АБДУСАТТОР АБДУ­ШУКУР

 АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст. Соли 1976 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976-1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом, муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи «Адаб» адои вазифа намудааст. Аз соли 1994 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Доктори илми филология, профессор.

Аз солҳои ҳаштодуми қарни бистум мақолаву гузоришоти ӯ дар масъалаҳои мухталифи адабиёти гузашта ва муосири тоҷик мунтазам чоп мешаванд. Беҳтарин навиштаҳояш дар китобҳои «Руъияти Қуръон дар шеър» (1998), «Ҷилои ситораҳо» (2000), «Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён» (2002), «Равобити адабии Арабу Аҷам дар асри XI» (2004), «Асрори шеъри марғуб» (2004) ва ғ. фароҳам омадаанд. Таъдоде аз мақолаҳояш дар Эрону Афғонис­тон ба табъ расидаанд.

Дар таҳлил ва нашри осори шоирони аҳди Сомониён, мунтахаботи Сӯзании Самарқандӣ, мухтасари осори илмии Забеҳуллоҳи Сафо, баргузидаи рубоиёти шоирони форсу тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Абдушукури Абдусаттор 23 марти соли 2021 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо