«Хуш дурахшид, вале…» (Мушоҳидаҳо аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”)
Солҳои охир ба шарофати таваҷҷуҳи роҳбарияти давлатамон ба маънавиёт мардум ба китобхонӣ бештар аз пештар рӯй овардаанд, ки хеле хушоянд аст. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шавқи мутолиаи китобро дар замири хурду калон афзуда, барои рушди маънавияшон ангеза бахшид. Ҳамасола китобхонҳои бисёр аз ҳама гӯшаву канори кишварамон дар ин озмун ширкат меварзанд. Дар даври ниҳоии озмун пойтахтамон ҳар сол ба конуни бузурги китобхонону китобдӯстон табдил меёбад ва мушоҳидаи ин манзара дилҳоро пур аз эҳсоси ифтихору фараҳ мекунад. Ин озмун, ки мубтакираш Пешвои муҳтарами миллат мебошанд, воқеан, тадбири хирадмандонаву дурандешона аст ва мебинем, ки самарҳои ширин медиҳад. Худи ҳамин воқеият, ки мутолиа коре фарогиру ҳамагонӣ шудааст, нишотовар аст ва умеди фардои равшанро дар дили мо бедор мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябр дар суханронияшон ба ифтихори Рӯзи Дониш роҷеъ ба озмуни мазкур низ суханҳои хубу ангезабахш гуфтанд. Аз ҷумла хабари хуш расонданд, ки мукофоти озмун сад фоиз бештар мешавад. Яъне барандаи ҷойи аввали озмун, ки 35000 сомонӣ мегирифт, минбаъд соҳиби 70000 сомонӣ мешавад. Ин дигар ниҳояти меҳрубониву ғамхорӣ ба аҳли китобу аҳли маърифат аст! Шояд дар ҳеҷ кишваре ба китобхонон чунин иноят зоҳир нашудаасту шуданаш ҳам дур аз эҳтимол мебошад. Табиист, ки дар посух ба ин меҳрубониҳо масъулияти дастбакорони озмун низ бояд даҳчанд бештар шавад. Коре бояд кард, ки озмун ба шеваи матлуб баргузор гардад ва нақсу камбудҳои қаблӣ ислоҳ бишаванд. Пешвои миллат дар ҳамон суханронияшон ба масъалаи тақаллубкорӣ дар озмуни “Фурӯғи доноӣ китоб аст” ишора карданд, ки воқеан дурусту баҷост. Ҷои афсӯс аст, ки дар чунин озмун, ки ҳадафаш тарғиби адабу маърифату маънавиёт аст, амалҳое сурат гиранд, ки комилан бар хилофи ин арзишҳои баланданд!
Аз мушоҳидаҳое, ки дар тули чанд соли баргузории ин озмун ҳосил шуданд, чунин бармеояд, ки дар тарзу шеваи кори он камбуду норасоиҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Дар марҳалаҳои аввал, яъне дар шаҳру ноҳияҳо ва вилояту минтақаҳо бемасъулиятиҳо аз ҷониби масъулон ва беинсофиҳо аз сӯи доварон зиёд мушоҳида мешаванд. Дар ҷараёни баргузории даври дувуму севум баъзан касоне иштирок мекунанд, ки беш аз 2-3 китоб нахондаанд ва аз имтиҳони устодонашон нагузаштаанд. Чунин ҳам иттифоқ меафтад, ки ин гуна иштирокчиён ба сабаби беэътиноии масъулону доварон ба марҳалаҳои дигар роҳхат мегиранд ва дар ниҳоят ноумеду шикастадил аз майдони сабқат берун мешаванд. Яъне муносибати сарсарии баъзе доварон ба озмун ва сахтгирӣ накарданашон боис мешавад, ки чунин ҳолатҳо рух диҳанд. Пеш аз ҳама бояд андешид, ки мукофоти озмун хеле пурқимат аст ва касоне бояд онро соҳиб шаванд, ки дар ҳақиқат заҳмат мекашанду ҷон мекананд ва рӯи сафҳаи китоб шабзиндадорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар гуна хотирдориву воситабозӣ дар ин озмун метавонад умеди дӯстдорони асили китобро шиканад ва дилашонро аз адабиёт сард кунад. Салоҳи кор ин аст, ки озмун аз марҳалаҳои аввал то давраи охир зери назорати қатъӣ қарор бигирад ва масъулон бо камоли масъулият кори худро анҷом бидиҳанд.
