Сад соли «Одина»-и устод Айнӣ
Нахустин қиссаи даврони нави адабиёти тоҷик – “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ сад сола шуд.
“Одина” натанҳо повести аввалини нависанда аст, балки нахустин повест дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мебошад.
Ин повестро устод Айнӣ соли 1924 навишта буд ва “худи ҳамон сол чанд порчаи он бо сарлавҳаи “Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки “Одина” дар саҳифаҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” дарҷ шуда буд. Повести мазкур бори аввал ба шакли китоб соли – 1927 бо алифбои ниёгон нашр гардид”.
Асарҳои устод, хосса “Одина”, бисёр қаламкашони ҷавонро ба ҷодаи нависандагӣ ҳидоят намудааст. Яке аз шогирдони Айнӣ – Ҷалол Икромӣ, ки пас аз устод дар насри бадеӣ шабеҳи худро надорад, нигоштааст:
“…Дар солҳои нав ташкил шудан ва барқарор гардидани ҳокимияти советӣ, дар он вақтҳо, ки ҳанӯз мо ҷавон будем ва акнун ба китобхонӣ сар карда будем, ба забони тоҷикӣ китобҳои завқовари мехондагӣ набуд. Азбаски забони русиро нағз намедонистем, аз адабиёти бой ва ҷаҳоншумули он нағз фоида бурда наметавонистем, ташнаи хондан будем… Ана дар ҳамон вақт ба дасти мо устод Айнӣ аввалин повести калони худ – “Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки “Одина”-ро гузошт. Мо онро гаштаю баргашта хондем, шеърҳояшро аз бар кардем, услубашро ба ёд дошта, ба он тақлид кардем ва дар дили ҷавони пурҷӯшу хурӯши мо орзуҳои бузург ба амал омаданд. Содагӣ, равонӣ ва ҳамафаҳмии “Одина” моро мафтун карда буд ва бисёр ҷавонҳо пас аз хондани он ба роҳи адабиёт қадам гузоштанд ва аввалин ҳикояву достонҳои худро навиштаанд”.
Шогирди дигари Айнӣ, нависандаи забардаст Сотим Улуғзода, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи ӯ қадамҳои нахустини худро ба майдони адабиёт гузошт, дар романи “Субҳи ҷавонии мо”, ки дар пайравӣ ба “Ёддоштҳо”-и устодаш эҷод шудааст, бо як меҳру муҳаббати хоса нигошта буд:
“Зиндагии камбағалони тоҷик пеш аз инқилоб, зиндагоние, ки машаққатҳо ва талхиҳои он ба мо ин қадар шинос буданд: манзараҳои табиати кишварамон, ки дар қиссаи “Одина” он қадар рангину дилрабо тасвир ёфта буданд, ба мо таъсири калон мебахшиданд; ранҷу азобҳо, кулфату риёзатҳо, таронаҳо, хаёлу орзуҳои Одинаи ҷавон ӯро бо мо рафиқи мӯнису ҳамдард мегардонданд. Бисёр вақтҳо чунин манзараеро мушоҳида кардан мумкин буд, ки дар хобгоҳ пашша пар намезанад ва талабагони ҷомаҳои алочаи пахтанок дар бар, баъзе ҳатто салла бар сар, рӯи каравотҳои худ нишаста сар ба мутолиа фуруд овардаанд; онҳо “Одина”-ро мехонданд.
Дертар ин ҳикоят китобчаи алоҳида шуда аз чоп баромад. Дар рӯи муқоваи он чунин тасвире буд; чӯпони кӯҳистоние салла ба сар ва таёқи чӯпонӣ дар даст, рӯи харсанге нишастааст ва дар гирду пеши ӯ гӯсфандон мечаранд. Ман, ки дар газета фақат баъзе қисмҳои ин ҳикоятро хонда будам, ҳоло имконият доштам онро аз як сар мутолиа кунам.
