Бардошт аз ПАЁМ. Такя ба дирӯз, умед ба фардо

Таърих ба ҳар миллат дар давраҳои мураккабу тақдирсози ҳаёташ сарвароне медиҳад, ки гӯё асли тамоми хираду таҷрибаи ӯро дар худ таҷассум намудаанд. Ва эшон бо он хираду таҷрибаи азалии афзоянда халқи худро аз гирдоби азобҳои қисмат наҷот бахшида, ба роҳи эҳёву пешрафт ҳидоят мена­моянд. Барои ин сарвар аз савқи табиие бениёз гардонда мешавад, ки таърихи халқашро бо ҳама шебу фароз натанҳо хуб бидонад, балки дилсӯзона имрӯзро эҳсос бикунад ва фаросати олии дарки фардо дошта бошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон аз зумраи чунин сар­варон аст. Натанҳо бахти инсониву барори сарварӣ, балки азхудгу­заштагиву заҳмати сангин буд, ки ӯ миллату давлатро аз ҳалокати яқин раҳонду умри тоза бахшид. Дар ин ибора чӣ хавфу хатарҳо, чӣ ранҷу азобҳо, чӣ тоқату таҳаммулҳо ниҳонанд, танҳо худаш медонаду Худо. Хушбахтона, миллати ҳас­сосу хирадманд ҳам бо тамоми ҳастӣ инро ҳис мекунад ва, аз ин рӯ, беш аз сӣ сол боз ҳамғаму ҳамдам ва ҳаммароми сарвари хеш аст. Мақсаду маромҳои сарвари дав­лату миллати тоҷик пайваста дар санадҳои гуногун ифода мешавад ва яке аз муҳимтарини онҳо паёми ҳарсолаи ӯст.

Зоҳиран, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯйдодест, ки пай­васта ба вуқуъ мепайвандад ва дар ироаву истиқболаш аҷобате нест. Вале, ҷолиб он аст, ки ҳар дафъа он ба падидае табдил меёбад, ки на­танҳо сиёсат, иқтисод ва иҷтимоъ, балки ҳатман соҳаи маънавиро ҳам фаро мегирад ва натанҳо нақшаи амали сиёсиву иқтисодӣ ва иҷти­моӣ, балки дастури ҳаёти маънавии ҷомеа низ мешавад.

Мантиқан ин санади муҳим бояд аз фишангҳои ақлонӣ иборат бошад ва ба ақлу хиради вакилони халқ ва тамоми аҳли ҷомеа таъсир бирасо­над. Лекин пайваста ба фишанги қавии ҳиссӣ низ мубаддал мегар­дад ва ҳамзамон, балки бештару амиқтар, эҳсоси зебоишиносиву зебоипарастӣ ва покдиливу хушни­ятии миллатро таҳрик мебахшад.

Дар ин беш аз сӣ сол Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ҳунармандона маъмурият карда, миллатро ба ҳам овард, давлатро барпо на­муд, сарзаминро боз ба як Ватани озоду обод табдил дод, балки ба умқи таърихи халқи хеш фурӯ рафта, дурдонаҳои гаронбаҳову ифтихорангезе берун овард, ки содаву самимӣ қисмати ин мил­латро бозгӯ мекунанду ба заҳмату бунёдкориҳо ба хотири фардои дурахшон ҳидоят менамоянд. Аз ин рӯ, табииву барҷо буд, ки дар оғози Паёми имсола аз понздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангие ёд шуд, ки ба феҳристи ЮНЕСКО до­хил шудаанд. Ва тасмими Сарвари давлат дар хусуси таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ идомаи мантиқии корҳои бузургест, ки ӯ баҳри нигаҳдошти ёдгориҳои таърихӣ, барқарорсозиву эҳёи онҳо ва ба авроқи китобҳояш оварда­ни саҳнаҳои муассири таърихи халқи худ кардааст. Воҳиди нави сохторӣ ҳатман қувваю имконияти кофие хоҳад дошт, ки дар як самти муҳимми давлатдорӣ корҳои муас­сиреро амалӣ бисозад ва донишу ифтихори миллии ҳамватанонро биафзояд.