Аз душвортарин бахшҳои “Озмуни фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” номинаҳои “Эҷоди назм” ва “Эҷоди наср” мебошанд, ки дар онҳо қаламкашони наврасу ҷавон ва бузургсол ширкат меварзанд. Ин номинаҳоро ба он далел душвортарин донистем, ки дар онҳо на хонандагони осор, балки эҷодгарони асар байни ҳам сабқат мекунанд! Ин корро бамаротиб сахттар ва масъулиятро даҳчанд бештар мекунад, зеро офариниши шеъру достону ҳикояву қисса илова бар мутолиаи фарох, истеъдоду қареҳаи хосро тақозо мекунанд, ки на ҳар қаламбадасте онҳоро соҳиб аст. Бинобар ин, аз байни анбӯҳи иштирокдорони ин номинаҳо кашфу дарёфти соҳибистеъдодҳо кори сахту сангин аст ва гоҳе баҳсбарангез.
Таҷрибаи чандсолаи озмун маълум кард, ки дар ин номинаҳо низ баъзе камбудҳои ҷиддӣ дида мешаванд. Яке аз камбудҳои ҷиддӣ, чунонки болотар ҳам ишора шуд, роҳхат гирифтани раҳгузарони тасодуфии ҷодаи эҷод ба даври ниҳоист. Соле пеш дар даври ниҳоии озмун доваре аз як иштирокчии номинаи назм пурсид, ки байте аз шоирони классик бигӯ. Он иштирокчӣ, ки солаш ҳам ба ҷое расида буд, ҳатто аз устод Рӯдакӣ натавонист байте бихонад. Тасаввур кунед, касе ки байте аз гузаштагон намедонад, даъвои шоирӣ дорад ва то даври ниҳоии озмун роҳ меёбад. Куҷо буданд доварони даври ноҳиявию минтақавӣ, ки дониши ӯро бисанҷанд?! Мушоҳидаҳо ба таври аён нишон доданд, ки баъзе касон ҳатто аз шарҳи маънои калимоте, ки дар навиштаҳояшон ба кор будаанд, оҷизанд. Маълум мешавад, ки он навиштаҳо моли худашон нестанд ё сахт таҳрир хӯрдаанд. Соли гузашта ба иштирокчиёни номинаҳои “Эҷоди назм” ва “Эҷоди наср” мисраъ ва мавзуе пешниҳод гардид ва супориш дода шуд, ки дар тули як соат аз он мисраъ ва аз он мавзуъ шеъре бисозанду матне бинависанд. Бештари онҳо натавонистанд чанд байте мавзун кунанду чанд ҷумлаи дурусте рӯи коғаз оваранд. Ин, албатта, далолат мекунад, ки дар марҳалаҳои ибтидоӣ масъулону доварон озмунро ҷиддӣ нагирифтаанд ва саҳлангорӣ кардаанд. Акнун, ки мукофоти озмун сад дарсад бештар мешавад, кор бояд ранги дигар бигирад.
