Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст

 Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст

Ба истиқболи 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофиз шоири бузурги хирадгаро, инсондӯст ва вассофи зебоист. Бино бар ин, дар ғазалҳои ӯ қиёсан бо шеъри дигарон паёмҳои бисёру гуногун дар баландтарин зинаи авҷи ҳунари шоирӣ тарсим карда шудаанд. Барои Ҳофиз зе­боии сухан на камтар аз баёни маъност. Аз ин рӯ, гуфтааст:

Ҳофизам дар маҷлисе, дурдикашам дар маҳфиле,
Бингар ин шӯхӣ, ки чун бо халқ санъат мекунам.

Дар байти дигар се ҳунари аслӣ доштанашро худаш чунин хабар додааст:

Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош,
То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаам.

Ошиқию риндию назарбозӣ мафҳумҳои ба ҳам вобаста ва то андозае ҳаммаънои якдигаранд. Мафҳумҳои мазкур калиди паёмҳои ғазалҳои ноби Ҳофизанд. Қаҳрамони ғиноии ғазалҳои Ҳофиз, ки дар маҷмуъ ҳар се сифати зикршударо дорад, шахси оҷизу бечоранол нест, балки дар арсаи зиндагӣ мубориз аст, барои бароварда сохтани омоли неки худ пайваста саъйю талош мекунад.

Яке аз мавзуъҳои марказии шеъри Ҳофиз ишқ мебошад. Зеро аз дидгоҳи шоир ҷавҳари аслии ҳаёти инсон ишқ аст. Ишқ аст, ки зиндагиро маънӣ ме­бахшад. Инсонро барои инсон будан савқ медиҳад. Дар шеъри Ҳофиз ишқ ҷилоҳои маъноии хеле васеъ дорад: ишқ ба зебоӣ, ишқ ба ватан, ишқ ба во­лидайну пайвандон, ишқ ба табиат, ишқ ба касбу кори худ ва ғайра. Ҳамин аст, ки Ҳофиз мегӯяд:

Аз садои сухани ишқ надидам хуштар
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.

Аз ин рӯ, шоир ба ишқ рӯ меорад. Ҳамаи анвои маъниҳои ишқро метавон дар ғазалҳои Ҳофиз ёфт. Аммо дар ибтидо қаҳрамони ғазали Ҳофиз ишқро осон мепиндошт. Пас аз гузашти замоне мефаҳмад, ки шеваи рафтор бо ишқ ва ошиқ будан кори осоне нест, он мушки­лиҳои зиёде дорад. Биноан, шоир чунин нидо дармедиҳад:

Ало, ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.

Дувумин мафҳуми калидӣ, ки дар кушодани дарунмояи шеъри Ҳофиз ёрирасон мебошад, риндист. Мазмуни ринди Ҳофиз аз маънои луғавии ин калима фаротар рафтааст. Яъне, ринд ба маънои шахси мункир ва авбошу лоубол нест. Дар шеъри Ҳофиз ринд ба маънои ошиқ, шахси зираку ҳушёр, боҳуш, озод ва аз қайду банди ҳар ду ҷаҳон раҳида, инсондӯст ва билохира орифи ҳақиқатҷӯст. Ринди Ҳофиз як шахси ботинаш аз зоҳираш солимтар, комил, азхудгузашта ва ба қавли худаш “ҷонбозу” “оламсӯз” ва роздону роздо­рест, ки ҳамеша дар баробари арзишҳои таҳмилию дурӯғин исён мекунад. Ба қавли шоир, дар шахси ринд худбинию худройӣ куфр аст. Ринди Ҳофиз шахси якрангу якрӯст ва миннати ҳеч касро намепазирад. Ба қавли худи шоир, ринд аз подшоҳу гадо фориғ аст, аммо тариқи адаб нигаҳ медорад. Ӯ шахси ниҳоят ан­дешаманду пурталош ва балокашест, ки ҳама дардҳои ҷомеаро бар дӯш дорад ва онҳоро рафъ карданист. Ринд дар ҷомеа маъмурияти бас пурмасъулияте дорад. Инро ҳам медонад, ки ишқу риндӣ варзидан кори осоне нест ва тайи роҳи риндӣ барои ҳар кас ошкор ҳам нест. Биноан, худаш гуфтааст:

Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал,
Охир бисӯхт ҷонам дар касби ин фазоил.

Аз ин ваҷҳ, ҳувияти ринд иборат аз он фазилатҳост, ки дар чаҳорчӯбаи ҷаҳонбинии расмии замонаш намегунҷад. Ринд шахсест, ки на зоҳиди зоҳирпарасти хилватнишин қабулаш дорад ва на майфурӯши майкада (шайхи тариқат), на ба масҷид роҳ дораду на ба майхона (хонақоҳ). Аммо ба ҳар ҳол, майхонаро аз ҳар ибодатгоҳе бартар медонад ва пас аз солҳо хокрӯбии дари майхона он ҷо бо адаб ворид мешавад ва гӯшаи майхонаро айни матлаби худ медонад:

Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст,
Дуои пири муғон вирди субҳгоҳи ман аст.

