Сугворӣ. Фарзон Назрӣ

 Сугворӣ. Фарзон Назрӣ

Чанде пеш шоир, рўзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фарзон Назрӣ дар синни 60-солагӣ бо зиндагӣ падруд гуфт.

Марҳум бо ҳилму фурўтанӣ ва самимияти камназири худ байни ёрону дўстон маҳбубият дошт ва бо рафтани худ андўҳи гароне дар дилашон гузошт.

Фарзон Назрӣ 25 ноябри соли 1964 дар рустои Каздони ноҳияи Айнӣ дида ба олам кушод ва мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба поён расонд. Сипас дар факултаи театр, кино ва санъати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода маълумоти олӣ гирифт ва фаъолияташро аз 1986 ҳамчун омўзгор дар мактабҳои миёнаи ноҳияи Рўдакӣ оғоз кард. Муддате сармутахассиси яке аз раёсатҳои Вазорати мелиоратсия ва оби ҷумњурӣ ва ҳамзамон сармуҳаррири нашрияи «Чашмаи ҳаёт»-и ин вазорат буд.

Чанде ҳамчун муҳаррир, муҳаррири варзида, ҷонишини сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангиву фароғатии «Телевизиони пойтахт» (ҳоло «Дашанбе») кор кард ва солҳои охир дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва ба ҳайси ҷонишини директор дар нашриёти «Ирфон» фаъолият дошт.

Аз ҷавонӣ ба эҷоди шеър машғул буд ва намунаҳои ашъораш дар нашрияҳои даврӣ интишор меёфтанд.

Маҷмуаҳои ашъори «Фурўғи Фалғар», «Ҷоми Лоиқ» ва «Фар» ба қаламаш тааллуқ доранд.
Ёду номаш ҳамеша гиромӣ бод!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо