Рӯнамоии «Дафтари Порис»

 Рӯнамоии «Дафтари Порис»

факултети забонҳои Осиё ва Аврупо рўнамоии тарҷумаи шеърҳои «Дафтари Порис»-и Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ба забони фаронсавӣ баргузор гардид.

Тарҷумаи шеърҳоро дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Тўйчибой Ҷумъаев бо забони фаронсавӣ анҷом додааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Доро Наҷот ва академик Кароматулло Олимзода дар бораи шеър ва шахсияти Қутбӣ Киром суханронӣ намуданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷўёни факултаи мазкур тарҷумаи шеърҳои «Дафтари Порис» қироат карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Тўйчибой Ҷумъаев дар тарҷумаи осори адибону нависандагон саҳми бориз дорад. Номбурда беш аз 25 асари адибони гуногуни фаронсавиро ба забони тоҷикӣ ва осори адибони тоҷикро ба забони фаронсавӣ тарҷума намудааст.

Дигар хабарҳо