«Қалами тиллоӣ»-и рӯзноманигор ва адиб

 «Қалами тиллоӣ»-и рӯзноманигор ва адиб

Сулаймон Эрматов рӯзноманигори собиқадори ӯзбекзабони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муассис ва сардабири нашрияҳои «Устоз», «Ӯқувчилар газетаси» ва маҷаллаи «Хурдакак» («Кичкинтой»)  дар 18-умин озмуни рӯзноманигорон таҳти унвони «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), ки дар Кохи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар номинатсияи «Беҳтарин матолиб дар бораи Ӯзбекистон миёни рӯзноманигорони хориҷӣ» сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар озмуни мазкур соли равон зиёда аз 600 рӯзноманигор аз 41 кишвар ширкат варзида, 4000 матлаби эҷоднамудаашонро пешкаши ҳакамони озмун карданд.

Рӯзноманигор ва адиби хушсалиқа Сулаймон Эрматов солҳои зиёдест, ки дар хусуси робитаҳои фарҳангию адабии мардуми тоҷику ӯзбек мақолаҳои ҷолибу хонданӣ иншо мекунад. Навиштаҳояш дар матбуот пайваста рўйи чоп меоянд.

Аз ҷумла, «Дӯстии Мирзо Турсунзода бо шоира Зулфия», «Дӯстии Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек», «Ғафур Ғулом ва адибони тоҷик», «Дӯстии ибратбахши ду пояи миллат» ва дигар мақолаҳояш миёни хонандагон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуданд. Маҷмуи мақолаҳои дар мавзуи дӯстии ду халқи бародар навиштааш дар шакли китоби алоҳида бо номи «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» дар нашриёти «Шарқи озод» ба табъ расидааст.

Сулаймон Эрматов, инчунин, муаллифи китобҳои «Сухан аз об бигӯ», «Одоби оиладорӣ», «Модарам, ҷон модарам», «Дунё ба кафи туст, эй зан», «Таманно», «Онагинам», «Садоқат гуллари», «Бешкент тароналари» ва як қатор китобҳои дарсӣ мебошад.

Дигар хабарҳо