РОЗҲОИ ЛОЛАИ ХУДРУСТА. Ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ
Агар шеърро ба ҳайси розномаи инсони соҳибқалам тавассути калимоти мавзун шинохта бошем, ашъори Зулфия, ба қавли худаш, мисоли розҳои лолаи худруста аст, ки замоне дар деҳаи сабзманзари Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ лаб ба сухан боз карда ва имрӯз дар вусъатободи сухан қудрати табъ меозмояд:
Лолаи худруста ҳастам, пой дар гил мондаам,
Лолаи худрустаро имдод кун, мавлои ман.
Аз нахустин маҷмуа «Ҷиҳоз» (1977) то китобҳои ашъори «Дидор» (1986), «Духтари дарё» (1986), «Меваи сабр» (1988), «Ишқи як зан» (1992), «Ситораи Муштарӣ» (1998), «Зан агар ошиқ шавад» (2001) Зулфия шебу фарози шеърро бо тамоми ранҷу риёзати шоққа паймуда, раҳоварди сафари маънавии хешро дар ду муҷаллад зери унвони «Зулфи парешон» (Душанбе, 2002) барои хонандагон пешкаш кардааст. Он ҷиҳозе, ки дар даврони тозаҷавонӣ шоира аз нахустин дастовардҳои тафаккури худ мураттаб намуда буд, дар ин кутуб бо анвои нав ғанитар гаштааст.
Муҳимтарин вижагие, ки ашъори Зулфияро аз навиштаҳои ҳамқаламон мутамоиз менамояд, таваҷҷуҳи махсус ба масоили марбут ба зан, ҷаҳони розу ниёзҳои ӯ, олами маънавӣ, садрангии эҳсос ва идроки ӯст. Натиҷаи ковишҳои бадеии шоира дар ин самт образҳои тозаи хоси килку тафаккури бонувонро ба бор овард ва бад-ин васила як силсила тимсолҳои нави ифодагари ҷаҳони андешаҳои нисвон дар шеъри замон ҷой ёфтанд.
Замоне дар ашъори ошиқона новобаста ба он ки муаллиф ва мухотиби шеър зан аст ё мард, сухан аз рӯи чун моҳу лаъли ёқут, қомати сарву мӯи мушкин ва амсоли ин мерафт, ки намунаи чунин шеърҳоро дар чакидаҳои Робиаву Маҳастӣ, Меҳрию Тоҳира, Зебуннисову Оиша ва дигарон зиёд дидаем. Дар миёнаҳои қарни ХХ бо ибтикори Фурӯғи Фаррухзод ифшои розҳои ботинии зан неру гирифт, ҳарчанд ки ин сухангустари навовар, ба қавли худаш, ҳаргиз ба ҷинсият зиёд наандешидааст ва ҳар чи перомуни масоили мазкур аз қалами ӯ падид омадааст, табиӣ ва нохудогоҳона аст. Занони суханвари дигар, ки аз ин ибтикор истиқбол намуданд, ҳар кадом ба қадри гирифтории хеш ин мавзуъро матраҳ намуданд, то пушти сари шеърҳо сурати худашонро бо тасаввуре аз ҳаёти ҳамҷинсон ва нозу розу сӯзу гудози эшон ба силки назм кашанд.
Зулфия Атоӣ дар ин радиф аз пешоҳангон аст, зеро ҳам ба ҳайси як духтари рустоизодае, ки шоҳиди ранҷу заҳмати беҳудуди занони деҳот будааст, ҳам ба сифати як фарди соҳибқалам ва ҳам чун сардабири маҷаллаҳои бонувон «Фирӯза» ва «Гуфтугӯ», ки рисолати хешро дар инъикоси ростини ҳаёти занони ҷумҳурӣ, фаъолият, сатҳи зиндагӣ, дифои ҳуқуқҳои эшон, оилаву оиладорӣ, тарбияи атфол, масоили гендерӣ дарёфтааст ва дарунмояи ашъори худро аз ин матолиб фароҳам овардааст.