“Назарбозӣ”, ки Ҳофиз онро яке аз ҳунарҳои хоси худаш дониставу борҳо аз он болидааст, як тариқа ё василаи маърифат аст ва он бо ишқу риндӣ робитаи мустаҳкам дорад. Аммо ишқу назар ҷоест, ки ҳусну зебоӣ он ҷост. Дар сифати назарбозӣ шоир мегӯяд:

Ҷамоли дилбарию ҳусн дар назарбозист,
Ба шеваи назар аз нодирони даврон бош.

Касе дорои ҳунари назарбозист (илми назар), нодираи даврон ӯст. Қаҳра­мони ғазали Ҳофиз покбозу назарбоз аст, аммо олуданазар нест, Ӯ иродаи мустаҳкам дорад. Шоир мегӯяд, агар назарбоз ҳастӣ, дар ишқ парвонасон бисӯз, вале хандон бош:

Ту шамъи анҷуманӣ, якзабону якдил бош,
Хаёлу кӯшиши парвона бину хандон бош.

Ашъори Ҳофиз барҳақ оинаи тамомнамои таърихи миллати мост. Дар ашъори Ҳофиз лаҳзаҳои таърихи чандҳазорсолаи мардумони форсизабонро аз даврони асотирӣ то замони худи шоир метавон ёфт. Аммо муроди мо ин ҷо инъикоси вазъи замони шоир дар ашъори вай мебошад. Давраи зиндагии Ҳофиз аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқӣ яке аз давраҳои нобасомон ва хунрези таърих буд. Тасдиқи чунин авзоъро дар абёти ғазали зайли Ҳофиз метавонем дарёбем:

Агарчи бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махур май, ки муҳтасиб тез аст.
Суроҳиеву ҳарифе гарат ба чанг афтад,
Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст.
Дар остини мураққаъ пиёла пинҳон кун,
Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст.

Ҳофиз беҳтар аз ҳар шоире ба хонан­дагонаш ва махсусан ба ҷавонон панд медиҳад, дарси ҳикмати амалӣ меомӯ­зад. Аммо дар ин ҳангом забонаш забони як хирадманди дунёдида ва суханвари фасеҳбаён аст. Ӯ чунон нарм насиҳат мекунад, ки фармудаҳояш ногузир бар дилҳо менишинанд. Барои он ки чунин шавад, бо илтифоту меҳрубонии зиёд мегӯяд:

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Дар чунин насиҳатҳояш Ҳофиз аз ҳашви малеҳ хеле моҳирона истифода мекунад. Дар байти мазбур калимаи “ҷоно” ҳашви малеҳ аст ва воқеан матла­би шоирро зебову латиф гардонидааст.

Ҳофиз сарояндаи зиндагист. Ҳаётро дӯст медорад. Нисбат ба ҳар гуна пешо­мадҳо некбин аст. Бо суханони латифу зебои худ мухотабашро неру мебахшад. Ҳофиз чунон некбин аст, ки ҳеч чизе барои расидан ба ҳадафҳои некаш монеа шуда наметавонад. Ӯ дилпурона ва бо виқору ғурури инсонӣ чунин садо дармедиҳад:

Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,
Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак!

Қаҳрамони шеъри Ҳофиз мехоҳад ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунад. Ин матлабро хеле шоирона, вале ошкоро чунин баён медорад:

Гадои майкадаам, лек вақти мастӣ бин,
Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам.

Чунин суханони пуршӯри Ҳофиз хо­нандаашро ба ҳаёт дилгарм мекунад. Пас аз хондану шунидани чунин абёт кас мехоҳад аз паси Ҳофиз биравад, ба ӯ пайравӣ кунад, мубориз бошад. Мехоҳад барои расидан ба орзуҳои неки худ талош намояд.

Ҳофиз шоири андешаманду мута­факкир аст. Ӯ чун Умари Хайём рӯйи муаммоҳои офариниш, ҳаёту мамот ва ҳастию нестӣ бисёр фикр кардаву ба натиҷае расида, ки рамузи онҳо барои ҳама пӯшидааст. Ӯ дар абёти ҳакимонаи худ иброз медорад, ки аз роҳу василаи кашфи муаммои ҳастию нестӣ ҳеч до­нишманде огоҳ нест:

Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш?
З-ин муаммо ҳеч доно дар ҷаҳон огоҳ нест.

Ӯ низ хайёмвор изҳор мекунад, ки таҳқиқу тафсири вуҷуди инсон ва зин­дагии ӯ дар ин ҷаҳон афсуну фасонае беш нест, зеро ба қавли худи ӯ, гавҳари чунин дониш аз садафи кавну макон берун аст ва барои дарки он ақли одамӣ қодир нест:

Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз,
Ки таҳқиқаш фусун асту фасона.

