Таҷлил аз Рӯзи Рӯдакӣ дар ИНТ
Имрӯз ба ифтихори Рӯзи малики шоирон устод Рӯдакӣ дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи ИНТ маҳфили саршор аз шеъри баланду суруду навои дилписанд баргузор гардид. Шоирону нависандагон, адабшиносону донишҷӯён ва алоқамандони адабиёт дар толор ҷамъ омаданд ва дар тӯли ду соат аз фазои муаттари шеъру мусиқии асил нафас кашиданд.
Гардонандаи маҳфил, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар оғоз роҷеъ ба махсусиятҳои мутафовити шеъри Одамушшуаро андешаронӣ кард ва муҳимтарин нуктаҳои онро ба ҳамагон бозгӯ намуд. Аз ҷумла, номбурда изҳор дошт, ки шеъри устод Рӯдакӣ ҳеҷ гоҳ куҳнагӣ намепазирад, рӯз аз рӯз аҳаммияташ бештар мешавад ва ташнагону муштоқони ишқу зебоиро ҳамеша шодоб мекунад.
Камол Насрулло ҳамчунин иброз намуд: «Танҳо эҷодиёти устод Рӯдакӣ кофист, ки инсонҳо одамвор зиндагӣ кунанд, адабпарвару хирадварз бошанд ва аз бадиву нопокӣ парҳез намоянд».
Сипас хонандаи яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Ваҳдат Фараҳноз Обидова шеъре аз устод Рӯдакӣ қироат карду ба қисмати суханрониву шеърхонии маҳфил ҳусни оғоз бахшид.
Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода зимни суханронияш дар бораи нуктаи хеле нозуку муҳим – назари устод Рӯдакӣ ба маърифати шоирона батафсил ва бо мисоли мушаххас изҳори назар кард, ки ҷолибу омӯзанда буд.
– Рӯдакӣ шоири дили ман ва дӯстдоштатарин шоири ҳама давру замонҳост, – баён дошт дар суханронияш Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор. Ӯ афзуд, ки имрӯзитарин ва навтарин шеър шеъри устод Рӯдакист. Андешаҳои Гулрухсор дар ин қитъаи машҳураш хулоса шуданд:
Атри ҷӯйи Мӯлиёну накҳаташ
Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯидаем.
Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,
Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯидаем.
Дар суханронии узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, шоир Ҳасани Султон ҷанбаҳои ҳунариву муҳтавоии сари шоирони Аҷам зикр гардиданд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Шеъри Бӯи ҷӯйи Мӯлиёни устод Рӯдакиро метавон суруди миллии форсизабонон ба шумор овард.»
Ба андешаи шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, тавре ки аз суханронияш аён гардид, гунаи саҳеҳи байти машҳури «Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар бар кард, Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд» аслан чунин аст:
Бунафшаи табарӣ хайл-хайл сар бар кард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.
Шоир ва мунаққид изҳор намуд, ки Алиакбари Деҳхудо дар луғатномаи хеш ин байтро ба ҳамин тарз сабт кардааст, ки муътамадтар мебошад.
Дар қисмати дигари маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш ва шоири номвар Давлати Раҳмониён шеърҳои худро қироат карданд, ки хуш пазируфта шуданд.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир дар бораи таърихи таҳияи намоишномаи «Рӯдакӣ» дар театри тоҷик суханронӣ карда, порае аз намоишномаи мазкурро иҷро намуд.
Қисмати охири маҳфил бо ҳунарнамоии сарояндаи маҳбуби пиру ҷавон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Далер Назаров хеле пуршӯру пурсурур ҷараён гирифт. Суруди «Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро», ки дар барномаи ҳунарии Далер Назаров ҷойгоҳи хос дорад ва байни мардум машҳур шудааст, хеле зебову дилрас иҷро гардид. Сурудҳои «Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту моро», «Азизон, доду бедод аз ғами ишқ» ва «Мастам, мастам»-и овозхон низ маҳфилро хеле гарм карданд.