Хати хуршед
Чанде пеш шоири шинохтаи Эрон Алиризо Қазва меҳмони Тоҷикистон буд. Ӯро дар кишвари мо бештар ҳамчун муаллифи муқаддимаи китоби «Хуршедҳои гумшуда» мешиносанд. Ин навишта дар замони худ сарусадои зиёде эҷод карда буд ва таассуроти аксар ҳам дар бораи ин навишта ва назариёти муаллифи он бар асоси шоеаҳост ва худи онро нахондаанд.
Аз фурсат истифода бурда, бо эшон дар ин мавзуъ ва фаротар аз он ҳам суҳбате оростем ва онро манзури хонандаи маҷалла мегардонем.
«Ҷуз меҳрубонӣ аз тоҷикон надидаам»
— Аз сафари нахустинатон ба Тоҷикистон солҳо мегузаранд ва шумо, инак, боз меҳмони Ватани моед. Бардоштҳоятон аз ин ду сафар чӣ гуна аст ва чӣ тағйиротеро мушоҳида кардед?
— Соли 1998 аввалин бор ба Тоҷикистон омадам. Ва бозгаштам ба Эрон ҳамзамон шуда буд бо рӯзҳои фавти устод Лоиқ. Қабл аз он ки ба Тоҷикистон биёям, мавзуи фавқулисонсамро (дараҷаи бакалаврӣ – Б.Ҳ.) адабиёти имрӯзи Тоҷикистон қарор дода будам. Ҳудуди 4-5 сол пеш то омаданам ба Тоҷикистон мехостам, ки дар заминаи адабиёти тоҷик кори ҷиддие кунам. Қабл аз ин ҳам масъулиятҳое доштам. Аз ҷумла, масъули сафҳаи адабии «Бишнав аз най….» дар қадимтарин рӯзномаи Эрон – «Иттилоот» будам ва ин сафҳа ҳамчун қавитарин сафҳаи адабӣ таҳаввулоте дар Эрон эҷод кард. Албатта, дар он саҳифа ашъори шоироне чун Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ… мунъакис мешуданд. Ҳамон солҳо дар Эрон бо устод, профессор Раҳими Мусулмониён, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Мирзо Шукурзода ва Шаҳбоз Эраҷ аз Афғонистон дафтари адабиёт ва фарҳанги тоҷикиро дар ҳавзаи ҳунарӣ ифтитоҳ карда будем. Ҳамчун масъули дафтар бо ин дӯстон рӯйи луғат, фарҳанг, калимоти тоҷикӣ ва муштаракоти Тоҷикистон кор мекардем. Якҷо фарҳанге сохта будем, ки панҷ ҳазор калимаи махсуси забони тоҷикиро фаро мегирифт. Онро дар хидмати устод Равоқӣ қарор додем, то ки дар фарҳангашон истифода кунанд ва он фарҳанг эҷод шуд. Ғазали муосири Эронро ба хати сириллик баргардону нашр кардем ва ба ин ҷо овардем. Ду соле, ки дар Тоҷикистон будам, анҷуманҳои адабӣ доштем, як силсила суҳбатҳо бо шоирон низ. Солҳои бисёр хуб буд. Албатта, аз ин ду сол хотироте ҳам дорам, ки мардум сахтиҳо мекашиданд, тирандозиҳо мешуд ва гоҳе амният набуд. Ва имрӯз дидам, ки оромиши бисёр хуб дар ин ҷо ҳоким аст. Ин оромишро бояд пос дошт ва ташаккур кард аз касоне, ки онро ба мардуми Тоҷикистон ҳадя додаанд. Ин оромиш оромиши мо ҳам ҳаст. Дили мо ҳам ором аст, ки ин ҷо осудагӣ ҳукмфармост. Ба ҳар ҳол, ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангем, шодии шумо шодии мост, ғами шумо ғами мо. Биноҳои зиёд қад кашидаанд, бозору мағозаҳои қадимӣ иваз ва рангурӯйи шаҳр беҳтар шудааст. Ин ҳама намои берунии шаҳр аст ва як намои фарҳанг ҳам ҳаст, ки диданист.
Ман қаблан ҷуз меҳрубонӣ аз мардуми Тоҷикистон надидаам ва алъон низ ҳамон меҳрубониву эҳтирому шеваҳои меҳру муҳаббат ҷорист, ки ин хеле қобили тақдир аст.
Аммо дар мавриди адабиёти бист соли охири шумо қазовате карда наметавонам. Чунки баъди рафтан аз Тоҷикистон ҳашт соламро дар Ҳиндустон гузарондам ва мутаҳаввил шудам. Эҳсос кардам, ки ҳар як эронӣ ва тоҷик бояд аз Ҳиндустон ҳамчун аз маҳди ирфони дунё дидан кунад. Албатта, ки Тоҷикистон ҳам маҳди забону муҳаббат аст. Аммо он пуштвонаҳое, ки дар ирфону фалсафаву асотири Ҳиндустон ҳаст, решаи хеле қадимӣ доранд ва мардуми он ҷо низ мардуми орифе ҳастанд. Дар он ҷо ду навбат маъмурият доштам, ки якеаш мудири маркази таҳқиқоти забони форсӣ ва дигаре мудири вобастаи фарҳангии сафорати Эрон дар Ҳиндустон буд. Дар ҳар ду давраи фаъолият бо дӯстон ва зиёиёни тоҷик иртиботам қатъ нашуд. Чанд китоби Замира Ғаффороваро чоп кардем. Бо сафири шумо дар ин давлат Саидбек Саидов мисли дӯстони наздик будем. Бо ҳам сафарҳое доштем.
Бо Муҳаммадалии Аҷамӣ, ки ба раҳмати Худо рафт, иртиботи хубе доштам. Бо Доро Наҷот, Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Фарзона, Рустами Аҷамӣ тариқи фазои маҷозӣ ҳолу аҳвол мепурсидем. Бо Умар Темур, Давлатманд Холов, Давлат Назрӣ низ. Ман хотироти бисёр аз Тоҷикистон дорам. Гоҳе вақтҳо фикр мекунам, ки хотироти Ҳиндамро навиштаам бо унвони «Қатори моҳороҷа» ва хотироти дигар кишварҳоро низ. Аммо хотироти Тоҷикистон то ҳанӯз навишта нашудааст.
— Солҳои дар Тоҷикистон будан хати кириллиро омӯхтед ё дар Эрон?
