АБДУҶАББОР АБДУҒАФФОР
АБДУҒАФФОРИ АБДУҶАББОР 11 августи соли 1956 дар шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст.
Соли 1973 мактаби миёнаи №1 зодгоҳашро ба итмом расондааст.
Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) (1979) аст.
Фаъолияти эҷодияш дар рӯзномаи «Вечерний Душанбе» оғоз ёфтааст. Солҳои 1980-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас ҳашт сол дар Телевизони Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Солҳои 1988-1995 директори шуъбаи Тоҷикистони Иттиҳодияи умумииттифоқии эҷодӣ–истеҳсолии «Союзтеатр», директори генералӣ ва котиби Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, баъдан, боз ҳашт соли дигар, сармуҳаррири идораи равобити байналхалқӣ, муовини директори телевизон ва роҳбари студияи «Тоҷиктелефилм» будааст.
Аз соли 2004 роҳбари дастгоҳи вазири фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамзамон, аз соли 2010 сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ-бадеии Академияи мусаввирони Тоҷикистон «Шарқу Ғарб» мебошад.
Муаллифи барномаҳо ва филмномаҳои зиёди телевизонӣ мебошад.
Маҷмӯаву китобҳои бадеӣ, бадеӣ-публитсистӣ, резаҳикояву қисса, филмномаву драмаҳои «Гавҳаре дораму соҳибназаре меҷӯям» (1993), «Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст» (1994), «Ҳанӯз андар замирам сад ҷаҳон аст» (1995), «Сӯҳони қазо» (1997), «Барфи охирин» (2001), «Каприччио» (2004), «Куҷоӣ ту, аё мақсуди дастнорас?!» (2006), «Последний снег» (2006, 2012), «Лаҳзаҳо» (2007), «Дарсҳои Вафо Назаров» (2013), «Аспи озурда» (2013), «Последний снег» (Санкт–Петербург, 2014), «Фарзанди сарзамини казоқ» (2014) аст.
Дар давоми бист соли охир як силсила ҳикояҳои адибони Русия, Колумбия, Канада, Фаронса, Австралия, Перу, ИМА, Ҳиндустон, Хитой, Олмон, Чехия, Гурҷистон, Туркманистон, қиссаи «Ба полковник касе наменависад» ва романи оламшумули «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсиа Маркес, «Дарсҳо»-и Валентин Распутин, романҳои «Роҳ»-и Наҷиб Маҳфуз ва «Моҳу фулус»-и Соммерсет Моэм, драмаҳои «Иштибоҳ»-и Албер Камю, «Тарма»-и Тунҷер Ҷуҷеноғлу, «Мо – мардҳо»-и Мар Бойҷиев, «Ҳунарпеша»-и Давлат Исобеков, «Маро тарк макун!»-и Алексей Дударев, «Куражбибӣ ва фарзандони ӯ»-и Бертолт Брехт, «Ванҳабонувон»-и Еврипид, «Иоаннаи Муқаддас»-и Бернард Шов, асарҳои публитсистии Нурсултон Назарбоев «Роҳи қазоқистонӣ» ва «Дар дили АврОсиё» Сун Сзечҷян «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин» (2008) ва ғ. дар тарҷумаи ӯ дастраси хонандагони тоҷик гардидаанд.
Пйесаҳои «Сӯҳони қазо» (1994), «Шарофат» (1996), «Масал бигӯ, Эзоп» (2006), «Аспи захмхӯрда» (2009), «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк», (2010), «Тулӯъ. Муколамаҳои Академик» (2010), «Суруди вопасин» («Зиндагинома») (2014)ва ғ. зодаи қалами ӯстанд, ки бархе аз онҳоро театрҳои Конибодом, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Душанбе, Чкалов ва Ғончӣ саҳнагузорӣ кардаанд.
Иддае аз ҳикояву қиссаҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, инглисӣ, ҳиндӣ, украинӣ, қиргизӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.
Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1998) ва Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон.
Доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, академики Академияи мусаввирони Тоҷикистон.
Дорандаи орденҳои «Шараф» (2005) ва «Дили Данко» (Русия, 2011), медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Қазоқистон (2011), медали тиллои Донишгоҳи байналхалқии таълими фундаменталӣ (2014).
Узви Иттифоқҳои рӯзноманигорон (1988), нависандагон (1997) ва Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон (1990).