Устод Айнӣ ва “Овози тоҷик”
Дар арафаи Рӯзи матбуот аз чанд мақолаи таърихии нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин президенти Академияи миллии Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ёд меорем, ки имсол ба таълифашон расо сад сол пур мешавад. Вале қаблан бояд зикр намуд, ки тавре устод Айнӣ нигоштааст, “… баъд аз пайдо шудани осори таҷаддуд ва навӣ дар Бухоро ва Туркистон аввалин рӯзномае, ки аз Бухоро баромад, “Бухорои шариф”-и тоҷикӣ буд”, ки имсол 112-сола мешавад.
Тавре маълум аст, аз нахустин нашрияҳои матбуоти тоҷик маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” низ мебошад, ки аз моҳи апрели соли 1919 то моҳи декабри соли 1921 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд ва устод Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони асосии маводи маҷалла буд. Маҷаллаи мазкур аввалин ношири адабиёти ин давраи тоҷик низ маҳсуб мешавад.
Қобили зикр аст, ки устод Садриддин Айнӣ дар солҳои аввали инқилоб ба жанри фаъоли адабӣ — публитсистика бештар рӯ оварда, бад-ин васила ба ҳодисаҳои замон ҳамовоз гашт ва бахши муҳимми осори публитсистиаш дар ҳамин давра ба вуҷуд омада, дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” ва рӯзномаи “Овози тоҷик” нашр шудааст.
Мақолаи таърихии устод “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, ки имсол аз таълифи он як сада пур мегардад, 25 августи соли 1924 дар саҳифаи аввали рӯзномаи “Овози тоҷик” бо имзои “Сод-Айн” нашр шудааст. Дар ин мақола устод Айнӣ аз ҳаммиллатони хеш, хосса аз қаламкашони тоҷик даъват ба амал меорад, ки дар “атрофи рӯзномаи худ ҷамъ шаванд”. Инак, фишурдаи мақолаи мазкур:
“Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст…
Қавми тоҷик, ки дар Туркистон истиқомат доранд, дар аҳди салтанати императории рус ба чӣ ҳол буданд, мо аз ин масъала ҳеҷ баҳс намекунем. Зеро дар он давр натанҳо тоҷикон, балки ҳамаи ақвоми Туркистон ҳам, мисли ӯзбек, туркман ва қазоқ, асири панҷаи зулм буда, аз ҳар гуна неъмат ва фаровонӣ маҳрум буданд.
Лекин баъд аз Инқилоби октабр ҳамаи ватандорони Туркистон соҳиби рӯзнома, соҳиби мактаб, соҳиби илму қалам шуданд. Аммо қавми тоҷик ҳамон “Аҳмади порина, ки ҳастанд, ҳастанд”. Яъне эшонро на як рӯзнома, на як мактаби ба усули тоза ва на як хабардорӣ аз аҳволи олам ва на як воситае, ки эҳтиёҷоти худро ба ҷое ба яке фаҳмонанд. Дар аҳди озодӣ, албатта, ин ҳол айб аст.
Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии худи тоҷикон аст. Лекин Ҳукумати Шуроӣ ба ҳар миллат ва қавм, хусусан ба касоне, ки мисли тоҷикон зиёда фақир ва пасмондаанд, ҳар вақт раҳнамоӣ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки имрӯз ба саъйи ҳукумат рӯзномае ба забони тоҷикӣ баромад (“Овози тоҷик” дар назар аст). Ин рӯзнома мисли номаш, албатта, забони тоҷик хоҳад буд. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард. Акнун метавонад, ки ҳамаи даркориҳои худро ба рӯзномаи худ нависад. Акнун метавонад, ки аз аҳволи олам бохабар шавад. Акнун метавонад, ки дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки забони тоҷик аст, ба ҳар кас во намояд… Мо умедворем, ки қавми тоҷик, хусусан бечорагони эшон ба атрофи рӯзномаи худ ҷамъ мешаванд”.