-На, дар Эрон аз дӯстон хати кириллиро ёд гирифта будам ва ҳудуди 500 китоб бо ин хат хонда будам барои рисолаи фавқулисонсам. Баъд ки омадам ба Тоҷикистон, мавзуи рисолаи докториамро роҷеъ ба адабиёт, махсусан, ғазали Тоҷикистон интихоб кардам. Ва 500 соат забони русӣ ҳам омӯхтам, ки алъон каме дар хотирам мондааст. Муҳим ин аст, ки ҳамеша алоқаманди фарҳанги тоҷик будам. Агар тоҷик будам, ки дӯстонам мегӯянд ту тоҷикӣ, бо хати форсӣ бештар менавиштам. Аммо хати сириллик ҳам мехонам ва онро хати бегонае бо фарҳанги шумо намедонам. Зеро шумо дар ин фарҳанг зиндагӣ мекунед. Аммо решаи шумо бештар дар хати ниёгон аст. Яке аз дӯстони ҳиндуям Билром Шукло забонҳои санскрит, урду, ҳиндӣ, англисиро медонад ва шеър мегӯяд. Забонҳои қадими дигарро ҳам омӯхта аст, мисли забони паҳлавӣ. Фикр мекунам, ки дар баробари хати кириллӣ омӯхтани хати форсӣ низ бароятон мушкиле надорад. Ин ба нафъи шумо хоҳад буд. Хату забони форсӣ илова бар ин ки забони фарҳангу шеъру адабу ирфон аст, забони илм ҳам ҳаст.
— Аз тағйироти Тоҷикистон гуфтед. Ин дигаргуниҳо то чӣ андоза ба шеъри тоҷик таъсир гузоштааст?
— Инро бояд қазоват кунам. Тӯли ин чанд соли охир шеъри тоҷикро надидам. Фикр мекунам, ки бояд бештар аз ин иртиботи мо ҳифз шавад. Ҳар қадар иртибот бештар бошад, шеъру адабиёти шумо қавитар хоҳад шуд. Ба унвони мисол, ду китоби аввали Аҷамиро бо китоби «Биҳишти одаму гандум», ки дар Эрон навишт, муқоиса кунед. Мо солҳо якҷо будем. Ӯро ба тамоми шаҳрҳо ва анҷуманҳо бо худ мебурдам. Ҳама эҳтиромаш мекарданд. Ҳатто устод Исфандақа, ки шоири қавӣ ҳаст, қасида тақдимаш кардааст. Вақте Аҷамӣ дубора омад ин ҷо, Аҷамии мутаҳаввилшудае буд. Агар Сиёвуш ҳам ба ҷои Қирғизистон Эронро интихоб мекард, як шоири бузург мешуд, ҳамчунон ки алъон ҳам бузург аст. Сиёвушро хеле шоири бузург медонам. Эй кош, ба ҷойи Қирғизистон дар Эрон буд. Он гаҳ метавонист дар ҳадди Шафеии Кадканӣ, Ахавони Солис… бидурахшад. Ё масалан, Искандари Хатлонӣ ба ҷои Москва дар Эрон мебуд, метавонист устураи шеър бошад.
Китоби 5 шоири шуморо чоп кардаву овардам. Корҳои хонум Фарзона ҳанӯз он таровату тозагиашро дорад. Низом Қосим, Аскар Ҳаким ҳамчунин. Аскар Ҳакимро ман хеле хуб дидам. Ӯ шоирест, ки дар куҳансолӣ ҳам шеърҳои ҷавон мегӯяд. Дар шеъри иҷтимоӣ хеле муваффақ аст. Дар вазнҳои тоза шеърҳои хуб ироа кардааст. Масалан, китоби «Оҳанги боду борон»-и ӯ ва «Самои маҳшар»-и Муҳаммадшарифи Саидӣ аз Афғонистон ҷоизаи шеъри «Фаҷр»-ро гирифтанд, ки ҳар ду китобро ман дар «Нашри форсизабонон» ҳамчун мудири омил чоп кардам ва дар ин ҷашнвора довар ҳам будам. Аз баъзе шоирон то ҳол чизе нашунидаам. Масалан, Хайрандешро шоири хубе медонам. Солҳои қабл шеърҳои самимие аз ӯ хонда будам, аммо ҳоло намедонам, ки рушд карда ё не.
Фикр мекунам, ки як давраи тилоӣ дар муносибати Эрону Тоҷикистон шуруъ мешавад. Зеро баъди чанд муддат барои ҳафтаи фарҳанги Эрон дар ин ҷо даъват шудаем. Ҳафтаи фарҳанги Тоҷикистон ҳам дар Эрон дар назар аст. Ҳоло зиёда аз 30 нафар аз зиёиёни тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон ширкат доранд. Ин бисёр хуб аст. Робитаҳои фарҳангӣ боиси қуввати адабӣ мешаванд.
Донишҷӯёни Ҳиндустон ба адабиёти Эрон таваҷҷуҳ доранд ва таҳқиқ ҳам мекунанд. Ба чанд нафарашон раҳнамову мушовир ҳам будам. Махсусан, бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Кашмир робитаи наздик доштам. Мавзуи рисолаи илмии Маҳбуб Ҳусайн, донишҷӯи ҳинду ва Марва, устоди донишгоҳи «Ал-азҳар»-и Миср роҷеъ ба осори ман аст. Ҳоло дар Эрон роҷеъ ба осори Қайсари Аминпур 300 рисолаи докторӣ ва фавқулисонс навишта шудааст ва роҷеъ ба осори ман 100 рисола. Иртиботи адабӣ агар бо ин гуна роҳҳо эҷод, сипас ба шакли китоб чопу тарҷума шаванд, хеле хуб аст.
Ростӣ, намедонам дар Тоҷикистон чунин робитаҳо ҳастанд ё не. Аммо аз будани донишмандони огоҳе чун Рустами Ваҳҳобу Рустами Аҷамӣ дар донишгоҳҳои шумо шодам, ки аз адабиёти имрӯзи Эрон бохабаранд.
Шохаҳои ҷадид
-Чӣ корҳое имрӯз дар адабиёти Эрон анҷом мешаванд ва кадом навъи шеър бештар нуфуз дорад?
-Вазъияти адабии Эрон дар ин 40 соли баъди инқилоб рушд кардааст. Намехоҳам аз худам чизе бигӯям, нақли қавл аз як устоди ҳиндустонӣ мекунам. Мо порсол барномае дар донишгоҳи Ҷомеъмиллияи исломияи Деҳлӣ доштем. Барномае буд роҷеъ ба нақши адабиёт дар забонҳои мухталиф. Се нафар меомаданду нақд мекарданд. Дар забони форсӣ ман будам, доктор Меҳдӣ Боғирхон ва профессор Ахлоқ Аҳмади Ансории Оҳантахаллус. Оғои Ахлоқ Оҳан як нуқтаи бисёр хубе гуфт. Гуфт, чизе ки дар Эрон иттифоқ афтодааст, адабиёти тозае бо номи адабиёти пойдорист.
Адабиёти пойдорӣ ва оинӣ ду шохаи ҷадиданд. Адабиёт мисли як дарахти куҳансол аст. Ин дарахт як решаи ҳазору садсола дорад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав… шохаҳои бузурги аввали ин дарахтанд. Шохаҳои болотараш шоирони муосири Эрону Афғонистону Тоҷикистонанд. Дар ин дарахт дар ҳар рӯзгоре як иттифоқе афтодааст. Масалан, дар сабки хуросонӣ забон ахлоқиву ҳикамӣ шудааст ва шеър гуфтан дар васфи подшоҳон будааст, дар сабки ироқӣ шеъри ирфониву ғиноиву тавсифиву ҳамосӣ гуфтаанд. Дар мактаби вуқуъ ин чиз идомат дошт. Дар сабки ҳиндӣ хаёлангезӣ омад. Баъдан дар мактаби бозгашт сабки хуросониро зинда карданд. Ва дар давраи ҷадиди адабиёти Эрон ду шохаи тоза изофа шудааст. Мо 8 сол бо Ироқ на, бо дунё ҷанг доштем, зеро дар пушти Ироқ 44 кишвар меистод. Ва мо шикаст нахӯрдем ва як метр ҳам аз хокамонро надодем. Масалан, дар муоҳидаи Гулистон, Туркаманчой ба Русияву дигар кишварҳо тика-тика хокамонро додаем. Ва мо авалин бор истодему ғолиб омадем ва онҳо маҳкум ҳам шуданд дар додгоҳҳои байналмилалӣ. Яъне мо мутаҷовиз набудем, балки дифоъ кардем ва як адабиёте эҷод шуд бо номи адабиёти дифоъи муқаддас, ки ин хотироти размандаҳост. Ин чизи ҷадид аст, ки мо қаблан надоштем. Адабиёти оинӣ ҳам бахше аз оинҳои мост, яъне ҳам ойинҳои миллӣ ва ҳам ойинҳои динӣ. Аммо бештар ойинҳои динӣ. Дар ин ду шоха адабиёти мо хеле рушд кард. Инҳо вижагиҳои сабкӣ эҷод кардаанд. Баъди панҷоҳ соли инқилоб сабки адабии инқилоб эҷод мешавад. Зеро дар ҳар ду қарн як сабк зуҳур мекунад. Тақрибан солҳост, ки сабке ба миён наомадааст. Масалан, шумо вақте шуруъ мекунед ба шеър гуфтан, як вижагие дар забонатон иттифоқ меафтад, ки дар солҳои гузашта набуд. Мисли як меваи ҷадид, ки намедонӣ чист. Ин як чизи тоза аст, ба қавли шумо навигарӣ. Дар адабиёти мо ҳам як тозагиҳо ҳаст, ки намешавад онро инкор кард ва ҷавонгароиву хонумгароӣ афзудааст.Ҷоизае дорем ба номи Парвини Эътисомӣ, ки дусолона аст. 8 сол пеш дабираш будам. Дар яке аз навбатҳо ҳудуди 1000 китоб аз шоирони зан ба мо фиристода шуд. Ҳайрон шудам. Дар ҳоле ки то инқилоб мо аз 20 ё 30 шоира ном бурда метавонистему бас.
Дар Эрон маҳофили адабӣ хеле зиёданд. Ман худам мудири маҳфилҳои адабии созмони фарҳангиву ҳунарии шаҳрдории Теҳрон будам, ки ҳудуди 100 фарҳангсаро дорад. Дар ҳар фарҳангсаро як ҷаласаи адабии шеър, як ҷаласаи адабии қисса, «Шоҳнома»-хонӣ, ҳофизхонӣ фаъолият мекунад.
Раисии адабиёти ҳавзаи ҳунарӣ ва кулли шурои шеъри Вазорати иршодро ҳам ҳам бар дӯш доштам. Дар ҳамаи устону шаҳристонҳо ва вазоратхонаҳои иршод чунин ҷаласаҳо ҳастанд. Анҷуманҳои адабии озод низ. Дар донишгоҳҳо рисолаҳои хуб навишта мешаванд. Устодони хуб ба тадрис машғуланд. Дар ҷаласаҳои сешанбеи Шафеи Кадканӣ дар донишгоҳи Теҳрон мардуми зиёд ҷамъ меоянд. Ҷаласаҳои Қайсари Аминпур низ чунин буд. Ин ҳама адабиёти моро рушд додааст. Албатта, чопи китоб аз ҷиҳати гарон шудани ҳазинаҳои чоп кам шудааст ва чопи электронӣ омада ба ҷойи чопи коғазӣ. Аммо нашри электрониву савтӣ хеле зиёд аст.
Ман романе навиштаам бо номи «Бародар Инглистон». Баъди баргаштанам ба Эрон рӯнамоӣ мешавад. Романи 400-саҳифаии ҷадид аст бо як забони ҷадид. Ин дафъа, ки омадам, бароятон хоҳам овард.
— Насли ҷавонтари шоирони Эрон чун наслҳои гузашта пуртакопу ҳастанд?
— Аз насли ҷавон шоирони хуб бисёр дорем. Яке аз беҳтаринҳояшон Фозил Назарист. Гаруси Абдулмаликиён шеъри сапед мегӯяд ва бачаҳои дигар ҳам, монанди Муҳаммадҷаводи Осмон, Меҳдии Ҷаҳондор, Муҳаммадмеҳдии Сайёр, Алимуҳаммади Муаддаб, Алии Довудӣ, Сайиди Биёбонакӣ, Саҷҷоди Сомонӣ ҳастанд. Ҳар кадом шоирони хубу пухтаанд. Китобҳояшон фурӯши хуб дорад.
Бубинед, ман борҳо гурӯҳи адабии «Ҳинд-Ирон»-ро таъсис додам дар Ҳиндустон. Дар он боз гурӯҳҳои дигарро таълиф кардам. Бачаҳои Афғонистонро бо гурӯҳи Мавлоно, бачаҳои Покистонро бо гурӯҳи Иқбол, дӯстони тоҷикро бо гурӯҳи Рӯдакӣ пайвастам. Намедонам чаро дӯстони тоҷик истиқбол намекунанд. Имрӯз робитаҳои фарҳангӣ бояд озод бошад. Давлати Сомониён як давлати озод буд. Ҳеч давлате чун Сомониён ихтиёри озодӣ ба мардум надодааст. Дар он давлат китобҳое аз Ҳиндустон меомад ва чоп мешуд ва китобҳои ин ҷо ҳам. Яъне додуситад буд. Додуситад мисли дарвоза аст. Аз дарвоза бояд бираваду биояд. Мумкин нест, ки фақат биравад ё фақат биояд.
— Бояд гуфт, ки дар ин масъала ҷавонони мо комилан озоданд ва тамоми шароит муҳайёст. Яъне ҳеҷ ҷавоне дар ин масоил мушкиле надорад. Магар ки худашон нахоҳанд ва камҳавсалагӣ накунанд.
— Пас, чизи дигарро ҳадс мезанам. Азбаски ба хатти форсӣ тасаллут надоранд, шояд аз ғалат навиштан хиҷолат мекашанд.
-Аммо гап агар сари ҷавонони шоир аст, то ҷое медонам, ҳамаашон бо хати форсӣ баладанд.
— Ман ҳозирам, ки коре барои шумо бикунам. Пас аз як моҳи дигар боз меоям ва омодаам, ки як давраи дусоата ё чорсоата барои шоирони ҷавони тоҷик ҳарф бизанам ва онҳоро бо адабиёти имрӯзи Эрон ошно кунам. Шеърҳояшонро бихонанд, ҳамаро бишнавам вижагиҳои шеърашонро бигӯям ва нақд кунам. Ман дӯст медорам, ки бо шоирони ҷавон биншинам, мисли Эрон, ки меравам ба донишгоҳҳо, нақд мекунам, ба ҳарфам гӯш медиҳанд, суҳбат меороем чун як ҷаласаи озод. Он солҳое, ки дар Тоҷикистон будам, дар ҳамин бино Аскар Ҳаким буд, хонум Гулрухсор меомад ва тамоми шоирон низ. Бисёр маҳфилҳои хубе мешуд. Шумо он солҳо будед?
— На. Он солҳо ҳамакнун таваллуд шуда будам.
— Кош, он анҷуманҳоро медидед. Масалан, ман мерафтем пеши устод Лоиқу мегуфтам, ки устод Лоиқ, биёед баҳси адабӣ кунем ва назаротамро мегуфтам. Устод мегуфтанд, ки оғои Қазва, шумо 20 сол дер ба сарзамини мо расидед.
Ҳарфҳои хуш доштем барои ҳамдигар, ки таъсиргузор буданд.
«Хуршедҳои гумшуда»
— «Хуршедҳои гумшуда»-и шумо сарусадои зиёд эҷод кард дар Тоҷикистон. Аз он огоҳӣ доред?
— Бале, он вақт ҳамин ҷо будам. Ба назарам, касоне буданд, ки ҳаёҳу мекарданд ва намегузоштанд, ки садои ман шунида шавад. Вале баъзеи дигар аз ман дастгирӣ, ҳимоят ва ҳарфҳоямро қабул карданд, чун Муъмин Қаноат, Юсуф Акбарзод, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Низом Қосим. Чанд нафар ҳам буданд, ки назарҳои мутафовит доштанду ҳарфҳое заданд, вале боз ҳам ба онҳо эҳтиром мегузорам. Ҳарфҳое, ки дар «Хуршедҳои гумшуда» овардаам, воқеиянд. Онро ҳамчун як одами дилсӯз ба адабиёти тоҷик навиштаам, ки ҳарфҳоро дӯстона задааст, аммо тунд. Албатта, қабул дорам, ки набояд тунд ҳарф мезадам. Аммо нақди ман он солҳо чунин буд, шеърам низ. Фикр намекардам, ки мо ду кишварем. Мепиндоштам, ки як кишварем ва ин ҳарфҳоро барои худамон мегӯям. Ин аз самимияти ман буд, на аз душманӣ. Ман дақиқан эҳсос мекардам, ки ин адабиёт бояд рушди бештаре кунад ва ин ҳарфҳо бояд гуфта шаванд. Ва то имрӯз он ҳарфҳо ҳаст. Намегӯям, ки эрод надоранд. Эродҳои зиёд, нуқтаи қуввату нуқтаи заъф ҳам доранд, мисли ҳамаи корҳои адабӣ. Агар онро имрӯз бинависам, таври дигар хоҳам навишт. На ин ки воқеиятҳоро нагӯям. Балки бо забони мулоимтаре. Вақте онро навиштам, синнам 34 буд, ҳоло 58-солаам. Яъне мулоҳизаи бештар мекунам. Имрӯз бо оромиши бештар бо ҷавон ҳарф мезанам.
Вале рисолаи дувумам, ки рисолаи доктории ман аст, то ҳол чоп нашудааст. Шояд онро рӯзе чоп кунаму аз нуқоти қуввати адабиёти тоҷик бигӯям. Ба ҳар ҳол, адабиёти тоҷик нуқоти қуввати зиёд ҳам дорад ва инҳоро хоҳам гуфт. Махсусан, дар бахши ғазал инҳоро ишора хоҳам кард. Аммо бисёр банд ҳастам. Масъулияти навам мудири шеъру мусиқӣ ва суруди садову симои Эрон аст. Мусиқиву шеъру суруди беш аз 100 шабакаи телевизионӣ бо мост. Яъне як севуми кулли тавлидоти садову симои Эрон ба дафтари мо марбут аст, ки зиёда аз 200 коргар дорад. Агар фурсат медоштам, менишастаму адабиёти тоҷикро чанд моҳ ҷиддӣ мутолиа мекардам. Аммо мутмаинам, ки ин адабиёт уфт накардааст. Ин бастагӣ дорад ба мутолиаи афрод. Адиб ҳам мисли варзишкор аст. Ҳамеша дар ҳоли тамрин бояд бошад, худашро тоза нигаҳ дорад, пайваста мутолиа кунад, кор кунад, дар анҷуманҳои адабӣ бошад. Агар як фосилае эҷод шуду масалан шаш моҳ шеър нагуфт, зарба мебинад. Тақрибан, ҳафтае нест, ки шеъре нанависам. Ва ҳар вақте ирода кунам, шеър мегӯям.
— То навиштани «Хуршедҳои гумшуда» чӣ миқдор огоҳӣ аз адабиёти тоҷик доштед?
— Замоне, ки «Хуршедҳои гумшуда»‘-ро навиштам, рисолаи фавқулисонсамро роҷеъ ба адабиёти Тоҷикистон дифоъ карда будам. Панҷ сол бо шоирону донишмандони тоҷик, чун Аҷамиву Шукурзодаву Мусулмониён ва дигар адибон ҳамсуҳбату ошно будам ва аз китобҳои Тоҷикистон ҳам огоҳӣ доштам. Иртиботам хуб буд, адабиёти шуморо хуб мешинохтам. Вале боз ҳам мегӯям, ки дар он каме хомиҳо ҳаст. Ин ки бигӯем пурра пухтааст, не. Ҳар кас тасаввур кунад, ки пухтааст, хом аст. Он корҳои ҷавонии ман аст, аммо таъсир дорад. Зарур аст, ки шоири ҷавони имрӯз онро як бор бихонад. Масалан, ман он ҷо гуфтаам, ки адабиёти рус шуморо аз баъзе чизҳо дур кард. Ҳарчанд ба баъзе чизҳо наздик ҳам кард. Худи адабиёти рус адабиёти боланда ва бузург аст. Вақте шумо русӣ меомӯзед, Пушкину Есенину Достоевский мехонед, ки адибони бузурганд. Аммо миёни шумову форсӣ фосила андохт. Баъзеҳо Ҳофизу Саъдиро ғалат мехонанду гоҳе хонда наметавонанд, ки натиҷаи ҳамин аст.
— Дар мавриди номи китоб мехостам бидонам, ки чаро «Хуршедҳои гумшуда»?
— Ин шоирон мисли хуршеданд, ки мо бояд бигардему пайдояшон кунем. Инҳо дар уфуқҳои дигар хуршеданд. Ва мо гумашон кардаем. Ман ҳамаи онҳоро чун як хуршед донистам, чун инсонҳои осмонӣ. Комилан, дар «Хуршедҳои гумшуда» эҳтиром ба адабиёти тоҷик гузоштаам. Он дилсӯзона ҳам буд. Интихобҳо ҳам ҳама хубанд. Баъзе аз шоиронро ишора кардаам мисли Мастон Шералӣ, ки онҳоро камтар мешинохтанд:
Киро гӯям, кадомин дар бикӯбам,
Сафи шоир фузуду шеър кам шуд.