Китоб аз саҳифаҳои аввалинаш маро ба худ мафтун кард. Ман он гуна суханҳои зебои хушоҳангро пеш аз он ҳеҷ нахонда ва нашунида будам. Аз варақҳои китоб гӯё мусиқии ҷозибадоре садо медод, гумон мекардам, ки дар ин ҷаҳон ҳеҷ чизи форамтару зеботар аз забони тоҷикӣ нест. Ман бисёр ҷоҳои “Одина”-ро саҳифа-саҳифа ба дафтарам кӯчонда аз ёд мекардам.”
Қиссаи “Одина” баробари нашр шудан натанҳо таваҷҷуҳи хонандагони тоҷикро ҷалб карда, дар як муддати кӯтоҳ чандин бор нашр гардид, балки ба зуддӣ қариб ба ҳамаи забонҳои халқҳои шӯравӣ тарҷума шуд.
“Аввалин нашри асарҳои устод Айнӣ, – нигошта аст адабиётшинос ва тарҷумони маъруф Ҷумъабой Азизқулов, – дар байни хонандагони рус аз соли 1929 сар шудааст. Ин тарҷумаи повести “Одина” буд, ки ба қалами П.П.Веденский анҷом ёфта, баъди ду соли нашри тоҷикӣ дар Тошканд ба табъ расидааст. Баъд аз ин, дигар асарҳои устод низ ба забони русӣ табъ шудан гирифтанд. Чунончи, “Дохунда” (1934), “Мактаби куҳна” (1935), “Марги судхӯр” (1941), “Ғуломон” (1950), “Ятим” (1959), “Ёддоштҳо”, қисмҳои 1-2 (1949), қисмҳои 3-4 (1957) бори аввал нашр шудаанд.
Асарҳои устод Айнӣ ба забони русӣ 72 маротиба (то соли 1962) дар тарҷумаи мутарҷимони гуногун бо тиражҳои зиёде нашр шудаанд.Миқдори умумии нашри асарҳои С.Айнӣ ба забони русӣ бештар аз 1.700.000 нусхаро ташкил медиҳад”.
Тавре ки маълум аст, осори ҳамаи адибони мо, минҷумла асарҳои устод Айнӣ низ нахуст аз тоҷикӣ ба русӣ, сипас аз забони русӣ ба дигар забонҳои халқҳои шуравӣ тарҷума мешуданд. Вале украинҳо повести “Одина”-ро на аз забони русӣ, балки бевосита аз забони тоҷикӣ ба украинӣ тарҷума кардаанд. Тарҷумон Е.Ребрик, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ балад буд, повести “Одина”-ро соли 1931 ва романи “Дохунда”-ро соли 1934 аз забони тоҷикӣ ба украинӣ тарҷума кардаааст. Дар ин хусус профессор А.З. Дун нигошта буд:
“Дар пропагандаи асарҳои Айнӣ дар Украина роли Евгений Филиппович Ребрик (1888-1950) хеле бузург аст. Ӯ соли 1914 дар Москва Институти забонҳои Шарқи ба номи Лазаревскийро хатм карда, дар идораи баҳисобгирӣ-қарздиҳӣ, пас аз он дар банки форсу советии Теҳрон кор мекунад. Соли 1927 Ребрик ба Ватан баргашт. Ӯ дар Мариупол мезист. Аз соли 1930 то соли 1932 ӯ дар техникуми шарқшиносии Харков муаллимӣ мекунад. Ана дар ҳамин вақт ӯ повести “Одина” ва романи “Дохунда”-и Айниро ба забони украинӣ тарҷума карда буд. Ҳангоми тарҷумаи ин асарҳо ӯ бо нависанда мукотиба дошт. Моҳи марти соли 1932 ӯ ба Айнӣ чунин муроҷиат кард: “Хоҳиш мекунам, агар мумкин бошад, тарҷумаи ҳолатонро ба ман фиристонед ва иҷозат бидиҳед, ки онро дар сарсухани тарҷума истифода кунам”.
