Адабиёт – виҷдони бедори худшиносии миллӣ

 Адабиёт – виҷдони бедори худшиносии миллӣ

?????????????????????????????????????????????????????????

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи илму фарҳангро водор менамо­яд, ки арзишҳову суннатҳои миллиро ҳифз карда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшиши худро садоқатмандона сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ бояд аз ме­роси гузашта ва имрӯзаи фарҳанги пурбору куҳани тоҷикон ончунон кор гирифт, ки андешаи ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи дастовар­дҳои истиқлол, ваҳдату худшиносии миллӣ дар саросари ҷомеа таъмин гардад. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, «ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама зиёиёни кишвари азизамон мебошад. Аз ин рӯ зиёиёни моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши илму маърифат қарор до­шта бошанд. Зиёиёни мо бояд ба худ бинозанд, ки замона ба дӯши онҳо ва­зифаи боифтихори ташаккул ва рушд додани афкори ҷомеаро гузоштааст».

Пайваста ошӯбзадаву буҳронӣ шудани муҳити сиёсию иҷтимоии сайёра ва бархӯрди харобиовари арзишҳои фарҳангӣ тақозо мекунанд, ки бо роҳи омӯзиши амиқи мероси адабию фарҳангии гузаштаву имрӯза ҳама гуна эҳтимолоти зиёну зарар ва хавфу хатару таҳдидҳоеро, ки боиси изтиробу нооромии ҷомеа мешаванд, ба осонӣ бартараф бикунем.

Адабиёти беш аз панҷҳазорсолаи мо ҳамвора виҷдони бедори худши­носии миллию фарҳангии мо будааст. Дар ҷаҳонбинии тоҷикон адабиёт, бавижа шеър, ҳамеша аз густараи зебоишиносии хеш берун рафта, ҳамаи соҳаҳои зиндагиро дар худ гирифтааст. Шеъри порсии тоҷикӣ дорои донишҳои фалсафӣ, асотирӣ, таърихӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ ва ирфонист. Ҳамин пурбории адабиёти порсии тоҷикист, ки таърихи пурифтихори гузаштаи моро ба ояндагон интиқол додааст. Аз ин рӯ адабиёт авроқи хомӯшу беҷони иборат аз каломи бадеъ нест. Ҳар саҳифаи он саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз қалби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифи суханвар берун омадааст. Адабиёт бозтобдиҳандаи фарозу нишебҳои иҷтимоию фарҳангии ҷо­меа, бозтоби бовар ва расму ойини мардумони он дар давраҳои гуногун будааст. Авзои иҷтимоии ҳар марҳа­лаи таърихиро дар адабиёти он давра метавон омӯхт.

Инсон ҳамвора пеши худ суол мегузошт: Зиндагӣ чӣ маъно дорад? Ман барои чӣ зода шудаам? Ишқ чист? Мақсад аз офариниш чист? Ва суолҳои бешумори дигар. Агар ба за­мони пайдо шудани ин гуна пурсишҳо дар таърихи башарият нигоҳи иҷмолӣ афканем, хоҳем дид, ки ниёзҳои отифию маърифатӣ, печидагию душвориҳо ва хастагиҳову хостаҳои равонии инсон онҳоро ба вуҷуд овардааст. Адибони барҷастае чун Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Уилям Шекспир, Виктор Ҳюго, Лев Толстой, Фёдор Достоевский, Габ­риэл Гарсиа Маркес ва даҳҳо адиби дигар заҳамоти зиёде кашиданд, то аз умқи андешаву эҳсосот ва ноху­догоҳи инсон арзишҳои бунёдиеро кашф намуда, тавассути он ба бисёре аз суолоти мушкилу муҳимми аҳли башар посух гӯянд. Адиб ва суханвар дар натиҷаи ба тасвири бадеӣ ка­шидани саргузашту рӯзгори инсонҳо ба гӯшаҳое аз ҷаҳони ботинии онон даст меёбад, ки ҳатто улуми инсон­шиносӣ ба дарёфти он муваффақ нашудааст. Кашфиёте, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ», Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон», У. Шекспир дар «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир», Ф. До­стоевский дар романҳои «Бародарон Карамазовҳо», «Аблаҳ», Лев Толстой дар «Анна Каренина», «Ҷангу сулҳ», Содиқ Ҳидоят дар «Буфи кӯр», устод Айнӣ дар «Марги судхӯр», «Одина», «Ёддоштҳо», Эрнест Ҳемингуей дар «Пирамард ва баҳр» ва даҳҳо суханварони дигар заҳамоти зиёде дар бозгӯйии ҳунарии он кашиданд, ганҷинаи бебаҳои маънавии аҳли ба­шар аст. Аз ин рӯ, бо қотеият метавон гуфт, осори адабӣ васила ва сомонаи гаронмояву нафисест, ки дар тамоми тӯли таърих ба ҷамъияти башарӣ хидматҳои беназире кардааст. Ба­вежа дар замони муосир таҷрибаҳои андӯхтаи суханварон аз анъанаҳои адабии пешин, такомули равандҳои адабӣ, густариши зарфиятҳои забонӣ ва жарфои андешаи инсони муосир адабиётро ба дигардесиҳои моҳиятӣ дучор кардааст. Имрӯз ҳам мисли ҳарвақта хонандаи муосир, бо вуҷуди саргармиҳову сардаргумиҳои рӯзгор, ҳанӯз ишқу алоқа ба адабиёт дорад, ҳамвора дасти ниёзу иштиёқ ҷониби он дароз мекунад ва ба умеди хонда­ни осоре ҳаст, ки машъалу роҳнамои фурӯзон ва ёру ёвари некуи ӯ дар роҳи пурпечутобу камошнои замони пасомодерн бошад.