Инҳо ҳанӯз дар ёдам ҳаст. Ё шеърҳои Гулрухсор, Рустами Ваҳҳоб, Аҷамӣ, Фарзона, Сиёвуш шеърҳои хуб буданд дар он дафтар. Як чизи ҷолиб ин аст, ки дар китобҳои дарсии Эрон баъдан шеърҳои Убайд Раҷаб ва Искандари Хатлонӣ ҷо гирифтанд, ки онҳоро ҳам ман дода будам ба ноширони китобҳои дарсӣ. Ва бачаҳои донишомӯзи Эрон солҳост бо ин ду шоир ошноянд. Инчунин борҳо мақола навиштам, дар телевизиони Эрон роҷеъ ба адабиёти Тоҷикистон ҳарф задам. Ман мудофеъи адабиёти Тоҷикистон дар Эрон будам. Ба твиттер назаре кунед, ки як олам вожаҳои тоҷикиро он ҷо менависам ва мегӯям, ки бубинед тоҷикон ин калимаро чунин мегӯянд. Масалан, шумо мегӯед таҳхона, ки беҳтар аз зеризаминии мост. Ва ё парастори мо беҳтар аз ҳамшираи тиббии шумост. Ин кор дутарафа аст: як калимаи хуб шумо доред ва як калимаи хуб мо. Шумо бояд калимаи хуби моро бигиред ва мо аз шуморо. Намешавад гуфт, ки вожаҳои мо ва ё аз шумо яксар хубанд. Ин ҳама калимотро бояд якдаст кунем, биншинему дар мавриди фарҳанг ҳарф бизанем ва ба як натиҷае бирасем. Тоҷикистон бисёр ҳарфҳои хуб барои Эрон дорад. Ман онро ҳамчун як кишвари кӯчак намедонам. Фарҳангаш бузург аст. Имрӯз ҳам аз раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарфи хубе хондам, ки фарҳангро асосу реша донистааст. Бо маҳзи эътимод ба ин ҳарфҳо, метавон хеле рушд кард.
-Гуфтаед, ки забони тоҷикӣ беруҳ шудааст. Имрӯз назаратон тағйир кардааст?
— Руҳро дар адабиёт адибони бузург медаманд. Ман чӣ гуна бигӯям? Шояд бад бошад. Мо ҳоло дар Эрон ҳам шоири дараҷаи як камтар дорем. Ин ҷо ҳам ҳамчунин.
Агар мегӯям, ки забон ба руҳи тоза ниёз дорад, манзурам ин аст, ки насли нав иттифоқи тозаеро дар адабиёт бояд рақам бизананд. Мутаассифона, ин чиз дар адабиёти мо ҳам нест. Нигоҳи мо ҳамеша бояд ба қулла ва ба боло бошад, то насле биояду кори бузурге бикунад. Бо вожаҳои гузашта намешавад, бояд вожаву таркибҳо нав бошанд. Омадани Суҳроби Сипеҳрӣ иттифоқи тоза буд, дар адабиёти мо руҳ дамиду рафт. Фурӯғ ҳам. Манзури ман инқилобҳои забонист, ки бояд аз ҷониби касе шавад.
Баъзе аз адибонро бо додани ҷоизаҳои бузург ё хурд фикр накунед, ки комил шудаанд. Чунин нест, балки аввали кори эшон аст. Мо рӯзе, ки ба худамон бовар кунем, тамом шудаем. Ин чизро ба ҷавонон ҳам мегӯям, ба худам ҳам. Ҳамеша фикр мекунам, ки дар оғози роҳам ва корҳои зиёдам мондааст. Даҳ нафар то ҳол пешниҳод карданд, ки куллиётатро дар ҳазор саҳифа бояд чоп кунем. Нагузоштам. Зеро медонам, ки ин кори иштибоҳ аст ва маро тамом мекунад. Мо бояд ҳаракат кунем. Баҳси ман ҳаракат кардан аст. Ман дар авҷи кор худамро ба шеър гуфтан маҷбур мекунам. Яъне бояд тавлидот ва эҷодиёт зиёд бошад. Агар дар баробари ин ду анҷуманҳову нақди адабӣ ҳам зиёд шаванд, адабиёт рушд мекунад. Аммо агар нақди адабӣ таътил карду таоруфу устод гуфтанҳо шуруъ шуд, бояд тарсид.
«Маъзарат мехоҳам…»
— Биёем сари қазияи устод Турсунзода. Шумо мисраъи машҳури Турсунзодаро дар шакли «Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам» овардаву гуфтаед, ки Турсунзода вазнро намедонист. Дар ҳоле ки дар ягон нусха ин мисраъ «ман» надорад.
-Ростӣ, ин ҳамаро аз назари чанд адиби шумо гузаронда будам. Шояд аз манбаъе ҳам дидаам.
— Мегӯед, ки шуҳрати Турсунзода аз ҳунарашон пештар аст. Оё шуҳрат маҳбубият аст? Ва шахси беҳунар метавонад маҳбуб бошад?
— Шоир бояд ҳамроҳ бо маҳбубияташ пеш равад. Шахсияти шоир набояд пештар аз эҷодиёташ бошад, балки баръакс. Аммо баъзе аз одамҳо ҳастанд, ки номашон ҷилавтар аст. Нақше, ки Турсунзода дар Тоҷикистон дорад, Халилӣ дар Афғонистон дорад. Вале мо ҳеҷ вақт инҳоро дар Эрон ба таври бояд эҳсос накардем. Яъне ки шеърашон биёяду шона ба шонаи шеъри Баҳор матраҳ шавад, нашуд. Шоир бояд зилзила бошад, ки эҳсосаш кунӣ. Шояд як далел ин аст, ки Айниву Турсунзода муаррифӣ нашуданд.
Хидматҳояшон ҷудост ва қуввати адабӣ чизи дигар аст. Ба ҳар ҳол ман Турсунзодаро шоири бузург медонам. Зеро барои халқи шумо шоири бузург аст. Ҳар халқ шоири бузурги худро дорад. Аммо барои шоири халқи Эрон ё умумифорсӣ шудан бояд таъсиргузор буд.
— Аммо чизи дигар ҳам ҳаст. Масалан, «Қиссаи Ҳиндустон»-и устод тамоман инқилоб аст ва назир надорад. Махсусан, аз ҷиҳати муҳим будани мавзуъ. Аз назари балоғати сухан ва шеърият ҳам. Баъди 70 сол «Сайёҳи Ҳинд»-и устод қурби худро гум накардааст. Хоса имрӯз, ки вазъияти Афғонистон дубора буҳронист.
— Дурустанд. Инҳо бахше аз ҳаракатҳои Турсунзода дар ҷиҳати муаррифии кишварашанд, ки воқеан корҳои бузурганд. Ин ҳамаро қабул дорам. Аммо ман масалан бурише аз шеърро муқоиса ва нақди адабӣ мекунам. Нақди адабие, ки ман мекунам, як нақди бепарвост.
