Ёде аз ҷангноманависи сулҳпарвар
Ба муносибати 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адаби кишвар, донишҷӯён ва дӯстдорони каломи бадеъ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ИНТ Равшани Махсумзод ҳусни оғоз бахшида, доир ба рӯзгор ва фаъолияти адабии нависандаи ҷангноманавис изҳори назар намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки мавсуф дастпарвари мактаби бузурги устод Садриддин Айнӣ буда, баъди аз Самарқанд ба Душанбе омадан умри хешро ба матбуоту адабиёти тоҷик бахшид ва солҳои фаъолият дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони сурх», «Барои маорифи коммунистӣ» («Газетаи муаллимон» ва ҳоло «Омӯзгор»), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ду дафъа ба ҳайси котиб), Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ (ба сифати муовини раис) дар пешбурди адабу фарҳанги тоҷик саҳми боризи худро гузошт. Нависанда аз шумори беҳтарин адибони ҷангноманависи тоҷик дониста мешавад. Осори ӯ имрӯз низ дархури ниёз буда, бознашри онҳо ба суди кор хоҳад буд. Бо назардошти дорои аҳаммияти тарбиявӣ будани осори нависанда, онҳо ба забонҳои дигар халқҳои ҷаҳон низ тарҷумаву нашр гардидаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад иброз дошт, ки Фотеҳ Ниёзӣ бо хислатҳои ҳамидаи худ ҳамеша фарқ мекард. Миёни хеш ва адибони ҷавон тафриқа намегузошт. Ҳамеша онҳоро дастгирӣ менамуд. Дар баробари дигар нависандагонамон, ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, Пӯлод Толис ва дигарон беҳтарин асарҳо дар мавзуи ҶБВ ба хомаи ӯ мутааллиқанд. Асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ имрӯз низ аҳамияти вижаи худро гум накардаанд. Онҳо метавонанд дар тарбияи ватандӯстии насли наврас, боло бурдани ҳисси худшиносӣ, арҷгузорӣ ба марзу буми аҷдодӣ хидмати шоиста бикунанд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки осори Фотеҳ Ниёзӣ дигарбора ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дохил карда шаванд.
Адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода изҳор намуд:
– Муваффақияти нависанда дар эҷоди асарҳои ҷангӣ ба он рабт дорад, ки худ дар набардҳо ширкат варзидааст. Бино бар ин, аз дигар асарҳои марбут ба ин мавзуъ то ҷое фарқ мекунанд. Аммо саволе, ки посух мехоҳад, ин аст, ки оё асарҳои давраиҷангии адабиёти мо ба таври бояду шояд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд ё на? Рӯшан аст, ки на. Баъдан низ вобаста ба мавзуи ҷанг асарҳо эҷод шудаву дастраси хонанда гардидаанд. Бинобар ин, фурсати он фаро расидааст, ки ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ сурат бигирад ва адабиётшиносону мунаққидони мо ба таҳқиқу пажуҳиши асарҳои мавриди назар рӯ биёранд.
– Фотеҳ Ниёзӣ аз нависандагони сермаҳсули адабиёти мост, – гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо. – Эҷоди асарҳои калонҳаҷм ҳавсалаву заҳмати зиёд мехоҳад. Романҳои «Вафо» ва «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» аз беҳтарин осори давраиҷангии адабиёти мо буда, дар онҳо персонажҳои зиёд иштирок доранд, ки дорои ақидаву хислатҳои гуногун ҳастанд. Дар асарҳо, чи дар майдони набард ва чи дар ақибгоҳ, ҷузъиёти ҷолиб ба риштаи тасвир кашида шудаанд, ки чун оҳанрабо хонандаро ба худ ҷалб мекунанд ва ӯ наметавонад аз мутолиа дастбардор шавад. Ҳунари нависанда ҳам дар ҳамин таҷассум меёбад. Фотеҳ Ниёзи аз зумраи нависандагони соҳибҳунари мо буд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар суханронияш аз футуввату ҷавонмардии нависанда ва муносибати неку ибратбахшаш бо адибони ҷавон ёдовар шуда, аз ҷумла нақл кард, ки адиби зиндаёд дар чопи китоби шеърҳои ӯ ба забони русӣ дар Маскав, бе он ки худи шоири он вақтҳо ҷавон дар ҷараён бошад, мусоида намудааст. Ин гуна ёрии нависанда ба адибони дигар низ расидааст.
– Дигар хислати ҳамидаи устод ин буд, ки, – афзуд Камол Насрулло, – дар баробари ноҳақиҳо ҳаргиз хомӯшӣ ихтиёр намекард.
Шоир ҳамчунин дар бораи хислатҳои неки инсонии нависанда шеъри муассире қироат намуд.
– Устод Фотеҳ Ниёзӣ, агарчи ҳамчун адиби ҷангноманавис шуҳрат дорад, аммо ба мавзуъҳои муҳим низ, ки фарогири масъалаҳои бисёр ҷолибанд, рӯ овардааст. Қиссаи «Духтари ҳамсоя» аз ҳамин шумор аст, – изҳори назар кард мудири шуъбаи наср, нависанда Сироҷиддин Икромӣ. Ӯ афзуд: – Устод Фотеҳ Ниёзӣ дар драманависӣ низ маҳорати баланд дошт. Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ асари «Ватандӯстон»-и ӯро (ҳамроҳи С. Ғанӣ) соли 1938 ва драмаи «Кӯпрук» (1969)-ро борҳо пешкаши тамошобинон гардонидааст. Дар асоси филмномаҳои устод филмҳои ҳунарии «Духтари сеюм» (ҳамроҳи И. Филимонова, 1971), «Оилаи Ғаюровҳо» (ҳамроҳи А. Стругатский, 1975) бардошта шудаанд.
Ҳунарманди шинохтаи театру кинои тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, ки дар намоиши «Кӯпрук» яке аз нақшҳои асосиро бозидааст, бо ёдкарди хотираҳои бисёр ҷолиби худ ба маҳфил таровати дигар бахшид.
Дар охир зикр шуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои пайванди дирӯзу имрӯз ва интишори бештари осори адибони зиндаёдамон муосидат хоҳад кард.