«Шашмақом» – дурдонаи миллат
11 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чаҳорумин Симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ оид ба Шашмақом «Дурнамои рушди мусиқии суннатии касбии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» барпо шуд. Дар кушодашавии Фестивал-симпозиум вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва ҳамчунин намояндагони ҳунару санъати кишвар ҳузур доштанд.
Матлубахон Сатториён ба кори симпозиум оғоз бахшида, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҳифз ва нигоҳдории мусиқии суннатии Шашмақом чораҳои амалӣ андешидааст. Аз ҷумла соли 2002-ум бо Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май Рӯзи Шашмақом эълон гардид ва ансамбли «Шашмақом» мақоми давлатиро касб намуд. Маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат мусиқии Шашмақом 11 ноябри соли 2008 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф карда шуд.
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ мушкилоти фарҳанги маънавӣ, аз он ҷумла мусиқии суннатӣ, ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Дар ин давраи ҳассос ҳар як халқу миллат танҳо ба василаи дастовардҳои фарҳангии хеш метавонад арзишҳои миллияшро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, масъалаҳое, ки дар ҳамоиши мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, хеле муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Мероси мусиқии суннатии тоҷик Шашмақом чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале хусусияти касбидошта дар тули асрҳои зиёд рушду такомул ёфтааст, вале маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гашт.
Доктори илми санъатшиносӣ Аслиддин Низомов дар мавзуи «Инъикоси назарияи дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсии тоҷикӣ ва мусиқишиносии муосир» маъруза пешниҳод кард.
Ҳамчунин дар мавзуи «Шашмақом: таърих ва назария» бо ҳузури мусиқишиносон мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ дар мавзуи «Роҷеъ ба ташаккули луғатномаи мақом» маъруза ироа намуд. Маърузаи А. Зокиров, дотсенти Донишкадаи санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон ба номи Ю. Раҷабӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои умумии ҳунари мақом дар замони ҷаҳонишавӣ дар мисоли мақомҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ» низ шунида шуд. Мусиқишиносони ҷумҳуриҳои дигар ҳам дар мавзуъҳои гуногун маърузаҳо пешниҳод карданд.
Ҳамон рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шашмақомхонони кишвар барномаи бошукӯҳи консертӣ пешниҳод намуданд. Меҳмонони симпозиум аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи «Истиқлол» дидан карданд. Бегоҳи 12 май дар театри мазкур консерти муштарак доир шуд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Шашмақом дар эҷодиёти бастакорон ва композиторон» мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он пажуҳишгарони санъати мусиқӣ маърузаҳо пешкаш намуданд.
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дарсҳои маҳорат бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои иштирокдор ташкил гардиданд.
Мижгон Халилзода, «АС»