Далели муносибати дӯстонаи нависандаи тоҷик бо тарҷумони украинии ӯ як нусхаи анталогияи машҳури “Намунаҳои адабиёти тоҷик” мебошад, ки Айнӣ онро ба тарҷумон туҳфа карда, самимона чунин навиштааст: “Ба рафиқи бисёр муҳтарам ва донишманди барҷаста Ребрик аз тартибдиҳандаи ин маҷмуа”.
Повести “Одина” соли 1931 дар тарҷумаи Ребрик ба табъ расид. Сарсухане, ки худи Ребрик ба он навишта буд, шавқовар ва пурмазмун аст…
Романи С. Айнӣ “Дохунда”, гарчанде соли 1934 аз чоп баромад, тарҷумааш аз тарафи Ребрик хеле барвақт, чи тавре ки аз санаи охири сарсухан дида мешавад, ҳанӯз октябри соли 1932 сурат гирифта буд. Ребрик, ки забони тоҷикиро медонист, баъдтар ба муҳит ва воқеияте, ки Айнӣ тасвир карда буд, шинос шуда, кӯшиш кардааст, ки мазмуни романро ҳатталимкон равшантар ба хонандаи украинӣ тафсил диҳад. Ребрик як қатор калима ва ифодаҳоеро ки ба роман колорити миллӣ медиҳанд, тарҷума накарда, дар луғати хурди охири китоб шарҳ медиҳад.
Ба романии “Дохунда” Ребрик сарсухани калоне навиштааст. Мавсуф романи “Дохунда”-ро барои тасвири муътамади таърихӣ ва реалистии воқеият баҳои баланд додааст. Ба фикри Ребрик, тасвири эпизодҳое, ки ба зиндони амирӣ вобастаанд, хеле хуб баромадаанд…
Асарҳои Айнӣ, ки Ребрик тарҷума кардааст, ба хонандагони украин хуш омадаанд. Чунончи, А. П. Ковалевский ёдоварӣ мекунад, ки онҳо “дар бисёр дӯконҳои шаҳр дар як чанд рӯз фурӯхта шудаанд”.
Қобили зикр аст, ки ба осори мондагори алломаи тоҷик, хоса қиссаи “Одина” ҳамзабонони мо – эрониён низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар ин хусус олими маъруф Д.С. Комиссаров андар мақолаи “Дар бораи таваҷҷуҳи эрониён ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ”, адиби донишманди тоҷик зиндаёд Мирзо Шукурзода дар нигоштаи “Шинохт ва мақоми аллома Садриддин Айнӣ дар Эрон” ва муҳаққиқони дигар муфассал навиштаанд. Аз ин хотир пиромуни мавзуи мазкур суханро ба дарозо накашида, бо овардани мактуби эронидухтар Шукӯҳи Ховариён ба маҷаллаи “Роҳбари дониш” (соли 1928, №8-9), ки дар орзуи хондани “Одина”-и устод Айнӣ буд, иктифо мекунем. Шукӯҳи Ховариён нигоштааст:
“Дар шумораи 4-уми маҷаллаи “Раҳбари дониш” зери унвони “Якумин қиссаи инқилобии тоҷик” – “Одина” – асари С.Айнӣ як риштаи навиштаҳое хондам, ки эҳсосоти маро муҳаррик шуд, ки ин муросиларо ба шумоҳо, ки ношири афкори озоду инқилобии форсизабонон ҳастед, бинависам. Ман ҳанӯз ин китоби муқаддасеро, ки намуна аз нолаҳо ва фарёдҳои бадбахтону гирифторони Шарқ аст, надидаам. Эрони мо ҳанӯз он қадар қобил нашуда, ки битавонад ин қисм китобҳоро интишор диҳад! Ва ман афсӯс мехӯрам, ки ҳанӯз ин китобро дар Эрон надидаам, аз он навиштаи шумо маълум аст, ки фусуле роҷеъ ба асорат ва бадбахтии занони Шарқ дар бар дорад, вале афсӯс ва ҳазор афсӯс, ки дар занони соири мамолик таъсир нахоҳад дошт! Зеро ин китобро, ки профессорҳо ва