Таҳсини ношиносу сукути суханшинос…

 Таҳсини ношиносу сукути суханшинос…

14-уми декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибону ноқидон барои таҳлилу баррасии вазъи нақди адабии имрӯз ба даври як миз нишастанд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа мизи гирдро оғоз намуда, дар бораи доғу мубрам будани мавзуъ ва мушкилоти нақди адабии имрӯз батафсил сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки агарчи дар умум вазъи нақди адабиямон чандон бад нест, вале дар ин росто камбуду норасоиҳое мавҷуданд, ки барои рафъи онҳо аҳли адаб бояд тадбирандешӣ кунанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар адабиёти имрӯзамон шумораи ноқидони ҷавон хеле кам аст ва арсаи нақд аз ҷавонони кӯшову огоҳ қариб тамоман холист. Коре бояд кард, ки ноқидони ҷавон тарбият шаванд ва бо азми ҷазм дар ин майдон ҳунармоӣ кунанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо мулоҳизаҳояшро роҷеъ ба масъалаи мазкур иброз намуда, аз ҷумла гуфт, ки имрӯз бозори нақд гарм нест, асарҳо сари вақт нақду баррасӣ намешаванд.

Номбурда вобаста ба шеваҳои нақд ва тарзи бархӯрд бо асар изҳор дошт, ки ноқид бояд бо навиштаи адиб муносибати эҳтиёткорона дошта бошад ва ӯро барои беҳтару саратар навиштан раҳнамоӣ кунад.

Ба андешаи доктори илми филология Шодимуҳамад Сӯфизода, нақди адабӣ «ёрии таъҷилии адабиёт» аст ва аз ин рӯ мунтақид бояд асарро дурусту дақиқ муоина кунад.

Дар хусуси мушкилу норасоиҳо Ш. Сӯфизода баён дошт, ки пояҳои илмии нақди адабии имрӯзамон заиф аст. «Ноқид пеш аз навиштани нақд бояд аз тамоми паҳлуҳои мавзуи мавриди баррасияш огоҳ бошад. Дар нақди мо, чунонки ба назар мерасад, бозгӯии зоҳирии асарҳо дида мешавад», – афзуд адабиётшинос. Ба гуфтаи Ш. Сӯфизода, мунтақидони ҷавон аз назарияҳои нақди ҷаҳон бояд огоҳ бошанд ва донанд, ки ба қавли Чернишевсикий «адабиёти бузургро нақди бузург месозад».

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зимни суханронияш иброз дошт, ки «набудани ноқидони ҷавон дар адабиёти мо фоҷеа аст». Ба андешаи шоир, яке аз сабабҳои рушд наёфтани ин шохаи муҳимми адабиёт кам машғул шудани адабиётшиносони қавиямон ба нақди адабист.

Номбурда сабаби кам рӯй овардани адабиётшиносонро ба нақд дар набудани подоши шоиста медонад. Барои рафъи чунин камбудҳо Камол Насрулло чунин пешниҳодро ба миён гузошт: «Ман қаблан мақолае навишта, пешниҳод карда будам, ки дар бахши эҷоди озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» номинаи «Нақди адабӣ» ҳам ворид шавад, зеро бисёр муҳим аст. Дар ин сурат ҷавонон ба кори нақд дилгарм мешаванд ва чеҳраҳои тоза ба ин майдон меоянд. Мо ба ноқидоне ниёз дорем, ки навиштани нақд дар бораи асарҳои адибони имрӯз кори пайваставу доимияшон бошад».

Профессор Бадриддин Мақсудзода ба ин назар аст, ки «яке аз сабабҳои пеш нарафтани нақди адабиямон ҳаққи казоӣ надоштани ин кор аст». Ин адабиётшинос сатҳи пасти донишҷӯёни риштаи суханшиносиро сабаби дигари камшумории ноқидони ҷавон донист. Андешаи дигари Б. Мақсудзода марбут ба «нақди фармоишӣ» буд. Ба назари ӯ, чунин нақд ба нафъи кор нест ва ба адабиётамон таъсири хуб намегузорад.

Профессор Аламхон Кӯчарзода нақдпазир набудани адибонамонро омили дигари аз равнақ мондани нақди адабӣ донист. Ба андешаи ин адабиётшиноси маъруф, «ҷойи нақди асили адабӣ дар майдони адабиёти имрӯз холист» ва коре бояд кард, ки нақд фаъол шавад.

Доктори илми филология, пажӯҳишгари таърихи нақди адабӣ Боймурод Шарифзода перомуни мушкилоти соҳаи мазкур мулоҳизаҳояшро ин тавр баён кард: «Чанд сол пеш дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ ихтисоси «Нақди адабӣ» ташкил шуд. Вале, мутаассифона, кори он ба таври матлуб ҷараён нагирифт, зеро донишҷӯёне ба ин ихтисос роҳ ёфтанд, ки аз адабиёт огоҳ нестанд ва тасодуфан ин ҷо омадаанд. Аз ин рӯ, барои тарбияи ноқидони ҷавон салоҳи кор ин аст, ки раёсати факултаи мазкур донишҷӯёни фаъоли дигар ихтисосҳоро ба ин кор ҷалб кунад».

Б. Шарифзода барои беҳбуд ёфтани сифати нақди адабӣ омезиш додани нақди назариву амалиро лозим донист. Ба гуфтаи номбурда, «ҷараёнҳои адабиро бояд як гурӯҳи калони ноқидон пажӯҳишу баррасӣ кунанд. Ин корро дар гузашта кормандони шуъбаи адабиёти муосири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ анҷом медоданд. Имрӯз ҳам ин пажӯҳишгоҳ вазифадор аст, ки ба ин кор машғул шавад. Вале, мутаассифона, намекунад».

Аз ҷониби дигар, мудири шуъбаи адабиёти муосири Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло гуфт, ки ҳоло аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳ таҳқиқи таърихи нақди адабӣ ва назму насри адабиёти муосир ҷараён дорад. Ба андешаи Б. Забеҳулло, механизме лозим аст, ки чархи нақди адабиро ба ҳаракат оварад. Фаъолияти маҳфили махсуси ноқидони ҷавон дар ИНТ метавонад дар ин раванд муассир бошад.

Устоди ДМТ, профессор Умар Сафар аз пайдо шудани тавсифу таърифҳои баъзе корбарони фазои маҷозӣ дар зери назмҳои беарзиш изҳори нигарони карда, онҳоро омили зараррасон ба нақди асили адабӣ донист. Ба назари ин адабиётшинос, донишҳои назарӣ барои нақд хеле муҳимманд ва танҳо ноқиди огоҳ аз қоидаҳои куҳану нави нақд метавонад асарро дуруст ташхис кунад.

Забоншинос ва шоир Ҳасани Султон чунин назар дорад, ки «Таҳсини ношиносу сукути суханшинос» боиси ақибрафти нақд гардидааст ва вақти он расидааст, ки ин сукути тӯлонӣ шикаста шавад.

Аз доираи таваҷҷуҳи ноқидон дур мондани осори адибоне, ки дар бораи ҳайвонот асар менависанд, нависанда Маҷид Салимро ба ташвиш овардааст. Ин адиб ҳамчунин афзуд, ки ҳоло баъзе асарҳои камарзиш ситоиш мешаванд ва асарҳои шоиста ба гӯшаи фаромӯшӣ мемонанд ва ноқидонро лозим аст, ки асарҳои асилро ба хонандагон муаррифӣ кунанд.

Адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода дар суханронияш чунин гуфт: «Сухан бехаридор аст, хонанда нест. Бар замми ин, имрӯз нақди диниву мазҳабӣ пайдо шудааст, ки пеши роҳашро бояд гирифт. Нақди адабии мо бояд миллӣ бошад, идеологияи миллиро бояд ифода кунад. Дар заминаи давлатдории миллӣ ва манфиатҳои миллӣ пеш бурдани нақди адабӣ ба манфиати кор аст».

Дар бораи китобҳои пурғалате, ки имрӯз таҳия ва чоп мешаванд, адиби ҷавон Фозил Муқимзода бо нигаронӣ суҳбат кард ва изҳор дошт, ки таҳиягарони чунин китобҳо танқидпазиранду аз пайи рафъи ислоҳи хатоҳо нестанд.

Дар поёни мизи гирд доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба таври муфассал перомуни масъалаи мавриди баррасӣ андешаронӣ карда, аз ҷумла гуфт: «Ин ки нақди адабӣ имрӯз вуҷуд надорад, гапи дуруст нест. Нақди мо баробар ба сатҳи дигар шохаҳои адабиётамон вуҷуд дорад. Чунонки асари нағз камшумор аст, нақди хуб ҳам ҳамин гуна камтар ба назар мерасад. Нақди ҷавонони мо то ҳадде фаъол шудааст. Нодида гирифтани онҳо кори дуруст нест. Касе, ки мегӯяд, ноқидони ҷавон нестанд, аз адабиёти имрӯзамон огоҳӣ надорад. Дар нақди имрӯзи мо навиштаҳои хуб ҳам ҳастанд, набояд онҳоро нодида бигирем. Аммо, албатта, дар умум нақдамон норасоиҳо дорад. Асарҳо ғолибан аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво нақд мешаванд, аммо аз ҷиҳати ҳунар камтар мавриди баррасӣ қарор мегиранд».

А. Сатторзода пешниҳод кард, ки барои ноқидонамон низ Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дода шавад, зеро нақд низ аз муҳимтарин шохаҳои адабиёт аст.

Дар охир зикр гардид, ки барои рушду боландагии бештари нақди адабӣ ва тарбияи ноқидони ҷавон заминаҳои муносибро бояд фароҳам овард.

Т. ХАЛИЛӢ, «АС»

Дигар хабарҳо