— Яъне замони зисту хидматҳои адибро ба назар намегиред?
— Албатта, ки хидматҳо адибро бузургтар мекунанд. Ҷомеият дар шоир матраҳ аст. Мумкин аст, ҳеҷ вақт баъзе аз шоирон ба ҷомеият нарасанд. Ҷомеият яъне ҳама чиз бо ҳам. Масалан, Мавлоно, Бедил шоирони ҷомеъ ҳастанд – наслдору хитобадору суханронидору назмдор ва ҳамаи қолабҳои адабиро ҳам доранд. Як шахсияти комиланд. Аз ин ҷиҳат бале, дар комил будан Айниву Турсунзода шахсиятҳои комилтаринанд. Лоҳутӣ низ. Лоҳутӣ дар адабиёти худи мо ҳам адиби бузург аст. Аммо корҳояш, дар «Хуршедҳои гумшуда» ҳам навиштаам, аз ҷинси шеърҳои ошиқонаанд, ки хеле зебоанд. Аммо меояду шеъри сотсиалистӣ мегӯяд, ки худашро хароб мекунад. Баъзеҳо ҳам аз мо хоҳиш мекунанд, ки дар ягон мавзуъ шеър бигӯем. Мо ҳам иштибоҳ мекунему менависем, аммо баъдан пушаймон мешавем. Ман муътақидам, ки адиб бояд нақши адабияти худашро ҳифз кунад. Агар «Шоҳнома» бузург аст, барои он аст, ки панду ахлоқу насиҳат дорад. Аммо достон ҳам ҳаст. Дар канораш ду буъду се буъд аст, якбуъдӣ нест. Масалан, имрӯз барои синамои себуъдӣ айнаки махсус бояд бигзорӣ, ки бубинӣ. Баъзе одамҳо ҳам ду ё се буъд доранд. Инҳо боарзиштар аз такбуъдиҳоанд. Мисли телевизионҳои сиёҳу сафед ва телевизионҳои имрӯзӣ, ки бузургу қашанганд ва тасвирҳояш возеҳанд. Тасвирҳои шоири имрӯз ҳам бояд возеҳу имрӯзӣ бошад.
— Бароям хеле аҷиб аст, ки бо вуҷуди ин қадар ишколҳо чаро ҳанӯз ҳам хуршед боқӣ мондаанд, он гунае, ки шумо хуршедашон хондаед?
— Эродҳо лаккаҳои абреанд, ки пеши хуршедро гирифтаанд. Хуршед хуршед аст. Зебоиҳои хуршедро канор гузоштан намехоҳам. Дар кулл инҳо хуршеданд. Хуршедҳое, ки мо гумашон кардаем, пушти абрҳои нисёну фаромӯшиву сиёсат монда буданд. Ман «Хуршедҳои гумшуда»-ро адои дайн ба адабиёти Тоҷикистон медонам. Шумо бихонеду эрод бигиред, ҳақ доред. Бигӯед, ки шумо дар масъалаи Турсунзода тунд рафтаед. Ман қабул мекунам. Мисли оне ки аз мисраъи Турсунзода ёд кардед. Онро шояд аз манбаъе гирифтаам, ки иштибоҳ доштааст, пас маъзарат мехоҳам. Яъне ман бояд ба нусхаҳои дигар ҳам руҷуъ мекардам. Агар ин китобро бихоҳам, ки таҷдид кунаму чоп, пас онро бояд ислоҳ кунам. Яъне виҷдони ман ин корро бояд бикунад. Адабиёт ҳамин аст. Бояд ҷиддӣ ҳарф бизанӣ, ҷиддӣ биншиниву бипазирӣ. Баҳс кунӣ. Масалан, шумо алъон ба ман мегӯед, ки дар мавриди Турсунзода зулм кардаӣ. Ман инро бояд бипазирам. Чунки то шумо инро як нафари дигар ҳам ба ман гуфта буд. Дафъаи дигар бо мулоҳизоти бештар рафтор хоҳам кард.
Бояд бигӯям, ки ман дар бузургдошти Турсунзода дар Деҳлии Нав ба англисӣ суханронӣ ва аз ӯ ба унвони як адиби бузург дифоъ карда будам.
Рисолаи нашрнашуда
— Аз рисолаи чопнашудаатон, ки дар мавзуи таҳаввули ғазал дар Тоҷикистон мебошад, ёд кардед. Бо кадом далелҳо то кунун ба нашр нарасидааст?
— Дар ин рисола ҳудуди 40 ғазалсароро интихоб кардаам. Он китобро бо далели масруфияти зиёд канор гузоштаам. Дубора бояд биншинаму онро бозбинӣ кунам. Даҳ нафар аз насли ҷадидро интихобу илова намоям. Пасон мешавад, ки онро ба дасти чоп дод.
Фикр мекунам ғазалҳои хубро ҷо кардаам.
— Ба андешаи шумо ғазали тоҷик чӣ таҳаввулотеро аз сар гузарондааст?
— Ғазали имрӯзи тоҷик бисёр ғазали пешрав, хубу тоза аст ва хеле рушд кардааст. Махсусан, нисбат ба сӣ ё чил соли пеш. Ҳар қадар шумо дар пайванди бештар бо Эрону Афғонистон бошед, ғазалҳои инҳоро бештар бихонед, аз ин дарича ҳавои тоза хоҳад омад. Шумо бояд бубинед, ки кадом даричаро боз мекунед: даричаи рӯ ба офтобро ё даричаи рӯ ба торикиро. Рафта будем Ҳирот ба як анҷумани адабӣ. Духтарбачаҳо шеър мехонданд ва дидам, ки ҳама таҳти таъсири ҷавони эроние мондаанд, ки шеърҳояш музахрафанд. Аслан гиряам гирифт. Гуфтам, ки шумо фарзандони Пири Ҳирот ҳастед, аз сарзаминед, ки маҳди ирфон аст ва бо ин ҳол таҳти таъсири як ҷавони номаълум қарор мегиред? Яъне шумо бояд аз адабиёти дурусти Эрон таъсир пазиред. Камони дасти шумо дақиқан ҳадафро бояд бизанад. Агар мунҳариф ва ё берун аз доира бизанед, иштибоҳ кардаед. Адабиёт ҳам доира аст. Ҳадафи шумо бояд марказ бошад. Тиратон набояд хато равад.
Агар бо адабиёти хуби Эрон ва адабиёти пешрави Афғонистон иртибот бигиред, мусалламан рушди зиёд мекунед. Ва мо ҳам аз адабиёти имрӯзи Тоҷикистон баҳраманд мешавем ва истифода мекунем. Гоҳе бачаҳои Тоҷикистон таъобири тоза доранд, ки олист ва мешавад, ки аз инҳо истифода кард. Ин тавр нест, ки фақат шумо бояд таъсир бигиред. На, мо ҳам бояд таъсир бигирему истифода кунем.
— Ғазали тоҷик бо кадом мушкилот рӯбарӯст?
