Шаби эҷодии адиби асарҳои моҷароӣ

 Шаби эҷодии адиби асарҳои моҷароӣ

Рӯзи 30-уми ноябр дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нависанда Зариф Ғулом маҳфили эҷодӣ барпо гардид.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод маҳфилро ифтитоҳ намуд.

Гардонандаи ин рухдод нависанда Баҳманёр Муродӣ буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, адабиёт­шинос Шоҳзамон Раҳмон, ҳамқаламону ҳамсабақон ва ҳамкорони соҳибҷашн дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ карданд. Зикр шуд, ки Зариф Ғулом ҳамчун адиби моҷаронавис дар шумори чанд тани дигар талош дорад, ки ин жанр миёни хонандагони тоҷик мавқеи хоса пайдо намояд.

Дигар хабарҳо