Шаби эҷодии адиби асарҳои моҷароӣ
Рӯзи 30-уми ноябр дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нависанда Зариф Ғулом маҳфили эҷодӣ барпо гардид.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод маҳфилро ифтитоҳ намуд.
Гардонандаи ин рухдод нависанда Баҳманёр Муродӣ буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, адабиётшинос Шоҳзамон Раҳмон, ҳамқаламону ҳамсабақон ва ҳамкорони соҳибҷашн дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ карданд. Зикр шуд, ки Зариф Ғулом ҳамчун адиби моҷаронавис дар шумори чанд тани дигар талош дорад, ки ин жанр миёни хонандагони тоҷик мавқеи хоса пайдо намояд.