Дар яке аз суҳбатҳояш барои рӯзномаи «Садои мардум» (8 октябри соли 1994) Зулфия роҷеъ ба ин мавзуъ гуфтааст:
«Аз шиносоӣ бо таърихи ашъори занон ва умуман ҳаёти зани тоҷик дарк намудам, ки олами зан як олами пур аз розу афсуну муаммоҳо бо ҳама печидагиҳояш ниҳон аз назарҳо монда. Олами зани тоҷик як ҷазираи асрорангез ва ё ситораи дастнорасеро монад, ки интизори кашшоф аст. Дунёи зан бинои чилҳуҷраеро монад, ки танҳо ду-се ҳуҷраи он боз шудаасту бас. Ку калиди ҳуҷраҳои дигар? Ба он мекӯшам, ки шеърҳоям таҷассумгари дунёи зан гарданд. Ҳар қадар занро амиқтар омӯхтам, мураккабии олами ӯро бештар дарк кардам».
Дар пайи ҳамин ҳадаф шоира хеле талош варзида, як силсила муҳокоти бадеӣ офаридааст, ки ифшогари олами маънавии қаҳрамони ғиноӣ гаштаанд. Ӯ хешро гоҳ Шаҳрзоди қиссагӯ меномаду гоҳ хонарӯби дегшӯ, гоҳ розҷӯву нозукадо, гоҳ девонатабъу бесадо, гоҳе шаҳи афсонаву канизи хона, гоҳе мушки Хутану гоҳе атри арзон, гоҳе лолаи саҳрову гоҳе лайлотар аз Лайло, гоҳе сарви пойбаставу гоҳе лолаи худруста, гоҳ зулфи парешону гоҳ мурғи ғазалхон, гоҳ тори беовозу гоҳ достонзани девона. Мухотаби шоира дар кулли ашъори ишқӣ ва бархе аз ашъори иҷтимоии ӯ ҷинси мухолиф аст. Дар сифоти ин ҷинс Зулфия беҳтарин тавсифҳоро ба мисли «шаҳсувор», «мавло», «мард», «шоҳ», «султон», «оташ», «тӯфон», «балоафшон», «балогардон», «шаҳбози болафшон», «сафири мулки сангистон» ба кор бурдааст. Аммо самимият ва тағайюри ҳолот, табодули авзои равонии нигорандаро метавон аз тобишҳои маънавии вожаву таркибҳои мавриди истифодаи ӯ пайдо кард. Чунончи, дар баъзе маворид шоира мухотаби худро дар арш менишонад ва дар мавориди дигар аз бевафоию хиёнат, лофу газоф, суханбозию туҳматсозиҳои он сухан мегӯяд.
Дарунмояи ашъори ба занҳо бахшидаи Зулфия аз мавзуъҳои зерин фароҳам омадаанд: модарнома; ҳаёти вазнини зан ва сабру тоқати ӯ; нобаробарии гендерӣ; олами ботинӣ ва зоҳирии зан; ашъори тарҷумаиҳолӣ; ишқияҳо.
Дар бархе аз шеърҳои ҳасратомезу дардолуди шоира тавассути кинояву таъриз ва тазоду муқобала тасвирҳои ҷолибе рӯи кор омадаанд. Чунончи, дар шеъри «Ман зан астам ё самандам?» шоира таркибҳои обшустаи «зани хушбахти айём», «мардона кор кардан», «бешикасту ҷавон мондан», «оҳанину пуртавон будан», «ба сӯи фардои пур аз нур шитофтан»-ро махсус барои истеҳзо мавриди истифода қарор додааст, то ки ҳаёти воқеии занро ба қалам орад:
Дар ду дастам бори вазнин,
Хастаҷон аз кори вазнин,
Меравам мардона аз раҳ,
Дар сарам афкори вазнин.
Замоне аз пириву маризӣ ва нотавонии зани шуравӣ ҳарф задан аз мавзуоти мамнуъ маҳсуб мешуд. Шояд устод Лоиқ аввалин шоире буд, ки ҳанӯз дар давраи шуравӣ ба ин қолаб рахна зад ва аз заҳмату ранҷи бешумори зани тоҷик дар заминҳои пахтазору тамокузор сухан ба миён овард. Баъдан мавзуи мазкур дар ашъори шуарои муосир хеле истиқбол ёфт ва дар ин радиф сурудаҳои Зулфия ҷойгоҳи шоистае пайдо карданд. Зиндагии зоҳирфиреби зани тоҷикро шоира дар шеъри «Зане дар рӯзгорон» бо камоли воқеъбинӣ ва борикназарӣ ба тасвир овардааст:
Боз аз бахти баланди хеш
Ҳар куҷо афсона мегӯям.