шарқшиносони шуроии инқилобӣ якумин қиссаи инқилобии тоҷик шинохтаанд, ба дасти мо, занони Эрон, нахоҳад афтод ва солҳои сол аз истифодаи ин афкори равшан, ки боиси бедорию озодии мо хоҳад буд, маҳрум хоҳем шуд. Ин китоб, ки шумо тақриз ва интиқод бар он навишта будед ва ман хондам, возеҳ аст, ки яке аз муассиртарин китобҳо барои меҳнаткашони Шарқ, хусусан занони ситамдида мебошад. Ман яке аз заноне ҳастам, ки дар гӯшаи Теҳрон пайваста дар интизори он нишастаам, ки маҷаллаи шумо расида ва бихонам, зеро хеле аз орзуҳои мо дар он мундариҷ аст, ки матбуоти мамлакати мо холӣ аз он аст!! Ин шумораи охир як муждаи руҳбахш ва як навиди рӯз беҳтаре барои мо, занони Шарқ, дар бар дошт. Барои ман ба даст овардани ин китоб дар Эрон хеле душвор аст, ночор аз шумо, оре, шумо, ки барои бедории афкори заҳматкашони Шарқ ҷиддият ва фидокорӣ мекунед, интизор дорам, ки як нусхаи он ҷиҳати ман ба Эрон ирсол доред, зеро ман ҳам хоҳари заҳматкаши шумо ҳастам ва бо умедвории аз ҳад берун дар интизори расидани ин китоб чашм ба роҳи Тоҷикистони озоду инқилобӣ мебошам ва орзу дорам, ки ҳар чи зудтар муваффақ ба дарёфти он гардам.
Ин мактуби пур аз меҳр, муҳаббат, садоқат, эътиқод ва пур аз сӯзу гудозро хоҳари азизи мову шумо Шукӯҳи Ховариёнро 98 сол муқаддам пас аз мутолиаи тақризи донишманди маъруфи мо зиндаёд Раҳим Ҳошим ба китоби “Одина”-и устод Айнӣ, ки соли 1928 дар маҷаллаи “Раҳбари дониш” чоп шудааст, ба ин нашрия мефиристад ва хоҳиш мекунад, ки “як нусхаи он ҷиҳати ман ба Эрон ирсол доред, зеро ман ҳам хоҳари заҳматкаши шумо ҳастам”.
Вале барои мо рӯшан нест, ки Шукӯҳи Ховариён “яке аз муассиртарин китобҳо барои меҳнаткашони Шарқ”-ро, яъне китоби “Одина”-ро дастрас кард ё не?
Хулласи калом, нахустин қиссаи даврони нави адабиёти тоҷик – “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ, тавре адабиётшиноси маъруф Аламхон Кӯчаров зикр кардааст, “чун яке аз аввалин ва беҳтарин намунаҳои насрии адабиёти муосири тоҷик дорои аҳаммияти барҷастаи эстетикию бадеӣ мебошад ва чун ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ хонандаи имрӯзаро ба зиндагии тоҷикони ибтидои қарни ХХ ошно месозад. Ва бо ҳамин мардуми Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки ба таърихи ғановатманди фарҳангу миллати худ бо дидаи ибрат нигариста, зарурати ваҳдату якпорчагии миллиро дар шароити ҳозира ҳарчи беҳтару амиқтар дарк намояд”.
Чун мавриди мувофиқ аст, бояд тазаккур дод, ки ба таълифи дигар қиссаи дилангези аллома Айнӣ – “Мактаби куҳна”, ки то ба имрӯз куҳна нашудааст, 90 сол пур шуд. Асари мазкур охири соли 1934 таълиф шуда, соли 1935 ба шакли китоб ба табъ расидааст.
“Мактаби куҳна” ба забонҳои русӣ, чинӣ, лаҳистонӣ, руминӣ, чехӣ, қазоқӣ, арманӣ, литвонӣ, озарбойҷонӣ, украинӣ, эстонӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ, уйғурӣ ва ғайра тарҷума шудааст.
Карим МӮСО