Нишасти баррасии фаъолияти Маркази тарҷумаи бадеии ИНТ

 Нишасти баррасии фаъолияти Маркази тарҷумаи бадеии ИНТ

Дар Иттифоқи нависан­дагони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Нақ­ши Маркази тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагон дар тарғиби адабиёти муосири тоҷик» доир гашт.

Муовини раиси ИНТ Рав­шан Махсумзод ҳамоишро оғоз бахшид. Сипас сар­муҳаррири марказ Фирдавс Табаров дар бораи саҳми он дар муаррифии дасто­вардҳои адабиёти мусири тоҷик маъруза пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар тули фаъолият кормандони мар­каз асарҳои хурду калони зиёдеро аз адабиёти муосир ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, гурҷӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва ғайра тарҷу­ма кардаанд.

Адабиётшинос ва тарҷу­мон Абдураҳмон Абдуманнон, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, адиб ва тарҷумон Назруллоҳи Назар, тарҷумон Азим Аминов, му­дири бахши тарҷума ва ро­битаҳои адабии ИНТ Сурайё Аҳмадзод, ва дигарон оид ба корҳои ба анҷом расонидаи Маркази тарҷумаи бадеӣ андешаҳояшонро баён до­штанд.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманнон, «аз муҳимтарин корҳое, ки дар солҳои охир аз ҷониби Маркази тарҷума сурат гирифт, иштироки мо дар таҳия, тарҷума ва нашри тазкираи адабиёти халқҳои ИДМ буд, хушбахтона, ба заҳ­матҳоямон дар Маскав баҳои баланд доданд. Тарҷумаи ду асари устод Айнӣ ба забони англисӣ низ аз корҳои назар­раси кормандони мо аст».

Эҷодкорони бахш иброз доштанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои корашон тадбирҳои зарурӣ хоҳанд андешид.

Дигар хабарҳо