Вобастаи ин дар идомаи Паём омили рушди давлату миллат бу­дани илму маориф зикр гардид. Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли ҷо­меаро бахусус ба илмҳои дақиқ, со­зандагиҳои техникӣ ва ихтироъкорӣ ҷалб кард. «Мо ба донишмандони сухан эроде надорем, лекин бояд ихтироъкоронро тарбия кунем» – гуфт ӯ. Аз ин ҷумла ҳастии гӯянда эҳсос мешавад, ки ҳам ба сухани созандаи ҳазорсолаамон арҷ ме­гузорад ва ҳам самимона мехоҳад, ки миллаташ ҳамқадами асри тех­никаву технологияҳои нав ба нави замонавӣ бошад.

Барои ин корҳои зиёде дар пе­шанд ва қисме амалӣ ҳам шуда истодаанд. Аз ҷумла, озмуну маҳ­филу чорабиниҳои зиёде, ки на­врасону ҷавононро ба техникаву технология, аз ҷумла ихтироъкорӣ ҷалб менамоянд. Муҳим он аст, ки чунин воситаҳо зоҳириву сохтако­рона не, самимиву амиқ бошанд ва ҷавононро воқеан донишманду андешаманд ва ҷӯяндаву ёбанда тарбия бикунанд. «Фақат як коғаз надиҳем» – таъкид намуд Сарвари давлат ва ин гуфта бахусус дар муҳите, ки «сертификат»-чопкуниву «сертификат»-диҳиҳо ба авҷи аъло расидааст ва ҳар идораву идорачае «сертификат»-у «ифтихорнома»-ву «сипоснома»-и арзонбаҳои худро дораду ашхоси бо чунин аснод нозандаву қонеъ ҳам рӯ ба афзои­шанд, бояд ҳалқаи гӯшҳо ва маври­ди андешаи амиқ бошад.

Барҷост, ки боз аз ҷанбаи эҳ­сосбарангезии Паём ёдовар биша­вем. Президент гаштаву баргашта, бо эҳсоси баланд, дилсӯзонаву воқеан ҳавасмандона аз савод, илм, касбу ҳунар ёд овард. Дар ин лаҳзаҳо ӯ падари азизу ғамхореро мемонд, ки пайваста дар фикри ка­молоти фарзандони хеш аст, ҳаме­ша ғами онҳоро мехӯрад, то дар ин дунёи пурмасъалаву мушкилзо хору муҳтоҷ набошанд. «Бесаводии мил­лат бадбахтии давлат аст», – зикр шуд ва ин таъкидҳои пайвастаи Президентро ба ёд меорад, ки агар шаҳрвандон заиф бошанд, давлат қавӣ буда наметавонад ва агар халқ осудаҳол набошад, давлати сарватманд сохтан амри муҳол аст.

Ҳамин аст, ки давлати воқеан иҷтимоии мо пайваста хароҷотро барои соҳаҳои бевосита ба инсон марбут меафзояд. Чунонки дар Паём омад, Тоҷикистон аз ҷиҳати ғамхорӣ ба соҳаи маориф дар байни қариб дусад давлати дунё дар ҷои бистуякум аст. 300 ҳазор донишҷӯ дорем, лекин, тавре ки Сарвари давлат батакрор мегӯяд, гап дар дониши онҳост, на дар ди­пломашон. Аз ин рӯ, соҳаи маориф аз таҳияву таълифи барномаву китобҳои дарсӣ то раванди дилхоҳи таълим ва тарбияи кадрҳои воқеан соҳибихтисос аз ғамхории хосаи давлат бархурдор аст.

Аз касе пӯшида нест, ки яке аз мушкилаҳои тамоми кишварҳои дунё бекорист. Ҳатто баъзе абарқу­дратҳо мубталои онанд. Аз ин рӯ, барҷо дар Паём зикр шуд, ки Ҳуку­мати мамлакат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани мардум тад­бирҳои зиёде меандешанд. Лекин масъала бисёр ҷиддӣ ва амиқ аст – аҳолии мамлакат пайваста зиёд ме­шавад ва мутаносибан ҳар сол бояд сад ҳазор ҷои кор таҳия бишавад. Дар ин замина ба шаҳрвандон чил ҳазор ҷои кор пешниҳод намудани Ҳукумати пойтахт бисёр ҷолиб аст. «Ҳоло дар Роғун 15 000 нафар кор мекунанд ва сохтмон боз ба 5000 коргар ниёз дорад», – гуфт Прези­дент ва ин даъвати самимона аст ба онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнати­анд. Вобаста ба сохтмонҳои бузурги мамлакат ва муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаи тарбияи коргарони соҳи­бихтисос дар миён аст ва барқарор кардани шабакаи омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ шояд ба ҳалли он мусоидат бинамояд.

Президенти мамлакат пайваста аз саломатии миллат суҳбатҳои са­мимӣ мекунад. Паёми имсола ҳам истисно набуд. Зикр шуд, ки беш аз ҳашт фоизи буҷет сарфи соҳаи тан­дурустӣ мешавад ва фақат барои бунёди муассисаҳои нави тиббӣ 700 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Имрӯз Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои маъмули замон, аз ҷумла дилу ра­гҳо ва сил, марказҳои қавӣ дорад. Банда чун як корафтода вазъи бисёр ногувори шуъбаи саратони кӯдакони бемористони Қарияи Боло ва азоби ҷонкоҳи тифлакону мода­ронашонро дидаву медонад ва аз Вазорати тандурустӣ хоҳишманд аст, ки ба тарбияи духтурони хуби ин соҳа ва таъсиси маркази сара­тони кӯдакон мусоидат бинамояд.

Дар минбари Паёми имсола мо натанҳо Сарвари қудратманди давлат ва Пешвои дилсӯзи миллат, балки пеш аз ҳама Инсони бузурги заминиву замониеро дидем, ки ҳа­меша дар фикри давлату миллати хеш аст, ободии диёру дилшодии аҳли онро мехоҳад, парафшонии парчами мамлакат чун пайки пай­васта аз пирӯзиҳои фарзандонаш дар ҳама соҳаҳо орзуи ҳамешагиаш аст. Бо қаноатмандиву ифтихор аз заҳмати пурбаракати мардум, афзудани неъматҳои моддӣ, пасан­дозҳои аҳолӣ, зиёд шудани синни миёнаи умр мегӯяду зикр мекунад, ки «Обу ҳавое, ки мо дорем, таби­ати биҳиштосое, ки мо дорем, мар­думамон набояд аз сад сол камтар умр бубинад!»

Барои ин чӣ бояд кард? – ба ин савол ҳам дар Паём ҷавоби қотеъо­на ҳаст: бояд ҳама соҳаҳо самимона кор бикунанд, «нафси бад» (ибораи Президент) сарфи назар бишавад, шаҳрвандон бо заҳмати содиқона дар фикри беҳбудии вазъи оила ва муҳити худ бошанд, тозагии асливу маънавӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа риоя бишавад, соҳибкорӣ бе монеа рушд бинмояду пардохтҳо ба хазинаи давлат биафзоянд. Он гоҳ дастги­рии иҷтимоии мардум ҳам беҳтар ва пайваста афзудани маошу нафақа боиси беҳбуди бештари сатҳу са­вияи зиндагӣ, руҳбаландӣ ва умри пурбаракати мардум мешавад. Тавре ки имсол маошу нафақаҳо хеле муассир зиёд шуд ва ҳатман дар некуаҳволии қишрҳои гуногуни ҷомеа нақши равшан хоҳад гузошт.

Сарҷамъӣ, ваҳдат, муҳаббат ба ин обу хок, заҳмати содиқона – ҳамин буд сабақҳои инсонсозу шаҳрвандсози Паёми имсолаи Пре­зидент ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аҳли толор, тамоми мардуми ки­швар. Сабақҳое, ки барои ободии бештари диёр ва дилшодии бешта­ри аҳли он бояд аз ҷониби ҳамагон азхуд бишаванд ва мавриди корба­сти пайваста қарор бигиранд.

Низом Қосим,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо