Нашри ҷилди нави «Филмномаҳои Шераки Ориён»

 Нашри ҷилди нави «Филмномаҳои Шераки Ориён»

«Шераки Ориён мавқеи хоси эҷо­дии худро дорост, дар драмнависӣ барои синамои имрӯзаи тоҷик пеш­гом аст, – зикр намудааст Муҳаммадулло Табарӣ, санъатшиноси ном­вари кишвар ва афзудааст: – «Дар се китоби «Филмномаҳои Шераки Ориён» беҳтарин асарҳои драма­тургӣ барои синамо ба ҳам оварда шудаанд. Чизи дигари муҳимро таъкид карданием: баъди «Қисмати шоир»-и драматург Сотим Улуғзода ва таҳиягар Борис Кимёгаров, ки қариб сӣ сол баъд дар «Тоҷикфилм» бо забони тоҷикӣ филми машҳура­шонро офариданд, филми дигаре бо ин забон сохта нашуда буд. Ва баъ­ди он «Марди мутааллиқи ду зан» бо забони тоҷикӣ рӯи навор омад (ба қалами Шераки Ориён) ва дар ин роҳ ӯ кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то наворгирии филмҳо минбаъда бо тоҷикӣ амалӣ бишаванд».

Шераки Ориён (Абдурофеъ Ра­бизода) муаллифи филмҳои бадеӣ ва мустанаду тасвирию фалсафӣ ба шумор меравад.

Ҷилди сеюми «Филмномаҳои Ше­раки Ориён» ҳафт асари синамоиро дар бар гирифта, 25 филмномаро ба ҳам овардааст.

Ҳаёт ва эҷодиёти ин адиби пур­маҳсулу ҷӯянда ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри сипаришуда ба кинои тоҷик, ки яке аз василаҳои муҳимта­рини тарғибу муаррифии халқамон мебошад, пайванди ногусастанӣ дорад. Дар кинофестивалҳои зиёди байналмилалӣ бо ҷоизаҳои арзиш­манд қадр гардидани филмҳои тоҷи­кие, ки аз рӯи сенарияҳояш сохта шудаанд, пеш аз ҳама ба ҷанбаи миллӣ ва ҳаётӣ касб намуданашон иртибот дорад.

Умед аст, ки филмномаҳои дар ҷилди навбатӣ ба табърасидаи на­висанда Шераки Ориён аз ҷониби филмбардорон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дигар хабарҳо