Адибе пайвандгари ду миллат

 Адибе пайвандгари ду миллат

Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадим таҳким ёфта, аз дӯстии безаволи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ маншаъ мегирад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тайи солҳои охир дӯстии ду халқи бародар рушду нумуи тоза касб намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки ду миллати ҳамдилу ҳамсоя аз шарофати истиқлол баҳравар буда, ҳамкорӣ ва дӯстиву бародарии онҳо рӯз аз рӯз ҷанбаҳои тоза пайдо мекунад.

Дар Тоҷикистон барои рушди адабиёти ӯзбекизабон тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст ва ҷараёни нав пайдо кардааст. Вақте ки сухан дар бораи адабиёти ӯзбекизабони Тоҷикистон меравад, пеш аз ҳама, сарчашмаи мутамаркази он нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи “Халқ овози” пеши назар меояд. Дар ин минбари баланд эҷодкорони ӯзбекизабони Тоҷикистон камол ёфта, барои халқу миллат хидмати шоиста анҷом додаанд ва хушбахтона, ин ибтикор аз тарафи ходимони имрӯзаи рӯзнома идома дорад. Маҳз рӯзномаи “Халқ овози” барои тамоми эҷодкорони ӯзбекизабони минтақаҳои кишвар мактаби тарбия буду ҳаст.

Дар қарни гузашта муҳити адабии рӯзномаи “Халқ овози”-ро узви Ит­тифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи ордени “Дӯстӣ” ва ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, шоири зуллисо­найн, вассофи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек зиндаёд Ӯлмас Ҷамол сарварӣ менамуд. Бо меҳрубонӣ ва ғамхо­рии ӯ даҳҳо қаламкаш дар майдони адабиёт мавқеъ пайдо кардаанд, ки яке аз онҳо узви Иттифоқи нависан­дагон ва журналистони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳан­ги Тоҷикистон, собиқ муовини сар­муҳаррири рӯзномаи “Халқ овози”, муаллифи беш аз 20 китоби насрӣ ва публитсистӣ Ҷӯрақул Аҷиб мебо­шад. Номбурда солҳои 70-уми асри гузашта ба майдони адабиёти ӯзбе­кизабони Тоҷикистон бо нигоҳи тоза ворид гашт. Ӯ дар мактаб ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буду бо нашри мақолаҳои рӯзмарраи публитсистӣ, ҳикояҳои пурмазмун дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, бахусус рӯзномаи “Халқ овози”, ба дили хонандагон роҳ ёфт.

Ҷӯрақул 5-уми октябри соли 1950 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1969 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 1975 Дониш­кадаи омӯзгори шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Мавсуф солҳои 1969- 1971 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат намуда, аз соли 1971 то 1990 дар мактабҳои ноҳияи Восеъ аз фанни забон ва адабиёти ӯзбек сабақ медод. Аз соли 1990 бо матбуот ҳамкорӣ намуда, дар рӯзномаҳои “Кулябская правда”, “Дӯстлик” ва “Элчӣ” дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз апрели 1999 то соли 2012 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози», ҳамчунин, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Нафосат» буд.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нави­сандагони Тоҷикистон.

Аз эҷодиёти адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ тарҷумаҳо намуда, асарҳои калонҳаҷми худ (ду роман ва се қисса)-ро бо забони тоҷикӣ навиштааст.

Дар солҳои гуногун китобҳои “Тавлиди муҳаббат” (“Муҳаббатнинг туғилиши”), “Хиёнат”, “Нафаси давр” (“Давр нафаси”), “Фарзанди ҷасорат” («Ҷасорат фарзанди», дар бораиПе­швои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон), “Таҳамтан”, “Занҷираи тиллоӣ” (“Тилла занжир”), “Садоҳои ҷовид” (“Сӯнмас садолар”), “Ошиёни муҳаббат” (“Севги ошёни”), “Оинаи дил” (“Кӯнгил кӯзгуси”), “Лаҳзаи хи­рагаштаи хуршед” (“Қуёш қорайган лаҳза”), “Қиссаи аспи бидав”, “Му­рури чархи фалак”, “Ҷозибаи олами сеҳрнок” (“Афсунли олам жозибаси”), “Салтанати эҷод” (“Ижод салтанати”) ва ғайраро пешкаши хонандагон кар­дааст. Муаллиф дар чандин озмуни байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳи­би ҷойҳои намоён шудааст.

Бештари китобҳои Ҷӯрақул Аҷиб ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Мавсуф бо адибони тоҷик дӯстиву ҳамкории пайвастаи эҷодӣ дошта, матни Суруди миллии Тоҷикистонро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намуда­аст.

Ҷӯрақул Аҷиб шогирдони зиёд дорад. Аксари ходимони рӯзномаи “Халқ овози”, ки бо эҷод сарукор доранд, аз мактаби эҷодии ӯ гузаштаанд. Ба ғайр аз  ин, эҷодкороне, ки дар рӯзномаҳои вилоятии “Суғд ҳақиқати”-и вилояти Суғд ва “Дӯстлик”-и вилояти Хатлон фаъолият доранд, аз навиштаҳо ва маслиҳатҳои Ҷӯрақул баҳраи маънавӣ гирифтаанд.

Имсол Ҷӯрақул Аҷиб, ин адиби ши­нохтаи ӯзбекизабони Тоҷикистон 75-сола мешавад. Ҷашни ин вассофи Ватан, Истиқлол, тинҷию амонӣ ва хидматҳои Сарвари ҷумҳурӣ муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмонро муборакбод мегӯем.

Султон ЧОРӢ,
шоир

Дигар хабарҳо