Ҳофиз низ ба монанди Саъдӣ аз ҳунари шоирии худаш менозад ва аз роҳи худшиносии халлоқияти адабӣ гоҳе дар мавриди ғазалҳояш арзёбиҳои завқӣ мекунад. Аз ҷумла, дар як байти фахрии худ лутфи суханашро худодод медонад:

Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.

Дар ҷое шеъри худро “қанди порсӣ” мешуморад ва мегӯяд, ки он агар ба Банғола равад, тӯтиёни Ҳинд баробари дидани он қанд ҳатман тарки шакархоӣ хоҳанд кард:

Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд
З-ин қанди порсӣ, ки ба Банғола меравад.

Дар байти мазбур зикри “тӯтиёни Ҳинд” ишора ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Амир Хусрав ҳам метавонад бошад.

Сабки Ҳофиз дар таърихи беш аз ҳазорсолаи шеъри форсии тоҷикӣ сабки беназирест. Тавфиқи ҳунарии Ҳофиз, ба қавли Муҳаммадризо Шафеии Кад­канӣ, дар заминаи ҳунарсозаҳои бастаи шеъри пешгузаштагон ва муосиронаш ҳунарсозаҳои нав ва кушод сохтани ӯст. Баста аз он сабаб гуфтем, ки ҳунарсозаи шеъри шоирони дигар барои хонандагон куҳнаву такрорианд ва аз ин рӯ, ба онҳо таъсире намебахшанд. Ҳофиз он сох­торҳои ба хонанда ошно ва бетаъсирро тавассути аҷибсозӣ сохту сурати дигари шигифтангез медиҳад ва ба онҳо ҷони тоза мебахшад. Дар натиҷа суханаш зе­бову ҳайронкунанда мегардад. Чунончи, Ҳофиз байте дорад бад-ин сурат:

Тоби бунафша медиҳад турраи мушксои ту,
Пардаи ғунча медарад хандаи дилкушои ту.

Дар ин байт ду ташбеҳи такрорию куҳна ҳаст, яке ташбеҳи даҳони маъшуқ ба ғунча ва дигар ташбеҳи турра ба бунафша. Дар ин маврид Ҳофиз ҳамин сохтори куҳна дар мавриди бунафша ва ғунчаро навсозӣ намуда, ба онҳо зиндагии тоза додааст. Дар натиҷаи чунин амалкарди ҳунарии Ҳофиз кушо­датарин ва зеботарин ҳунарсоза падид омадааст, ки гӯшу зеҳни хонандаро на­возиш медиҳад. Ҳунари аслии Ҳофиз, ба назари ҳофизшиносон, дар ҳамин гуна тағйирдиҳӣ ва аҷибсозиҳост. Ба ҳамин сабаб сабки Ҳофизро дуршавӣ аз шаклу суратҳои қадим дар меҳвари ҷонишинӣ муайян кардаанд.

Ҳофиз, ки дар замонаш чун Офтоб медурахшид ва чашмҳои мардуми даврашро бо шаъшаъаи ҳунарии худ хира карда буд, пас аз даргузашташ, шуҳраташ бетаваққуф ба таври инкишофёбанда дар олам густариш пайдо кард. Дунёи васеъи форсизабонон пайваста шеъри Ҳофиз мехонанду аз паёмҳояш ва дарунмояҳои ҳунари беназираш ҳаловат мебаранд ва дар дарку фаҳми онҳо дари баҳсу мунозира мекушоянд. Ашъораш ба забонҳои дигар тарҷума ва нашр шудаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеч девонеро беҳтар аз девони Ҳофиз намедонад. Ҳофизро тарҷумонуласрор мешуморад ва меафзояд, ки чун дар шеъри Ҳофиз асари такаллуф зоҳир нест, вайро Лисонулғайб лақаб кардаанд.

Аммо барои мо шуҳрати Ҳофиз дар миёни форсизабонони ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикон, ки ашъори ӯро дар забони асл мутолиа мекунанду лаззат мебаранд, муҳимтар аст. Дар Тоҷикистон Ҳофизро ҳама мешиносанд ва девони ӯ анису мӯниси ҳамагон асту ҳатман пораҳое аз сурудаҳои ӯро аз ёд медонанду замза­ма мекунанд. Тоҷикон аз рӯйи эҳтиром ҳатман ба номи Ҳофиз лафзи “Хоҷа”-ро илова менамоянд.

Тавре ки мебинем, Ҳофиз дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёташ ба падидаву рӯйдодҳои зиндагӣ аксуламал ва бархурдҳои гуногун, вале хирадмандонаву ҳакимона намудааст. Шоир инсонҳоро ба худсозӣ, кӯшишу кор, таҳаммулгароӣ, сабру шикебоӣ ва монанди инҳо даъват кардааст. Суханонаш лаҳну зарби дилнишин, таскиндиҳанда ва умедворкунанда доранд. Аз ҷониби дигар, ҳамаи фармудаҳояш дар ҳадди олии ҳусну зебоӣ адо шудаанд. Мухтассоти мазкур ва соири паҳлуҳои ҳунариаш ба шеъри Ҳофиз ҷовидонагӣ бахшидаанд.

Дигар хабарҳо