хомаи гиро ба ман,
Додаӣ афкори гиротар аз он,
То зи ёронат бигӯям, эй Ватан,
То бигирам қасди ту аз душманон.
Неши хорат карда афзун нӯши ман,
Меравам ман, такяам бар дӯши туст,
Зораи имдоди ту — бар гӯши ман,
Зораи имдоди ман бар гӯши туст.
Зори савганди вафоям нестӣ,
Лек мехоҳам бигӯям содадил:
Ту танӣ ё ҷон – надонам, чистӣ,
Давлати ман, ҷои туст озода дил!
Аз ту бошад ҷамъ ҳар барчоши ман,
Ганҷи нури офтобат – сарватам,
Аз ту бошад оши ман, подоши ман,
Болу истиқлоли ман, эй давлатам!
Тарҷумаи Низом Қосим