Масъалаи дигар, тавре ки мушоҳида шуд, муносибати сатҳии баъзе хонандагони мактаб ва донишҷӯён ба китоб аст. Ба ин маъно, ки онҳо таълифи китобро содаву осон мегиранд ва навиштаҳои хоми худро ба шакли китоби мунаққаш дароварда, ба доварон пешкаш мекунанд, яъне худро соҳибкитоб муаррифӣ менамоянд. Албатта, дар наврасиву ҷавонӣ соҳиби китоб шудан орзуву ҳаваси ширин аст, вале лозим аст, ки то чи ҳад ҷиддӣ ва масъулиятхоҳ будани ин масъаларо устодону омӯзгоронашон ба онҳо бифаҳмонанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ин озмун, ба вижа номинаҳои мавриди назари мо, раҳнамоӣ ва ташвиқи адибони ҷавон ба кори адабӣ ва имкон фароҳам овардан барои рушди истеъдоди онҳост. Вале, мутаассифона, баъзе иштирокчиёни ин номинаҳо, ки ба қавли маъруф, хуш дурахшиданду ҳатто ба пирӯзӣ расиданд, баъди озмун чунон бедарак шуданд, ки дигар ному нишонашон пайдо нест. Маълум мешавад, ки кори адабӣ барои онҳо танҳо ҳавову ҳаваси зудгузаре буда ва мақсадашон аз озмун пул ба даст овардан будаасту бас. Ба қавли Ҳофиз: “Хуш дурахшид, вале давлати мустаъҷил буд”.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намунаҳои осори ҳама барандагони озмунро дар нашрияҳои худ ба табъ расонд ва онҳоро барои ҳамкорӣ даъват кард ва минбаъд низ ин кори муҳимро идома медиҳад. Аммо, боиси нигаронист, ки бештари он барандагон чандон дилгармона ва собитқадамона дар ин роҳ ҳаракат намекунанд. Фақат ҳузури чанде аз онҳо дар фазои адабӣ эҳсос мешаваду халос. Дигарон ё дунболи кори дигаре рафтаанд ё барои такмили маҳорати худ кӯшише намекунанд.
Дар ин номинаҳо хонандагони аз синфи 8 болои мактабҳои миёна, донишҷӯёну магистрантону унвонҷӯён ва шаҳрвандони машғул ба касбу кори гуногун иштирок мекунанд ва адибони касбӣ (аъзои ИНТ) ҳаққи иштирок надоранд. Ба масъулони озмун пешниҳод мекунем, ки дар дохили номинаҳои “Эҷоди назм” ва “Эҷоди наср” категорияи махсуси адибони касбиро ҳам ворид намоянд, зеро дар ин сурат нуфузи озмун баландтар ва сабқат ҷиддитар хоҳад шуд. Албатта, дар ин ҷо адибони соҳибунвону ҷоизадорро метавон истисно кард, вале агар ба аъзои дигари ИНТ, ки дар миёнашон ҷавонон кам нестанд, иҷозати иштирок дода шавад, аз рӯи адолат хоҳад буд. Имрӯз адибони мо барои асарҳояшон ҳаққи қалами ночиз мегиранд ва вазъи иҷтимоии бештарашон чандон хуб нест. Мукофоти озмун метавонад ин норасоиҳоро ҷуброн кунад ва зиндагии онҳоро аз ҷиҳате беҳбуд бахшад. Пешниҳоди дигар ин аст, ки на ба шумораи иштирокдорони ин номинаҳо, балки бештар ба сифати навиштаҳои онон таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Бигзор кам, вале хуб бошанд. Шарт нест, ки мисли номинаҳои дигар аз ҳар категория шашнафарӣ мукофот бигиранд. Ҳар сол аз куҷо ин қадар шоиру нависандаро метавон пайдо кард? Ҳол он ки:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқе дар Яман,
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ
Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан.
Дар посух ба ғамхориҳое, ки аз сӯи роҳбарияти давлатамон барои густариши маънавиёти мардум ва парвариши истеъдоди қаламкашон зоҳир мегардад, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бояд тавре баргузор кунем, ки шоистаҳо қадрдонӣ шаванд ва ношоистаҳо барои сазовор шудан ба мақом солҳои оянда ҷаҳду талош намоянд.
Т. ХАЛИЛӢ, “АС”