Адабиёти бадеӣ беҳтарин ва таъ­сирбахштарин маҷмуаест, ки метаво­над таърихи пурмоҷарои миллатро бо тамоми пирӯзиҳову нокомиҳо ва сита­му озорҳое, ки дар тӯли таърихи хеш кашидааст, таҷассум карда, арзиши воқеии истиқлол ва ҳувияти миллии имрӯзаи кишварро ба тасвири бадеӣ бикашад ва ба ин васила дар қалбу андешаи ҳар фарди ин зодбуми куҳан оташи ишқу алоқаро ба бунёдитарин арзишҳои муқаддаси ватандорӣ ба­рафрӯзад.

Дар замони муосир, махсусан дар шароите, ки бархӯрди арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат гирифта истодааст, шоиста нест, ки мо мазмуни асосии адабиётро, ки ин­сон аст, нодида бигирем. Зеро танҳо ҷаҳони густардаву пуртазоди инсони муосир аст, ки сатҳи ҷаҳонбинии адиб ва тавоноиҳои халлоқияти ҳунарии ӯро месанҷад. Адиб чӣ гуна воқеияти имрӯзро ҳунармандона тасвир бику­над, ки ба завқу дарки хонанда муво­фиқ бошад? Зиндагӣ комилан дигар шудааст, сабку шеваи зистан тағйир пазируфтааст. Мантиқан ин дигаргунӣ сабку шеваи ҷадиди шоирӣ ва ҳикоят карданро бояд дигар бикунад. Оё адиби имрӯзаи тоҷик дигар шудааст ё ҳамон «Аҳмади порина» аст? То чӣ андоза нубуғи табиии суханвар, ки дар мактаби адабии пешиниёни хеш ҳунари сухангустарияш сайқал хӯрдааст, ӯро ба сӯи навпардозию тозаҷӯйӣ савқ медиҳад ва ҷасорат мебахшад, то чаҳордевори балан­ду мустаҳками суннатҳои адабиро бишканад ва бо диду сабки тоза ба ҷаҳони нави инсону ҷомеаи ӯ ворид гардад ва онро воқеъбинона, ҳамон гуна ки ҳаст, бозофаринӣ кунад. Дар чунин вазъият аҳли адаб наметаво­над тағйиротеро, ки дар арзишҳои инсонӣ, муҳити иҷтимоӣ, робитаи рӯйдодҳо бо замону макон, таҳав­вулоту дигаргуниҳо дар адабиёти ҷаҳон, ки амалан пайомад ва инъи­коси муносибату вобастагии инсон ва ҷаҳон аст, нодида бигирад.

Аз ин рӯ , адабиёти бадеиро мета­вон бо риояи усулҳои шинохтгароии адабӣ (Literary Cognitivism) ҳамчун санади илмӣ ва таърихӣ ҳисоб кард. Тапиши қалби ҷомеа дар матни бадеӣ таҷассуми бештар меёбад. Cарфи назар аз он ки матни адабӣ дар чи навъу намуду ҷинси адабие офарида шудааст, дониш, биниш ва бардошти муаллифи онро аз воқеияти рӯзгор инъикос мекунад. Дар ин навъи матн вожагон ончунон аз назари ҳунарӣ ороставу пероста шудаву дебои зе­бои ҳунарӣ ба бар кардаанд, ки то ҳамеша дили касро мерабоянду руҳу завқашро шодию оромиш мебахшанд ва ба донишу таҷрибаҳои андӯхтааш чанд баробар меафзоянд.