Устод Айнӣ, ки дар он айём тани танҳо бо мухолифон мубориза намуд ва бо қалами буррояш дар шаклгирии давлати навини Тоҷикистон ҷонашро ба гарав гузошт, натанҳо асосгузори адабиёти муосир ва матбуоти тоҷик аст, балки поягузори мактаб ва маорифи Тоҷикистон низ маҳсуб мешавад. Ба ин гуфта кулли мақолаҳои устод, ки дар иртибот ба ин соҳа эҷод гардидаанд, минҷумла “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон”, “Тоҷикони кӯҳистон” ва ғайра далел шуда метавонанд. Устод дар мақолаи “Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик”, ки чоруми сентябри соли 1924 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” интишор ёфтааст, нигоштааст:
“Бар ҳама кас маълум аст, ки тоҷикони Туркистон дар бобати илму маорифи замонӣ аз дигарон ба қафо мондаанд. Як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст, масъалаи мактаб ва маориф аст.
Шак нест, ки ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик аз лозимтарин корҳост. Аммо ба чӣ ранг пеш бурдани мактаб ва маорифи тоҷик ҷои музокира ва мубоҳиса аст.
Барои ба роҳ андохтани мактабҳои тоҷик нахустин мартаба муаллим (омӯзгор) ва китоб даркор аст. Назар ба як хабари пухта, ки имрӯз ба рӯзномаи тоҷик чоп мешавад, ҳукумати марказии Туркистон ҷиҳати ҳозир кардани муаллим барои тоҷикон дар Тошканд як мактаб мекушояд (Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар назар аст). Дар ин мактаб дусад нафар аз ҷавонони тоҷикро, ки толиби илм ва маърифатанд, ҷо медиҳад. Шогирдон шабу рӯз ба мактаб истиқомат карда, илм меомӯзанд, хароҷоти хӯроку пӯшоки он шогирдон ҳам аз тарафи ҳукумат аст.
Дар воқеъ, ин кор барои тоҷикон зиёда муҳим ва барои ояндаи эшон зиёда боровар аст. Лекин ин ҳам маълум аст, ки аз ин мактаб барои тоҷикон пеш аз чор-панҷ сол муаллим намерасад. Хеле сабр лозим аст, ки хонандагони ин мактаб муаллим шуда бароянд ва мактабҳои тоҷиконро ба роҳ андозанд. Ва ҳол он ки моро лозим аст аз ҳамин сол сар карда, кори мактаби тоҷикро пеш гирем. Инак дар ҳамин боб фикри оҷизонаи худро баён мекунем.
Ба фикри ман мерасад, ҳеҷ фурсат нагузаронда, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷикон наздик аст ва маркази маданият ба шумор меравад, як курс кушода шавад. Дар ин курс аз Фалғар, Масчоҳ ва сойири кӯҳистон ва деҳоти тоҷикон толибилмон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хату саводанд, тахминан 40 ё 50 нафар ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шаванд. Барои ин гуна курс дар Самарқанд қувваи маънавӣ ҳозир аст, зеро кадом муаллимони самарқандие, ки имрӯз Дорулмуаллимин ва курсҳои таълиму тарбияи Самарқандро идора карда истодаанд, забони тоҷикиро хуб медонанд. Якчанд нафар муаллими самарқандӣ, ки имрӯз хеле соҳиби маълумот ва таҷриба шудаанд, метавонанд, ки дар муддати ду-се моҳ аз ҷавонони тоҷик муаллим расонанд. Ба ҳар ҳол ин қабил курс аз курсҳое, ки дар соли нуздаҳум ва бистум барои ӯзбекон дар Самарқанд кушода шуда буд, нофеъ ва самарадортар хоҳад шуд. Зеро дар он вақт муаллимини Самарқанд, ки курсҳоро идора мекарданд, зиёда таҷриба ва маълумот надоштанд ва муаллимони бегона, ки дар он курсҳо дарс медоданд, фоидаи дурусте расонда наметавонистанд. Ҳам дар курс шогирдон аз ғайри пурсиш ва тафтиш қабул карда шуда буданд. Бинобар ин, он курсҳо манфиати зиёде надоданд.