Бар дурӯғам мекунам бовар,
Гӯиё яктою хушрӯям.
Дар як силсила шеърҳои худ шоира аз сабру тоқати беҳудуди зани тоҷик ҳарф задааст. Ӯ бо ҳасрату надомат меандешад, ки занро ба мисли худои Ҳинд шаш даст боястӣ, то ҳамаи корҳои хешро дар вақт ба сомон оварад. Аз нигоҳи шоира субҳгоҳон дар назди оина худро ороиш додани занҳо маънии дигар мегирад. Занон, ба қавли ӯ, ба мисли рассоме ҳастанд, ки ҳар саҳар тарҳи чеҳраи худро ба тарзи нав мекашанд, то ҳузну андуҳ ва хастагии рӯзгорро тавассути холу хат барҳам бизананд.
Нобаробарӣ дар ишқ ва имтиёзоти ҷинсҳо шоирро ба шӯр овардааст:
Мард агар ошиқ шавад,
аз ишқ гирад обрӯ,
Зан агар ошиқ шавад,
дар айб меафтад фурӯ.
Мард агар ошиқ шавад,
дунё ҳама гардад биҳишт,
Зан агар ошиқ шавад,
тобад чу деви бадсиришт…
Ин маъниро ӯ дар шеъри «Зане бархоста» низ ба шеваи дигар ба таҳқиқ мегирад. Зане, ки даъвои пайғамбарӣ дорад, аз даргоҳи эзид посухе намегирад ва ба хулосае мерасад, ки:
Ҳама пайғамбарон
парвардаи домони ту буданд,
Бо хоки пои зан-модар
кунад таъзим пайғамбар!
Шеърҳои «Баҳори духтарон», «Сиришки зан», «Суруди духтар», «Хоҳарон», «Мо фаришта нестем», «Хитоби Гулъузор», «Духтари тоҷик», «Бахти духтар», «Вафои зан», «Чашми модар», «Дарё ва зан», «Ту духтари меҳнат», «Ту бузургӣ, модарам», «Ишқи занона», «Биҳишти мард, дӯзахи зан», «Чист зебоӣ?», «Зане дар рӯзгорон», «Аз ҷинси худ» ва ғайра баёнгари зиндагии занон аст:
Сарфарозам ҳар куҷо аз ҷинси худ,
Дар замину дар само аз ҷинси худ…
Боз илҳомам агар бахшад мадад,
Боз гӯям шеърҳо аз ҷинси худ.
Ба гурӯҳи шеърҳое, ки дар иртибот ба ҷинси зан ба қалам омадаанд, метавон ашъореро низ ворид кард, ки хусусияти тарҷумаиҳолӣ доранд. Шеърҳо дар бораи модару бибӣ, падару шавҳар, фарзандон, сӯгномаҳо бар марги Парвин – духтари шоира ва ишқияҳои муаллиф ҷаҳони орзуву омол, розу ниёз ва дарду аламҳои ӯро хеле самимона боз мекунанд. Шеъри «Гаҳвораи холӣ» намунаи волои ифшои ҳасрати модари мотамзада аст, ки дасти тақдир фарзандашро рабуда:
Гулхандаат дар ёд монд,
Дил пурғаму ношод монд.
Рафтӣ ту бар коми лаҳад.
Дар коми ман фарёд монд.
Парвини ман, Парвини ман,
Эй духтари ширини ман.
Дар ин марсия баҳри раҷаз бо такрори рукни «мустафъилун» оҳанги навҳаи модари зорро хеле муассир ба садо оварда, дар гӯшҳои ҷони мо тори ғам менавозад.
Зулфия Атоӣ дар силки шуароест, ки зиндагонии шахсии худро бо ҳаёти ҷомеа пайваста, ба ҳайси як фарди худогоҳи соҳибқалам пиромуни масоили иҷтимоиву сиёсӣ, худогоҳии милливу хештаншиносӣ андеша меронад. Шеърҳои «Дар оромгоҳи аллома Иқбол», «Чакомаи бедорӣ», «Халқи ман, бедор шав», «Шароби маънавӣ», «Оли Сомон, оли тоҷик», «Ману дарди Тоҷикистон», «Гилае аз Ҳофиз» ва ғайра ҳосили тафаккури шоираро дар сари мабоҳиси фавқуззикр дар қолаби авзони аруз ва шеъри нав пешкаш кардаанд. Дар ин радиф аз шеъри нави «Дар оромгоҳи аллома Иқбол» махсусан месазад ёд орем, зеро дар он шоира муваффақ шудааст, ки аз забони Донои Роз ба кулли суолҳои дардангези худ посух бигӯяд.