Адабиёт дар тарбияи инсон, та­комули шахсияти вай, шинохти ӯ аз неку бад, сайқал додани завқи зебо­ишиносии ӯ аҳаммияти вежа дорад. Адабиёт ба кас имкон медиҳад, ки аз нигоҳи дигар ба ҳақиқати зиндагӣ бинигарад, аз ҷаҳони мутанаввеи одамон огоҳ гардад, ахлоқро биомӯ­зад, аз таҷрибаи дигарон баҳра би­гирад. Адабиёт дарвозаеро бар рӯйи инсон боз мекунад, ки бо гузаштан аз остонаи он ба ҷаҳоне комилан дигари саршор аз таҷоруби зиндагии дигаргуна ва саргузашти пурмоҷарои инсонҳо ворид шуда, шинохти касро аз ҳаёт бештар мекунад.

Адабиёт мактаби бузурги таълиму тарбия аст, инсонро аз падидаҳои зиште мисли хушунат, ифротгароӣ, душманӣ бо тамаддуни муосир, бегонаситезӣ, ифротгароии динӣ, инсонбадбинӣ ва дигар олудагиҳои фикрӣ бозмедорад. Тухми зиёновари нафрат ва бадбинӣ, азхудбегонагӣ ва тангназариҳои диниро, ки аз тарафи ҳар гуна ҳаракатҳои ба ном «динӣ» ва «мазҳабӣ» ба воситаи шаба­каҳои ҷаҳонии таблиғотии гурӯҳҳои исломии ифротгаро дар тафаккури инсонҳо кошта мешавад, метавон аз тариқи бакоргирии дурусти мероси адабӣ дар фаъолиятҳои фарҳангӣ барчид.

Адабиёт ба монанди рӯзгори мо падидаи зиндаву доим дар таҳаввулу ташаккул аст. Аз ин рӯ, он ҳамвора сухани тоза аз рӯзгори рангини мар­дум мегӯяд. Чун рӯзгорони гузашта бидуни тағйироти бунёдӣ оҳиста- оҳиста ҷараён дошт, адабиёт низ дар қолабҳои суннатии хеш такомулу ташаккул меёфт. Аммо ҷаҳони имрӯз дигар аст. Технологияҳои муосири пешрафтаи иттилоотӣ, ки қаблан касе тасаввурашонро надошт, чунон рангу рӯзгорони моро дигар кардаанд, ки дар як они воҳид садҳо хабару итти­лоот, навоварию навпардозӣ вориди зиндагии ҷомеа мешавад ва диду дарёфт, шинохту маърифати инсонро вусъати бештар мебахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати мил­лӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғано ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷо­ниба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқию фарҳангии наврасону ҷаво­нон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад. Ба имрӯзиён фаҳ­монидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад.

Ҳақиқатан, варақ андар варақи осори адабии гузашта ва имрӯзаи мо афкори муфиду судбахше роҷеъ ба ҷанбаҳои фалсафӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва иҷтимоии худшиносии мил­лӣ ва муҳаббат ба Ватан пайваста таъкид шудааст. Метавон гуфт, ки адабиёти порсии тоҷикӣ аз оғози пай­доиш то имрӯз ҳамвора дар тавлид, парвариш ва тақвият бахшидан ба худшиносии миллӣ хидмат кардааст. Аз ин рӯ адабиётро метавон ҳамчун воситаи асосии таблиғи арзишҳои асили инсонӣ ва абзори муассире барои эҳёи ҳувияти миллӣ истифо­да бурд, зеро дар он расму ойинҳо, боварҳо, ақидаҳои фалсафию зебо­шиносӣ, андеша ва ғояҳои миллат инъикос ёфтаанд.

Адабиёти давраи истиқлол то ан­дозае зодаи вазъи таърихии замони хеш аст. Тағйироти сиёсию иҷти­моие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омад, сабаб шуд, адибоне, ки қаблан дар бораи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ наменавиштанд, ба чунин мавзуъҳо рӯй биоваранд. Як идда адибон ба навиштани осори адабӣ дар жан­рҳои таърихӣ пардохта, дар бораи гузаштаи таърихии миллӣ асарҳо офариданд. Ба ин васила адабиёт вазифаи иҷтимоии худро, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонад фурӯ гузорад, аз нав ба уҳда гирифт. Чунонки Жан Пол Сартр мегӯяд: «Навиштан шакли сонавии амал аст», адибон тибқи мантиқи раванди адабиёт камари ҳиммат баста, ба инъикоси воқеияти давр мепардозанд .

Шодимуҳаммад Сӯфизода,

мудири Китобхонаи марказии илмии
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо