• 22.01.2025

Авҷи иқболи мост Истиқлол

 Авҷи иқболи мост Истиқлол

Дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни муҳим дар солҳои пурбаракати Истиқлол адабиёти тоҷик ҳам ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки ин муваффақиятҳо, пеш аз ҳама, ба сиёсати хирадмандона, инсонпарварона ва ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.

Айни замон дар дасти наврасону ҷавонон рӯзномаю маҷалла ва китобро дида, ҳар шахси ба ояндаи неку дурахшони Ватан умедвор дилпуру қаноатманду мамнун мегардад ва ба суханронию шеърхонию нақли пораҳои осори насрӣ ва эҷодиёти шифоҳии халқ, ба гуфтори шаҳдомези аксарият зеҳн монда, ба рушди истеъдоду маънифаҳмии онон бовар пайдо намуда, ба меҳру муҳаббаташон нисбати Ватану ҳамватанону ояндаи сарзамини муқаддасамон эътимоди комил пайдо мекунад. Дар ин раванд, бешубҳа, хидмату нақши зиёиён, аз ҷумла омӯзгорону шоирону нависандагон ва олимон назаррас аст.

Дастурдиҳанда ва ҳидоятгари аҳли илму адаб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Суханрониҳо, фикру андешаҳои созандаю бунёдкорона, ғамхорию меҳрубониҳо ва осори гаронбаҳояшон такондиҳанда ва пешбарандаи фаъолияти ҳар як эҷодкори дорои ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстист. Дар ҳақиқат, фарзанди фарзонаи модари бомаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ғамхору раҳнамои миллат, аз ҷумла аҳли адаб мебошанд ва ин гуфтаҳоро бо мисолҳои бешумор исбот кардан мумкин аст. Мисоли мушаххасе меорам:

Роҳбарияти ниҳоди бонуфуз ва таъсиргузор – Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз кору пайкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, ба рушди истеъдоду офаридани осори арзандаи давру замон ва мондагор ба ояндаи неку дурахшони миллат ба эҷодкорон дастуру ҳидоятҳо медиҳад ва барои сабзиши адибон дар минтақаҳо ҳам шароиту имкониятҳо фароҳам меорад. Мо – омӯзгорону эҷодкорони музофот, аз ҷумла аҳли қалами шаҳру деҳоти Исфара, ҳамеша раҳнамоиҳо ва меҳрубониҳои роҳбарияти ИНТ, шахсан сарвари он Шоири халқии Тоҷикистон муҳтарам Низом Қосимро дарку эҳсос мекунем. Ҳамчунин муаллифи ин сатрҳо аз маслиҳату ғамхориҳои адибони писандида ва соҳибэҳтиром Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ борҳо баҳра бардошта, бо дили гарм ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам ва осори кулли шоирону нависандагони тоҷик, аз ҷумла Маъруф Бобоҷон, Аҳмадҷони Раҳматзод, Фарзона, Озарахш ва дигаронро ҳарисона мехонаму байтҳо ва пораҳо ба хонандагон нақл мекунам ва мебинам, ки онҳо ташнаи шунидан, дарёфтан ва мутолиаи давоми шеъру достон, ҳикояву қиссаю романҳоанд ва хубу маъқул аст, ки солҳои охир ба осори адибиёт талабот бештар шуда истодааст. Беҳтарин чакидаҳои килки адибони тоҷику ҳамзабонон ва ҷаҳон дар нашрияҳои бонуфузи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаи миллии адабии Садои Шарқ” ва моҳномаи “Паёми Суғд” ба табъ расида истодаанд ва баробари тарғиби китоб маводҳои нашрияҳои мазкурро низ дар дарсҳо ва маҳфилҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Чанде пеш дар чорабиние ширкат варзидам, ки ба шарафи 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ташаббусу дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Суғд ташкил карда шуд ва дар “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.

“Қалъаи Хуҷанд” бо ташаббус ва дастгириҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст ва яке аз нодиртарин кохҳои муҳташам дар Осиёи Марказист. Бунёдкоронаш афсонаро ба ҳақиқат табдил дода тавонистаанд. Адибони вилоят бо нигораҳо ва осори санъати бунёдкоронаш шинос шуда, таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дар ҳақиқат созандаю бунёдкор буда, бо ҳунараш ҷаҳониёнро тасхир намудааст ва ояндаи неку дурахшон насибаш аст. Сарвари адибони вилоят, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод аз номи иштирокдорон ба Пешвои муаззами миллат барои ғамхориҳо ва бунёди чунин кохи ҳайратангез изҳори сипос кард. Шеърхониҳои шоирон Фарзона ва Усмон Олим, сурудҳои ҳофизи маъруф Муродбек Насриддин ба иштирокдорон ғизои маънавӣ бахшид ва як гурӯҳ адибон ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамаи ин комёбию бахту иқбол ва сарбаландиҳо аз файзу баракати Истиқлол ва сулҳу ваҳдат аст.

Бо дастгириҳои роҳбарияти Иттифоқи нависандагон ва шуъбаи суғдии он дар китобхонаи марказии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Исфара маҳфили илмӣ-адабие фаъолият дорад бо номи “Ворисони Сайфи Исфарангӣ”. Дар доираи ин маҳфил, ки бо иштироки омӯзгорон, дӯстдорони каломи бадеъ, хонандагони китобдӯсту соҳибистеъдод баргузор мешавад, осори адибони классику муосир ва китобҳои нав тарғибу муаррифӣ мешаванд ва бо олимону адибон мулоқоту дидор сурат мегирад.

Дар маҳфил рӯзноманигорон ва адибон Судуриддин Маҳкамов, Исматҷон Пӯлодов, Ҳоҷибобо Тӯйчизода, Сабоҳат Сатторова, Шавкати Мавлон, Исматуллоҳи Абдулло, Абдувалӣ Худойдод, Расули Раҳимиён, Абдуфайёз Олимӣ, Баҳроми Сурӣ, Қамбар Низомӣ фаъолона иштирок намуда, ба навқаламон маслиҳатҳо дода, маҳсули эҷодашонро баррасӣ ва таҳлил мекунанд. Навиштаҳои қаламкашони номбурда дар саҳифаҳои нашрияҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расида, мақбули хонандагон гардидаанд. Ҳамчунин дар ин маҳфил адибони шинохта Додохон Эгамзод ва Субҳони Аъзамзод борҳо иштирок намуда, баҳри босамар ва пуртаъсир баргузор шуданаш маслиҳатҳо додаанд.

Кулли аъзои маҳфили илмӣ-адабии шаҳри Исфара шукри давру замон, шукри Ватану ҳамватанон ва Истиқлолу ваҳдат намуда, дар тарғиби сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммату ғайрат баста, аз раҳнамоиҳо ва ғамхориҳои роҳбарияти Иттифоқи нависандагон ва шуъбаи суғдии ин ниҳоди муқаддас баҳраманд буда, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азиз саҳмгузорӣ кардан мехоҳанд.

Субҳон ЁДГОРӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо