Табрикномаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 90-солагии ИНТ
Муҳтарам Низом Қосим!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо ва кулли адибони Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо фарорасии 90-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои мавҷудияташ адибони номвареро ба камол расонд, ки офаридаҳояшон таҷассумгари андеша, ҷавҳар ва фитрати миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ғояи меҳанпарастӣ, идомаи таърихи пурғановати адабиёти ҳазорсолаи тоҷик нақши муҳим доранд.
Аҳли қалам, шоирону нависандагони тоҷик бо эҷоди осори баландмазмун, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ назму насри муосири тоҷикро ба пояи баланд бардошта, шаҳомати адабиёти навини тоҷикро, ки аз шеъри Одамушшуаро Рӯдакиву Фирдавсӣ маншаъ мегирад, ғанӣ намуданд.
Рисолати адибони тоҷик дар нигоҳ доштани арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии ин сарзамин – забони тоҷикӣ шоистаи таҳсин аст ва осори онҳо забони моро ба бунёди худ пайваст. Ин боргоҳи сухан дар бунёди кохи муҳташами назму насри муосири тоҷик рисолати бузургро ба дӯш дошта, дар ҳама даврони таърихии Тоҷикистон ба ҳайси неруи қавии зеҳнӣ дар амри густариши худшиносии милливу таърихии миллат нақши муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён кардаанд: «Мо ба неруи созандаи Шумо, зиёиёни Ватан, бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин неру такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард».
Таҷлили 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои ҳидоятномаҳои Роҳбари фарҳангсолори кишварамон сароғози роҳи тозаи эҷодии аҳли сухан гардад.
Изҳори умеду бовар менамоям, ки адибони мо дар офаридани асарҳои баландмазмун, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ пайваста талош варзида, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ мегузоранд ва барои ғановати маънавии миллату таҳкими пояҳои маънавии давлат хидмат мекунанд.
Бори дигар ин санаи фархундаи Иттифоқи нависандагони кишварро хуҷастабод гуфта, сарбаландиву некномӣ, саодати бепоён, давлати пирии бегазанд ва офияти ҳамешагӣ таманно менамоям