— Бадтарин чиз сиёсатмаобӣ аст: ҳам дар адабиёти шумо, ҳам дар адабиёти мо. Сиёсатмаобӣ он аст, ки ту хориҷ аз тақозои сиришти худ ба аҳдофи маҳдуде бидуни эҳсоси он дар умқи қалбу виҷдон сухан бигӯӣ.
Ва ё мавзуи ватан ҳам. Инсон бояд ватандор ва ватандӯсти воқеӣ бошад. Аммо шеър дар ин мавзуъро ба эътидол ва аз самими қалб бигӯяд. Ба таври маснуӣ ва сохта зиёдаравӣ накунад. Бедил мегӯяд: «Таъдил ба ҳар амр камоли урафост».
Албатта, ғазали тоҷик костиҳо дорад, аммо комилиҳояш бештаранд.
— Дар Эрон муносибат бо адабиёти тоҷик чӣ гуна аст ва чӣ таҳқиқоте анҷом мешавад?
— Таҳқиқот хеле кам аст. Дар як сол ду ё сетост. Гоҳе дар донишгоҳҳо рисолаҳое навишта мешаванд роҷеъ ба адабиёти Тоҷикистон. Худам ҳам гоҳе ба донишҷӯён мавзуъ медиҳам аз адабиёти тоҷик.
— Кадом шоирони тоҷик бештар дар Эрон матраҳанд?
— Дар Эрон хонум Гулрухсор машҳуртарин шоири шумост. Лоиқро он тавре ки ҳақ ва лаёқати ӯст, намешиносанд. Дар сурате, ки Лоиқ ҳушёртарину бузургтарин шоир аст. Ба Лоиқ беш аз ҳар шоири дигар эҳтиром мегузорам. Бозор Собирро, ки шоири бузургест, баъзеҳо медонанд, баъзеҳо на. Муъмин Қаноатро низ. Номи Муҳаммадалии Аҷамӣ бо шоирони мо хуб ошност ва барои фавташ хеле дилсӯзӣ карданд. Осори Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб ва Фарзонаро шоирону зиёиён медонанд.
Бояд гуфт, ки ҳузур хеле муҳим аст. Хелеҳо аз ҳузур ғофиланд. Шоирон даҳ сол аст, ки наёмадаанд. Аз насли ҷавонтар тақрибан иттилое надоранд. Алъон вақте худам шуморо намешиносаму аз шумо шеър нашунидаам, фоҷиа аст. Мехоҳам шуморо бо сомонаи шоирони порсизабон irafta. com – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон пайваст кунам. Зеро ин сомона дар як рӯз то сӣ — чил ҳазор бинанда дорад.
Шеър ва забони форсӣ дар Ҳинд
-Дар Ҳиндустон фаъолият доштед. Аз вазъи забон ва адабиёти форсӣ дар Ҳинд бигӯед.
— Бузургтарину бештарини нусхаҳои хаттӣ дар Ҳиндустон аст, на дар Эрон. Забони форсӣ 800 сол дар Ҳиндустон реша дорад ва ин қадр шоирони фаровони ношинохтае ҳастанд аз ҳамин Тоҷикистони шумову Эрони мо. Нусхаҳои хеле аз онҳоро дорам. Ман қариб 300 ҳазор нусхаи хаттии диҷитол дорам, ки бо заҳмат ба даст овардаам. Яке аз василаҳои рушди шоир ин аст, ки бо ин гуна нусхаҳо кор кунад. Зеро девонҳои шоирони ношинохта хеле зиёданд. Масалан, дар Кашмир орифи тоҷике ҳаст бо номи Булбулшоҳи Самарқандӣ, ки панҷоҳ сол қабл аз Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ ба ин сарзамин рафтаву заҳмати зиёде кашидааст. Мисли он ки заминро Булбулшоҳ омода кардаасту Мир Саййид омадаву фақат дона пошидааст. Яъне заминагузор будааст.
Дар Кашмир шоирони зиёд бо номи бухороиву самарқандиву хуҷандӣ пайдо мекунед. Фақат 3 ҳазор шоир дар тазкираи шоирони Кашмир аст. Аммо девонҳояшон ба нашр нарасидаанд. Ҳиндустон худаш баҳрест, ки ҳама чиз дорад: фарҳанг, ирфон, шеър, тасаввуф… Дар он ҷо шеъру фарҳангу тасаввуфи форсиву тоҷикӣ пур аст, ки таҳқиқ нашудааст. Шумо бояд суроғи инҳо бираведу фарҳангатонро такмил кунед.
-Шоирони форсигӯ ҳастанд?
— Агар дар Ҳинд анҷумани Бедилро ифтитоҳ намекардам, имрӯз шеъри форсӣ дар он ҷо таътил буд. Бовар кунед. Ду пирамард буданд, ки яке профессор Валиюлҳақи Ансорӣ дар Лакҳнав, ки фавтид ва дигар Раисаҳмади Нуъмонӣ дар Алигарх, ки гӯшагир аст. Ман омадаму бо ҷавонҳо кор кардам. Имрӯз беш аз даҳ нафар ҳастанд, ки ҳама шеър мегӯянду доктори донишгоҳанд ва анҷумани адабӣ доранд. Китобҳояшонро ҳам чоп кардам.
Ҷои таассуф аст, ки вазъи шеъри форсӣ дар он ҷо хуб нест. Аммо насл насли хуб аст. Панҷоҳ сол пеш анҷуманҳои шеъри форсӣ фаъол буд, ба форсӣ шеър мегуфтанду бо хати форсӣ менавиштанд. Хутбаи никоҳи Ҷавоҳирлаъл Неру ба форсист. Яъне форсӣ дар он ҷо реша дорад, аммо дар ҳамин 50 соли охир зарба хурдааст.
— Бале, устод Турсунзода низ ҳангоми сафарҳояшон бо ҷамъиятҳои бузурге бо тоҷикӣ суҳбат мекардаанд ва бо шоирони форсигӯи он ҷо мулоқот ҳам доштаанд.
— Бале, чунин аст. Аммо ҳар иттифоқи баде, ки афтодааст, дар ин панҷоҳ соли охир аст.
Ташхис
— То ҷое мушоҳида кардам, шумо дар дидори аввал аз ҳамсуҳбататон талаби шеър мекунед ва ба хати дастҳояш зеҳн мемонед. Ин чӣ навъи имтиҳон аст ва чӣ чизро ба шумо бозгӯ мекунад?
— Бале, чунин одат дорам. Вақте як ҷавонро мебинам, аввалан дасташро мегирам, хати ҳунарашро (дар хиромантия – илми кафбинӣ ин хатро «хати хуршед» меноманд – Б.Ҳ.) нигоҳ мекунам, мефаҳмам, ки то чӣ ҳад адиб ё шоир аст ва аз ӯ талаб мекунам, ки шеър хонад. Бо ин роҳҳо месанҷам, ки ӯ дар оянда дар кадом поя шоир мешавад. Ин руҳияҳоро дорам. Ҳамеша бо шоирони ҷавон бо самимият ва эҳтиром бархурд мекунам. Шеърҳояшонро мешунаваму нақд мекунам. Ҳатто гоҳо шеърҳои худамро ба онҳо ҳам мехонам ва назароташонро гӯш мекунам.
— Пешгӯиҳоятон дар мавриди ҷавоне амалӣ шудааст?
-Бале. Ва гуфтание дорам: агар шоир шудан мехоҳӣ, Ҳофизу Соибу Бедилро зиёд бихон.
-Барои суҳбат як ҷаҳон сипос.
Мусоҳибаи Бузургмеҳри Ҳаким
Алиризо ҚАЗВА
«Садои Шарқ»
***
Салом, ҳамсафарам, шаб ба хайр, хаста набошӣ,
Бибол, бол бизан, пар бикаш, нишаста набошӣ.
Паланги сонияҳо мисли соя дар пайи моянд,
Худо кунад, ки ту аз оҳувони хаста набошӣ.
Ба шиша мехӯрӣ, охир, ту, эй парандаи захмӣ,
Ду боли хастаи ман, кош, чашмбаста набошӣ.
Куҷост селаи симурғҳои субҳи висолаш,
Ба Қофи қурб куҷо мерасӣ, чу раста набошӣ.
Зуғоли сурхи дилат гар гирифта аз таби ҳаҷраш,
Чаро дар оташи ӯ чун сипанд ҷаста набошӣ?
Ало, ки ҷамъи парешониву асири ҷудоӣ,
Ба дӯст мерасӣ он дам, ки даста-даста набошӣ.
Набуда раҳзани шабҳои қадр ғайри хуру хоб,
Расӣ сапеда ба меъроҷ, агар нишаста набошӣ.
Намерасӣ ту ба ҷое, агар чу сози ҷудоӣ
Ба шӯру ваҷду навое зи худ гусаста набошӣ.
Худо намехарад аз мо диле, ба ғайри шикаста,
Намерасӣ ба Худо, то ки дилшикаста набошӣ.
***
Намебинад касе Суқротро дар соғаристонҳо,
Наме аз оби ҳайвон нест дар искандаристонҳо.
Чӣ эъҷозест дар сӯзи нафасҳои ту, эй зоҳид,
Риё гул кардааст аз хушкчӯби минбаристонҳо.
Халилуллоҳ меҷӯям дар ин бутхонаҳо, аммо
Яке Буддо намерӯяд аз ин нилуфаристонҳо.
Куҷо шуд шӯру ҳоли бишнавазнайҳои Мавлоно,
Садои нолаи най об шуд дар шаккаристонҳо.
Магар дар ҳуллаи маъно бипечӣ, ай забони сурх,
Забонбозӣ макун дар сарсарои ханҷаристонҳо.
Шаҳидон ҷомае аз шуълаҳои сурх пӯшиданд,
Ту дунболи чӣ мегардӣ дар ин хокистаристонҳо?
Маро имшаб биҷӯшону сипас дар шиша кун, бишкан,
Ба дунболи худое тозаам дар боваристонҳо.
***
Лаб агар боз кунам, сирри магӯ мерезад,
Меравам гиря кунам, чашм фурӯ мерезад.
Чанд вақт аст маю соқиву соғар ҳама ӯст,
Дасти ман бода намерезад, ӯ мерезад.
Чанд моҳ аст, ки дар роҳи гулӯям хор аст,
Чашми ман буғзи дилашро ба гулӯ мерезад.
Ҷӯйҳо дар ҳама ҷо рӯй ба дарё доранд,
Ин чӣ дарёст, ки якбора ба ҷӯ мерезад.
Бехабар аз нафаси сӯхтаҳолон магузар,
Хоса субҳе, ки сабӯ пушти сабӯ мерезад.
Ин қадар пушти сари сӯхтагон ҳарф мазан,
Ман агар «ҳо» кунам, аз оина «ҳу» мерезад.
Ҳар тараф менигарӣ, доғи Увайси Қаран аст,
Хуни тифлони Яман аз ҳама сӯ мерезад.
***
Садое аз Ҳиҷоз омад, нидое аз Яман берун,
Увайси ғурбатам, аммо нарафтам аз Қаран берун.
Худоро, бо кӣ бояд гуфт дарду доғи дуриро,
Дилам доғ асту аз вусъи қиёмат дарди ман берун.
Ҳикоятҳои мо талх аст, аммо дарди мо ширин,
Ҳаловат ҳам суханҳо мебарад аз анҷуман берун.
Тамоми хоки оламро ба рӯйи гӯри ман резед,
Ки тарсам орзуям оварад даст аз кафан берун.
Ҳавои шаҳр шайтонист, бисмиллоҳ бояд гуфт,
Маяндозед, ай оиначашмон, атри тан берун.
Даруни ин ватан танҳои танҳо мондаам, ай кош,
Таби ҳуббулватан мебурд моро аз ватан берун.
Ман аз эъҷоз мегӯям, ту аз ҷодуву ҷанбал, ҳон,
Маро чун муҳраи море бияндоз аз даҳан берун.
Аз ин хоки саросар бесадо, ин шаҳри хомӯшон,
Бигӯ, як рӯз аз худ мезанам шамшерзан берун.
***
Дубора сояи яъсе талх нишаста бар сари мо, эй Шамс,
Биёву боз ба рақс овар дубора Қунияро, эй Шамс.
Даруни оина механдӣ, буруни оина мегирйӣ,
Куҷо, куҷо шудаӣ пинҳон, даруни оинаҳо, эй Шамс?
Чӣ гуна шасти баҳоронро раҳини хилвати худ кардӣ,
Фақат се сол туро дидам, фақат се сол туро, эй Шамс.
Нишони манзили мо ин ҷост, миёни ғурбати инсонҳо,
Шабе, ки пур шудӣ аз андӯҳ, биё, ба хонаи мо, эй Шамс.
Ту шамси машриқи офоқӣ, ҳамеша мисли худат тоқӣ,
Дубора дар гузари офоқ паранда бошу раҳо, эй Шамс.
Чи қадр дур шудем аз хеш дар ин замонаи пурташвиш,
Ба ҳоли ин дили кофаркеш дуо кунем, дуо, эй Шамс.
Миёни ин ҳама одамкуш, ки ханҷар аст ба кафҳошон,
Ба саҷда меравию минбар миёни теғ чаро, эй Шамс?
Китобу дафтару илмамро даруни об биафкан боз,
Дубора ҳоли баде дорам, бигир набзи маро, эй Шамс!
***
Чи қадр сар бигузорем рӯйи зонуҳо,
Дар осиёби надомат сафед шуд мӯҳо.
Парандагони саҳархон чи бесадо рафтанд,
Худо кунад, ки накӯчанд ин парастуҳо.
Агар раҳини ризоянду дар паноҳи ҳарам,
Чаро зи шаҳри шумо рафтаанд оҳуҳо?
Куҷо равему муқими кадом қалъа шавем,
Замонаест, ки афтода бурҷу боруҳо.
Чу шамъдонии оташгирифта месӯзам,
Чи қадр баъди ту танҳо шуданд шаббӯҳо!
Таҳияи Бузургмеҳри Ҳаким