Адибон дар Бадахшон

 Адибон дар Бадахшон

Мувофиқи нақшаи Раёсати ИНТ аз 14 то 21 июли соли 2024 ҷиҳати таҷлили 30-солагии Шуъбаи бадахшонии ИНТ бо даъвати раиси Вилояти Кӯҳистони Бадахшон Алишери Мирзонабот як гурӯҳ адибон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшонсафар карданд. Ҳайати эҷодӣ иборат аз шоир, раиси Хазинаи адабиёти ИНТ Акбар Абдулло, корманди Шуъбаи суғдии ИНТ Додохон Эгамзод, нависанда, роҳбари шуъбаи раштии ИНТ Диловари Мирзо, шоири шинохта Хайрандеш, намояндагони Шуъбаи хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоирон Нуралӣ Яъқуб ва Чӯпон Бадали Ванҷӣ, яке аз аъзои аввалини шуъбаи мазкур, нависандаи ҳаҷвнигор Наҷмиддини Шоҳинбод, шоир, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анбоз» Робияи Холмирзо ва нависанда Шарифбек Азизӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ бо мардум вохӯрӣ ва мулоқотҳои адабӣ баргузор намуданд.

Адибонро раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ба ҳузур пазируфта, дар хусуси дастовардҳои сокинони шаҳр дар муддати чанд соли охир суҳбат кард.

Пас аз он бо ширкати шоирону нависандагон ва фаъолони вилоят маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид. Ба намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар он муовини раиси ВМКБ, адабиётшинос, доктори илми суханшиносӣ Абдулназар Абдулназарзода ширкат варзид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа номаи шодбошии Раёсати Иттифоқи нависандагонро ба котиби масъули шуъбаи бадахшонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон  Лаълҷубаи Мирзоҳасан расонд. Адибон Додохон Эгамзод, Диловари Мирзо, Наҷмиддини Шоҳинбод, Нуралӣ Яъқуб ва дигарон дар табрики адибони бадахшонӣ суханони пурмеҳр гуфта, аз эҷодиёти худ барои ҳозирон намунаҳо хонданд. Як қатор адибон бо ифтихорномаҳои Иттифоқи нависандагон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, нишони “Сухан” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Раиси ВМКБ Алишери Мирзонабот адибонро ба ҳузур пазируфта, барояшон дар боби вазъи иҷтимоиву фарҳангии вилоят маълумоти арзишманд пешниҳод кард. Мавсуф аз иқдоми якҷояи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти вилоятии ҳокимият дар мавриди баргузории ҷашни мазкур, аҳаммияти он барои рушди минбаъдаи фарҳанги вилоят андешаҳои худро баён дошт ва ба ИНТ барои ҳамкориҳои судманд миннатдорӣ баён намуд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил кардани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсиси Шуъбаи бадахшонӣ ба Алишери Мирзонабот сипосномаи Раёсати ИНТ супорида шуд.

Дигар хабарҳо