Лекин ин ҳам бояд аз хотир бароварда нашавад, ки барои самарадор шудани курс бадиққат қабул кардани шогирдон аз аъзами шартҳост. Бисёр шогирд ҷамъ кардан лозим нест, балки шеваи “гала куну сара кун”-ро ба кор бурда, бо пурсиш ва имтиҳон интихоб намудани ҷавонони қобил зарур аст.
Агар то моҳи ӯктабр ҳозирӣ дида ба шартҳое, ки дар боло навишта шуд, барои тоҷикон курси тарбия ва таълим кушода шавад, умед аст, ки дар моҳҳои январ ё феврал дар кӯҳистони тоҷик чанд мактаб ба усули нав боз гардад.
Ҳамин ки намунаи мактаби нав ба кӯҳистони тоҷик қадам гузошт, хотирҷамъ бошед, ки зеҳни соф ва қобилияти фитрии аҳли кӯҳистон ба майдон баромада, корномаҳо хоҳанд нишон дод.
Дар мақолаи оянда дар бобати китобҳо ва рисолаҳои мактабии тоҷик баёни фикр хоҳад карда шуд”.
Воқеан ҳам пас аз ҳашт рӯзи нашри мақолае, ки дар боло зикр шуд, 12 сентябри ҳамон сол “Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон” ном мақолаи устод дар саҳифаи аввали рӯзномаи “Овози тоҷик” интишор ёфт.
Дар ин мақола устод Айнӣ ба таври возеҳ зикр мекунад, ки “барои қавми тоҷик масъалаи маориф воҷибтарини масъалаҳост. Барои ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар зарур аст”.
Муҳимтарин масъалае, ки устод Айнӣ дар ин мақола ба миён мегузорад, забони китобҳои мактабии тоҷикон аст. Забони китобҳои дарсӣ бояд ба аксарияти тоҷикони кӯҳистон фаҳмо бошад. Аз ин хотир, устод менигорад: “Барои китобҳои мактабии тоҷикон кадом шева риоя карда мешавад? Ин як масъалаест, ки то ҳол расман ҳал нашудааст.
Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикӣ маълум аст, ки ин забон бо ӯзбекӣ махлут буда, ба таъбири “бӯқаламун” сазовор аст. Чунончи мегӯянд: “Аробаро қӯшӣ карда биёр – буғулӣ карда монд – йиқилӣ карда рафт…”. Албатта, ин забонро ҳеҷ тоҷик қабул нахоҳад кард. Забони шаҳри Ӯротеппа ва Хуҷанд агарчи аз забони тоҷикии шаҳри Самарқанд қадаре софтар аст, маазолик аз таъсири ӯзбекӣ ва ихтилоти луғат ва адотҳои ӯзбекӣ холӣ нест. Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик забони форсии сода, аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида халт (махлут) наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. Оре, дар талаффуз назар ба забони форсиёни шаҳрӣ қадаре ғализӣ дорад. Маазолик соф ва мувофиқи қоида аст. Ин гуна забон аз Фалғар – Масчоҳ гирифта то Қаротегин ва Дарвоз маълум ва ҳамафаҳм аст.
Дуруст, дар кӯҳистони тоҷик баъзе деҳот ҳаст, ки дар миёнаи худ ба забони махсусе ҳарф мезананд. Маазолик ҳамаи эшон забони содаи тоҷикиро хуб медонанд ва истеъмол мекунанд…
…Нахустин алифбо ва китоби саводро тайёр карда, аз паси он кадом китоб, ки бештар даркор аст, пештар ҳозир кардан зарур аст.
Бояд аз ҳамин рӯз эътиборан ба китобҳозиркунӣ шуруъ карда, то моҳҳои декабр ду-се китоб чоп карда шавад, вагарна дар кӯҳистони тоҷик мактаб кушода намешавад. Дар ин хусус диққати доираҳои ҳукуматӣ ва таваҷҷуҳи касонеро, ки дар масъалаи тоҷик вобастаанд, ҷалб менамоем”.