Муҳоҷирати мардони Ватан, ҷанги шаҳрвандӣ, шаҳидони бешумори ин ҷанги нанговар, аҳволи модарони гиребончоку ҷигархун, тифлакони гурусна, нашъамандӣ аз масоилест, ки ҳар лаҳза ба дили шоир фишор меорад. Агар дар бархе аз шеърҳо эҳсоси яъсу ноумедӣ тарҷеҳ дошта бошад, дар бархеи дигар даъват аз ҳамзамонон, орзуву омоли нигоранда ифода ёфтаанд. Лобалои ашъори ин китоб саршор аз оҳанги даъват ба омоли нек ва тарғиби арзишҳои асили инсонӣ аст:
Кош аз ин пас меҳр арзонтар шавад,
Қарни ишқу меҳрубонӣ сар шавад.
Мусаллам аст, ки ҳар фарди суханвар, хоса дар кишваре, ки мардумаш қаблан таъми беҳтарин ва волотарин суханро чашидаанд, бо изтироб аз мақоми ҳунарии худ меандешад ва барои ашъори худ мехоҳад ҷойгоҳе дошта бошад. Бад-ин ваҷҳ аст, ки дар навиштаҳои кулли шоирон андеша роҷеъ ба шеър ва мақоми шоир, дарки рисолати ӯ ва маърифати ин падидаи беназири олами руҳонӣ ногузир роҳ меёбад. Дар китоби Зулфия Атоӣ низ шеърҳои «Шоир», «Ҳафтранг», «Мурғи оташхор», «Гаҳвораи шеър», «Шеъри нав», «Бӯи дил», «Шеъри ногуфта», «Фарзанди шоира», «Гуфтугӯ бо парии илҳом», «Нони шоир» ва «Сухан андар гулӯ дармонд» ва ғайра метавонанд далели равшани матлаби арзёфта бошанд. Дар ин силсилаи шеърҳо нигоранда аз рисолати фарди соҳибсухану эъҷозофарин, ки иқтидори шустани занги ақлу дилро дорад, ёд мекунад.
Ба фикри ӯ:
Мисли оби поксози рӯди Ганг
Шеъри воло пок созад ҷону тан.
Мезудояд занги ақлу занги дил,
Хокиёнро мебарад боло сухан.
Зулфия муътақид аст, ки танҳо шоири бедордилу навҷӯ метавонад ба зиндагии хеш муҳри бақо занад. Нозимони тақлидгарро ӯ «тӯтишоирон» меномад ва аз он, ки шоири соҳибсухан беэътибор шудаву даври шоирҳои беашъор фаро расидааст, дар дил ҳасрат дорад.
Ба андешаи ӯ:
Гуҳар бояд зи ҳармуҳра ҷудо бошад,
Ҳунарманде набояд мубтало бошад.
Дар ҷилди дуюми маҷмуаи «Зулфи парешон» қиссаву ҳикояҳо, таронаҳо, ёднома ва хотироти сафари муаллиф гирд омадаанд. Дар ин ҷилд маҳорати нигоранда дар иншои осори мансури бадеӣ, имконоти вуруди ӯ ба ниҳонхонаи дили персонажҳо, тасвирҳои нозуки психологӣ ба зуҳур омадааст.
Сафарномаву ёддоштҳои муаллиф шахсияти ӯро чун як бонуи ҷаҳондидаву таҷрибаандӯхта муаррифӣ мекунанд. Қисмати зиёди ин ҷилд боз ҳам фарогири масоили иҷтимоиву ҳуқуқии занон, тақдиру сарнавишти бонувони тоҷик, проблемаҳои баҳсталаби замон дар иртибот бо ин ҷинс, рӯзгори занони соҳибфазлу ҳунарманд аст, ки садоқати нигорандаро ба мавзуи асосии эҷодиёташ дигарбора собит менамояд.
Чунин садоқат ба сухан, талош баҳри ҳарфу ҳиҷои нав ва тасовири тоза, набарди лафзӣ дар дифои ҳамҷинсон, бешак, сазовори қадршиносист.
Матлубаи Мирзоюнус