Дар силсила мақолаи “Тоҷикони кӯҳистон”, ки 21 сентябр ва 5 октябри соли 1924 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” чоп шудааст, сухан оид ба аҳволи иқтисодию иҷтимоӣ, расму одат, касбу ҳунар, табиат ва аҳсофи тоҷикони кӯҳистон меравад. Масалан, дар фасли “Маорифи кӯҳистон” устод ба заковати тоҷикони кӯҳистон баҳои баланд дода, менигорад:
“Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол мекарданд. Аҳолии кӯҳистон, умуман, соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд. Шоирҳои он ҷо мисли шоирҳои шаҳрӣ қоидадон нестанд, устод надидаанд ва шеърашон аз ғалбери танқид нагузаштааст, мааззолик шоиранд ва истеъдоди шеърии худро ҳар вақт намоён карда меистанд”.
Тавре қаблан зикр гашт, ҳамаи ин нигоштаҳои устод Айнӣ расо сад сол муқаддам дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ба чоп расиданд.
Баъд аз баста шудани “Шуълаи инқилоб” (1919-1921), ки фаъолияти адабии аллома Айнӣ бо номи ин маҷалла пайванди ногусастанӣ дорад, 25 августи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд шумораи нахустини рӯзномаи “Овози тоҷик” интишор ёфт ва ба “ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик барои нашри осори тоҷикзабонон заминаи нав пайдо гардид”. Рӯзномаи мазкур, ки дар он беҳтарин осори публитсистии устод Айнӣ нашр шудааст, “ношири афкори Комитети марказии партияи коммунистӣ ва Комитети револютсионии Тоҷикистон буда, аз соли 1924 то соли 1930 дар шаҳри Самарқанд фаъолият мекард. Баъдан номи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”-ро гирифт”. “Овози тоҷик” баъд аз маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” дувумин минбаре буд, ки дар он осори публитсистии устод Айнӣ, ки тоҷиконро ба таърихомӯзӣ, худшиносӣ ва худомӯзӣ ҳидоят мекард, нашр мешуд.
Ин гуфтаҳо далели он аст, ки саҳми рӯзномаи мазкур дар роҳи худшиносии тоҷикон ниҳоят бузург аст. Бо ибтикори бевоситаи устод Айнӣ ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик дар атрофи ин рӯзнома ҷамъ омаданд. Дар ин хусус соли 1968 Ш. Садрулин дар китоби “Садриддин Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон” нигоштааст:
“Як кори муҳимми дигаре, ки редаксия дар зери назорати С. Айнӣ ташкил намуд, саҳифаи ҳафтагии адабиёт ва санъат буд. Дар ин саҳифа шеър ва ҳикояҳои Суҳайлӣ, Ҷалол Икромӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Деҳотӣ, Рашид Абдулло, Ғанӣ Абдулло, Ҳаким Карим, Зафар Диёр, Ойдин Собирова, Мунаввара Ҳақбердиева, Музаффара Рустамова, Набӣ Фахрӣ, Раҳим Ҷалил ва фелйетонҳои тезутунди Баҳлулзода ва ғайра чоп шуда мебаромаданд. Ин саҳифа барои тарбияи шоирон ва нависандагони ҷавон ёрии калон расонд ва инчунин ҳамаи нависандагони номдори онвақта ва ҷавонони навқалам дар атрофи ин газета ҷамъ омаданд, ки ин боиси хуб гардидани кори газетаи “Овози тоҷик” ва зиёд гардидани муштариёни он шуд”.
Ин буд як нигоҳи мухтасар ба бархе аз мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ, ки як қарн муқаддам, яъне соли 1924 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ба табъ расидаанд.
Қобили зикр аст, ки имсол аз таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик” сад сол пур мешавад. Умед аст, ки аҳли матбуоти ду ҷумҳурии ба ҳам дӯсту бародар ин санаи муборакро ба таври шоиста таҷлил мекунанд.
Карим Мӯсо